ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Ҳисор озод намудани Қосим Роҳбар

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Ҳисор озод намудани Қосим Роҳбар

16 апрел 2024, Сешанбе
80
0


Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Қосим Роҳбар аз вазифаи раиси шаҳри Ҳисор озод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 15 апрели соли 2024, № 805


ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури
шаҳри Душанбе озод намудани Билол И.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Билол Иброҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе озод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 15 апрели соли 2024, № 806


ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури
шаҳри Душанбе таъин намудани Олимзода С. М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Олимзода Сафар Маҳмадшо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 15 апрели соли 2024, № 807


ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор
таъин намудани Носирзода Ҷаббор
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Носирзода Ҷаббор иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 15 апрели соли 2024, № 808

Санаи нашр: 16.04.2024 №: 70
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив