ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

02 сентябр 2024, Душанбе
28
0
1. Ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» дар соли 2024 баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
3. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия, маориф ва илм, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2024 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории Озмуни мазкур 195 000 (яксаду наваду панҷ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
5. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод намояд.
6. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 31 августи соли 2024, № АП-632 
 
 
 
ТАВЗЕҲОТ 
ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми августи соли 2024, №АП-632
 
Ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024, таҳти сарпарастии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» дар соли 2024 баргузор мешавад.
Озмун бо мақсади муайян намудани беҳтарин осори илмӣ ва илмию оммавӣ ва бо ин васила, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, тақвияти касбияти муҳаққиқон ва олимон дар соҳаи ҳуқуқ ва рушди илми ҳуқуқи ватанӣ равона гардидааст.
Озмун дар се номинатсия баргузор мегардад:
– беҳтарин китоби илмӣ;
– беҳтарин мақолаи илмӣ;
– беҳтарин мақолаи илмию оммавӣ.
Барои ҳар як номинатсия ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм муайян шудааст. Озмун дар як давр баргузор мегардад.
Довталабоне, ки дорои осори илмӣ ва илмию оммавӣ мебошанд, метавонанд маводи худро ба комиссияи Озмун то 1-уми ноябри соли равон пешниҳод намоянд.
Маводи пешниҳодгардидаи иштирокдорон бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:
- мазмун ва моҳияти китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ аз нигоҳи илмӣ ва таҳлилӣ мукаммал бошад;
- китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат намояд, инчунин, фарогири масоили вобаста ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;
- барои такмил ва рушди илми ҳуқуқ ва низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд;
- ба татбиқи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда бошад.
Барои ғолибони Озмун ҷоизаҳои зерин муқаррар шудааст:
 
Барои ғолибон дар номинатсияи беҳтарин китоби илмӣ:
- ҷойи якум – 30 000 сомонӣ;
- ҷойи дуюм – 20 000 сомонӣ;
- ҷойи сеюм – 15 000 сомонӣ.
 
Барои ғолибон дар номинатсияи беҳтарин мақолаи илмӣ:
- ҷойи якум – 30 000 сомонӣ;
- ҷойи дуюм – 20 000 сомонӣ;
- ҷойи сеюм – 15 000 сомонӣ.
 
Барои ғолибон дар номинатсияи беҳтарин мақолаи илмию оммавӣ:
- ҷойи якум – 30 000 сомонӣ;
- ҷойи дуюм – 20 000 сомонӣ;
- ҷойи сеюм – 15 000 сомонӣ.
Санаи нашр: 02.09.2024 №: 168
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив