МАСОИЛИ МУҲИМИ ЗАБОН ДАР ШАРОИТИ ҶОМЕАИ ИТТИЛООТӢ
Сухан асару қудрат, тавону матонати шикастнопазир дорад, ки ҷойгоҳашро бузургон «арши барин», таъсирашро «дармони хирад», қадру қиматашро «вологуҳар» ва ҳидояти онро «равшангари дилҳо»-ву «машъали раҳнамо» гуфтаанд. Сухани асил ҳангоми баён, вобаста ба мавзуву мундариҷа, мазмуну муҳтаво ва сабки гуфтор муассиру хотирмон, раҳнамою раҳкушо, чароғу машъали мунаввари ақлу хирад ва фаъолият мегардад.
Дар ин росто доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор С. Ятимов мегӯяд: «Албатта, ягона нишонаи аслӣ ва фарқкунандаи одам дар миёни мавҷудоти зинда шуур аст. Тасдиқи он дар сухан ифода меёбад. Воқеият ва дараҷаи тавоноии инсон ҳам дар сухан падидор мешавад. Он қудрат ва ҷаҳони ботинии инсонро ба намоиш мегузорад. Аз дараҷа, камолоти маънавӣ ва сифати ҷаҳонбинии ӯ шаҳодат медиҳад». [Ятимов С.С. Андарзнома, Душанбе; Нашриёти муосир, 2023, 320с, с. 3].
Бале, ақл дар заминаи дониши дурусту ҳақиқӣ ба зинаи дигари камолоти инсон, яъне хирад мерасад ва ҳамчунон ки устод Рӯдакӣ мегӯяд, фақат “мардумони бихрад” донишро “гирд карданду гиромӣ доштанд”.
Дар ҳаёти инсону ҷомеа илми ҳақиқию ростин василаи ҳалли ҳама гуна мушкилот аст. Онро бузургони адабу ҳунар дар ҳолату вазъиятҳои мухталиф раҳнамои пешрафт ва қутбнамо ба ҷониби қуллаи мақсуди одамӣ шарҳ дода, бо ибораҳои басо пурмаънову зебо, аз қабили «чароғи равшани дил», «ҷавшани тан», «тоҷи сар»-у «қуфлкушои ҳама дарҳо», «нигини мулки шоҳон» ситоиш кардаанд.
Воқеан, маҳз натиҷаи омӯзиши илмҳост, ки башарият такмили ҷаҳонбинӣ ва фаҳму дарки амиқтари олами ашё карда, дунёи зисти хешро тағйир медиҳад. Ҳамин илм аст, ки андешаи инсон сайқал меёбад, он мустақил ва фарогир мегардад ва дар натиҷаи бо таҷриба собит шудани назариёти илмӣ афкори вижаи инсон дар муҳити миллӣ ва ҷаҳонӣ нақшгузор мешавад. Анҷоми кори ҳар илме ба он мерасонад, ки одамӣ ҷаҳонро «бо чашми хирад» менигарад ва мебинад, ки ба қавли пири шуарои Аҷам Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ин дунё «ҳамчу дарёст в-аз накукорӣ» бояд «киштие созаду аз он гузарад».
Вобаста ба падидаҳои ҷаҳони муосир аз ҷомеаи имрӯза тақозо мегардад, ки ба тавсеаи саноат, истеҳсолот, иқтисодиёт, мавҷи якуми инқилоби техникию технологӣ, компютеркунонии саросарӣ, баъдан бо компютеркунонии тамоми кору иртибот, тавсеаи воситаҳои ахбори электронӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намояд. Ҳамин аст, ки истилоҳи нав ба вуҷуд омад бо номи «ҷомеаи иттилоотӣ».
Ин ҷо нахуст дар бораи мафҳуми «ҷомеаи иттилоотӣ» шарҳи мухтасар лозим меояд. Дар манбаъҳои интернетӣ омада, ки ҷомеаи иттилоотӣ ҷомеаест аксари аъзо пурра (ё қисман) дар истеҳсол, нигаҳдорӣ, таҳия ва амалисозии иттилоот, махсусан, дар шакли баландтарини он – донишҳо, ширкат меварзанд. Махсусиятҳои ин марҳалаи рушд аз афзоиши нақши иттилоот, донишҳо ва технологияи иттиллоотӣ дар ҳаёти ҷомеа; афзоиши шумораи одамони машғул ба технологияҳои иттилоотӣ, иртибот ва истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳои иттилоотӣ, афзоиши ҳиссаи он дар маҳсулоти умумии дохилӣ; иттилоотикунонии афзояндаи ҷомеа бо истифодаи телефон, радио, телевизион, шабакаи интернет ва ВАО-и анъанавию электронӣ; ташкили фазои умумиҷаҳонии иттилоотии таъмингари ҳамкории босамари одамон, дастрасии онҳо ба захираҳои ҷаҳонии иттилоот, таъмини талаботи онҳо ба маҳсулот ва хизматрасониҳои иттилоотӣ; тавсеаи демократияи электронӣ, иқтисодиёти иттилоотӣ, ҳукумати электронӣ, давлати электронӣ, бозорҳои рақамӣ ва шабакаҳои хоҷагидорӣ иборат аст [https://www.hse.ru/science/hum/].
