ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

19 август 2024, Душанбе
31
0
Дар бораи аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб
озод намудани Шарифӣ Б. М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Шарифӣ Баҳодур Маҳмудзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб ва ҳамзамон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Баҳрайн озод карда шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 августи соли 2024, № 849
 
 
 
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия озод намудани Гулов А. Ш.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Гулов Ашрафҷон Шералиевич бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия озод карда шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 августи соли 2024, № 850
 
 
 
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Сафарализода Р. Д.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сафарализода Раҳмоналӣ Давлат аз вазифаи фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 августи соли 2024, № 851
 
 
 
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи сафири фавқулода ва мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб
таъин намудани Гулов А. Ш.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Гулов Ашрафҷон Шералиевич сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб таъин карда шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 августи соли 2024, № 852
 
 
 
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Сафарзода Ҷ. С.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сафарзода Ҷамшед Сафар фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 августи соли 2024, № 853
Санаи нашр: 19.08.2024 №: 158
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив