ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз  31 июли соли 2024, № 442, ш. Душанбе Дар бораи ворид намудани тағйиру илова  ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 2 ноябри соли 2007, № 544

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз  31 июли соли 2024, № 442, ш. Душанбе Дар бораи ворид намудани тағйиру илова  ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 2 ноябри соли 2007, № 544

09 август 2024, Ҷумъа
80
0


Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Дар зербандҳои а), б) ва д) банди 7 Қоидаҳои интиқоли молҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби имтиёзнок ва соддагардонидашуда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 544 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои интиқоли молҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби имтиёзнок ва соддагардонидашуда» тасдиқ шудааст, пас аз калимаҳои «ба истиснои воситаҳои» калимаҳои «нақлиёт ва воситаҳои мобилии алоқаи барқии» илова карда, калимаи «нақлиёти» хориҷ карда шавад.

Раиси  Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ РАҲМОН

Санаи нашр: 09.08.2024 №: 152
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив