ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАОРИФ»

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАОРИФ»

05 март 2024, Сешанбе
155
0


Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 7, мод. 532; с. 2014, № 3, мод. 156, № 7, қ. 2, мод. 422; с. 2016, № 3, мод. 148, № 7, мод. 624; с. 2017, № 7-9, мод. 581; с. 2018, № 5, мод.278; с. 2020, № 12, мод. 912; с. 2021, № 12, қ. 2, мод. 706; с. 2022, № 7, мод. 447; с. 2023, №  11, мод. 468; қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли  2024, № 2035 ва № 2036) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 2 моддаи 6 калимаҳои «ҳатмии умумии асосии» ба калимаҳои «миёнаи умумии» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 16:
- қисми 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«7. Баъд аз гирифтани таълими умумии асосӣ шаҳрвандон уҳдадоранд таълими миёнаи умумиро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ё мувофиқи хоҳишу қобилияташон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ гиранд.»;
- қисми 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«10. Ба муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ омадани хонандагон бо воситаҳои нақлиёти механикӣ манъ аст.»;
- қисмҳои 11-13 хориҷ карда шуда, қисмҳои 14-20 қисмҳои 11-17 ҳисобида шаванд.
3. Дар қисми 6 моддаи 17 калимаи «надоранд» ба калимаи «доранд» иваз карда шавад.
4. Дар қисми 3 моддаи 18 калимаҳои «метавонанд таҳсилоти миёнаи умумӣ гиранд» ба калимаҳои «таҳсилоти миёнаи умумӣ мегиранд» иваз карда шаванд.
5. Дар сархати дуюми моддаи 36 ва қисми 9 моддаи 44 калимаҳои «умумии асосӣ» ба калимаҳои «миёнаи умумӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. Муқаррароти сархати якуми қисми 2 моддаи 1 Қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандоне, ки то мавриди амал қарор додани он таҳсили умумии асосиро гирифтаанд, татбиқ намегардад.

Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 1 марти соли 2024, № 2044

Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» қабул карда шавад.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси 
намояндагони Маҷлиси Олии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. ВАТАНЗОДА
ш. Душанбе, 20 феврали соли 2024, № 1232

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси 
миллии Маҷлиси Олии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон          Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 28 феврали соли 2024, № 472

Санаи нашр: 05.03.2024 №: 45
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив