АЛЕКСАНДР СЕМЁНОВ ДӮСТИ МЕҲРУБОНИ ТОҶИКОН
Давоми таърихи чандинҳазорсолаи худ, ориёитаборҳо мероси басо бузурги моддӣ ва маънавиро офаридаанд, ки осори онҳо бахши азими Ховари Миёнаро фаро гирифтаанд. Гарчи туфонҳои сершумору маргбори садаҳои гузашта, бештарин офаридаҳои дасту хиради ориёнро ба коми худ кашиданд, аммо он чи монда, хеле бузургу беназиранд. Ҳоло дар садҳо бойгониҳо, китобхонаҳо, осорхонаҳои даҳҳо кишварҳо намунаҳои гуногуни офаридаҳои аҷдодони ориён маҳфузанд ва мояи ифтихори ворисон мебошанд.
Баҳри ҳифзу омӯзиш ва муаррифии мероси парокандаи тоҷику форсзабонон, садҳо донишмандони мамолики гуногуни ҷаҳон саҳм гирифтаанд ва яке аз симоҳои намоёни ин силсила, дӯсти меҳрубони тоҷикону Тоҷикистон Александр Семёнов мебошад.
Солҳои донишҷӯйи дар Донишгоҳи забонҳои Ховари Москва бо мардумшиноси рус А. Бобринский шинос шуд, ки азми сафари диёри тоҷиконро дошт.
Бобринский соли 1897 Семёновро ба симати тарҷумони гурӯҳ пазируфт. Онҳо водиҳои Зарафшон, Рашт, Бадахшон ва ғайраро таҳқиқ карда, ахбори фаровоне оид ба география, ҳунари кишоварзӣ, мардумшиносӣ, таърих, фарҳанг ва ғайра ҷамъ оварданд. Натиҷаи пажӯҳишҳои мардумшиносон дар асари Бобринский – «Кӯҳистониёни сароби Панҷ” (1908) нашр шуд.
Нахустин сафар ба диёри тоҷикон ба Александри ҷавон таассуроти зиёде гузошт ва дар дили ӯ эҳтиром ба тоҷикон ва азми омӯзиши таъриху фарҳанги ин мардуми бумии Ховари Миёна пайдо шуд. Таҳқиқҳои ӯ дар мақолаҳо ва китоби «Ёддоштҳои мардумшиносӣ оид ба кӯҳистони Зарафшон, Қаротегин ва Дарвоз» (1903) ба чоп расиданд.
Солҳои 1901-1917 Семёнов дар вазифаҳои гуногуни маъмурӣ: коргузори дастгоҳи генерал – губернатори Осиёи Миёна, мушовири намояндаи Россия дар Аморати Бухоро ва ғайра кор кардааст. Ҳамзамон, ба омӯзиши забон, таърих ва фарҳанги тоҷикон, гирдоварии маводи гуногун машғул буд.
Бо бунёди сохти шуравӣ, Семёнов пурра ба фаъолияти пажӯҳишӣ ва омӯзгорӣ гузашта, дар таъсиси Донишгоҳи Осиёи Миёна, осорхонаҳо ва ғайра, иштирок кард.
Марзбандии соли 1924 дар Осиёи Миёна, ба манфиати мардуми бумӣ – тоҷикон анҷом наёфт. Ва чанде аз донишмандони эроншиноси рус, «Ҷамъияти омӯзиши Тоҷикистон ва мардуми ориёиасли берун аз он» - ро дар Тошкент созмон доданд ва Семёнов узви он буд. Ӯ дар нахустмаҷмуаи ҷамъият – «Тоҷикистон» (1925), мақолаи басо арзишманд: «Ёдгориҳои моддии тамаддуни ориёӣ»-ро нашр кард. Мақола эътироз ба онҳое буд, ки ҳуқуқи халқи куҳанбунёд ва поягузору соҳиби аслии ин замину тамаддуни минтақа – тоҷиконро поймол карданд, водиҳои зархез ва шаҳру деҳаҳои бостониашонро ба онҳо надоданд.
Семёнов дар мақола, ҳамчунин, навиштааст: «Тоҷикон ворисони куҳантарин сокинони минтақа – ориёни Осиё буда, ба гурӯҳи эронии ин қавми бузург нисбат доранд. Онҳо давоми таърихи мавҷудияташон осори тамаддуни моддии офаридаи худро дар тамоми ҳудуди Эронзамин густариш доданд. Агар имрӯз дар бархе аз мавзеъҳои ин минтақа мардуми ориёӣ (тоҷикон) набошанд ҳам, мероси боқимондаашон аз гузаштаи онҳо пурра шаҳодат медиҳанд. Ин далел аст, ки тамаддуни ориёӣ бо ҳудуди Тоҷикистон маҳдуд нест, балки ба дуриҳои беохире паҳн шудааст. Ва осори дурахшони онро ҳанӯз дар тамоми минтақаи Осиёи Миёна (Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон) мебинем».
Соли 1929 Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ табдил дода шуд ва Александр Семёнов ҳамкории илмиро оғоз кард. Соли 1930 дар анҷумани забоншиносони Тоҷикистон, ки дар Душанбе баргузор гашт, ширкат варзид.
Дар оғози соли 1934 Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди илм «Шурои илмӣ» ташкил кард. Аъзоён – А. Раҳимбоев, Е. Павловский, А.Якубовский, А. Семёнов, М. Андреев ва дигарон буданд. Шуро дар созмон додани муассисаҳои илмӣ, омода кардани мутахассисони маҳаллӣ ва умуман, пешравии илм саҳм гузошт.
Моҳи октябри соли 1950 Шурои Вазирони Иттиҳоди Шуравӣ қарори ташкили Академияи илмҳои Тоҷикистонро тасдиқ ва гурӯҳи босалоҳияти созмондиҳиро дар ҳайати олимон – И. Антипов – Каратаев, Е. Бертелс, В. Никитин, А. Якубовский ва дигарон ташкил кард ва моҳи апрели соли 1951 Академияи илмҳои Тоҷикистон созмон ёфт. Ба сафи аввалин академикҳои он Семёнов низ, интихоб гардид. Моҳи июни ҳамон сол Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба кор шуруъ кард. Ӯ аввалин сарвар таъин шуд ва дар рушди ин боргоҳи илм ва тарбияи кормандони илмӣ хизмати арзанда намуд.
Семёнов чун В. Бартолд, донишманди сатҳи ҷаҳонӣ, беҳтарин донандаи забон, таърих ва сарчашмаҳои хаттӣ ба забонҳои форсӣ-тоҷикӣ, арабӣ ва ғайра буд. Ӯ доир ба масъалаҳои гуногуни таърих, бостоншиносӣ, забоншиносӣ, санъат, хаттотӣ, исломшиносӣ, мазҳаби исмоилия, тасаввуф ва омӯзишу тарҷумаи дастхатҳои сершумори хаттӣ ва ғайра, корҳои боарзиши илмиро анҷом додааст. Ҳамчунин, дар равшан кардани ҳаёту эҷодиёти бузургони тамаддуни тоҷикзабонон – Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Имом Ғазолӣ ва дигарон ҳисса гузоштааст.
Александр Семёнов 16-уми ноябри соли 1958 дар синни 85-солагӣ аз ҷаҳон чашм пӯшид. Давоми умри бобаракати худ зиёда аз 300 асари илмӣ навишт, ки аксарияти онҳо ба масъалаҳои гуногуни таъриху фарҳанги тоҷикону форсизабонон бахшида шудаанд. Нишони дигари меҳри ӯ ба тоҷикон он аст, ки манзилу китобхонаи пурарзиши худро ба Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳадя кард.
Усмон ЭШОНЗОДА
Санаи нашр: 13.09.2023 №: 184
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
13 сентябр 2023, Чоршанбе
АЛЕКСАНДР СЕМЁНОВ ДӮСТИ МЕҲРУБОНИ ТОҶИКОН
05 январ 2024, Ҷумъа
Замимаи 1 ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, № АП-479
Шарҳҳо (0)