Шароити мусоид, рабту низоми муайян фароҳам овардан дар соҳаи илму маориф ва мактаб ва ҷабҳаи муътақидкунанда будани соҳаи илму маориф вобаста ба сохти давлатдорист. Маҳз бо роҳи ташвиқ намудани наврасону ҷавонон ба омӯзиши техникаву технологияи муосир метавонем сатҳи тафаккури ҷомеаро ба талаботи ҷомеаи иттилоотӣ мутобиқ намоем.
Рушду нумуи миллат аз анъана, урфу одат, ҷаҳонбинии миллӣ ва дигар омилҳои асосӣ вобастагӣ дорад ва ин ташаккулу ривоҷ дар муҳити давлат, амнияти мавқеи ҷуғрофӣ, вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳамбастагии ногусастанӣ дорад дар ин маврид пойгоҳи асосии тафаккури миллӣ худшиносию худогоҳии миллӣ буда метавонад. Бадеҳист, ки агар худшиносии миллӣ устувор бошад, ҷаҳонбинии миллӣ мустаҳкам ва тавсеа меёбад, зеро мағзи он аз таърих, забон, фарҳанг, ифтихороти миллӣ ва дигар ганҷинаи маънавии миллат сарчашма мегирад. Таърихи куҳану навин гувоҳ аст, ки суботи давлатдорӣ дар заминаи мавҷудият ва амали чунин арзишҳо таъмин шудааст. «муташаккилӣ ва устувории ин система (давлат – Г. Ж.) аз фаъолияти муназзами соҳаҳои он, ки дар алоқамандӣ, вобастагӣ ва ҳамоҳангии якдигар қарор доранд, сарчашма мегирад. Ташаккули идеология, маънавиёт ва ҷаҳонбинӣ аз самтҳои ҳаётан муҳими сиёсати давлатдорӣ аст» [Ятимов, С.С. «Дар бораи як китоби дарсӣ» (Душанбе, 05.04.2022 /АМИТ «Ховар»/)].
Дар ин бобат ҷойи асосӣ, бешак, ба дастгоҳи асосии иттилоотӣ ва тарғиботӣ – васоити ахбори омма ҷудо карда шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид қайд кардаанд: «Манфиати миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои ватанӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус, амнияти давлат ва ҷомеа хизмат кунанд, зеро тавре ки аз мазмун ва моҳияти қонунгузории мамлакат оид ба васоити ахбори омма бармеояд, таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти онҳо мебошад» [http://www.president.tj/node/222 (10.03.2012 14:00, шаҳри Душанбе].
Бояд гуфт, ки дар таъмини амнияти иттилоотӣ ва ба вуҷуд овардани фазои ягонаи иттилоотӣ фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои таъмини воридшавӣ ба шабакаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ” (№1347, 16.09.1999); “Дар бораи Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ барои рушди ҶТ” (№1174, 05.11.2003; “Дар бораи тасдиқи Консепсияи амнияти иттилоотии ҶТ”; “Дар бораи тасдиқи Консепсияи давлатии сиёсати иттиллоотӣ” (№451, 03.04.2008) ва як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим бозиданд. Ҳамчунин, бо раҳнамоӣ ва дастуру супоришҳои Президенти мамлакат оид ба гузариш ба ҳукумати электронӣ, компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ як қатор корҳо анҷом ёфтанд, чанд барномаи давлатӣ қабул гардида, дар муассисаҳои таълимӣ амалӣ кунонда шуданд.
Бале, имрӯз васоити ахбори омма танҳо аз рӯзномаву маҷалла ва радиову телевизион иборат нест. Қувваи асосии таъсиррасонӣ дар дасти воситаҳои электронӣ, интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад, зеро онҳо дар бунёди афкори умум нақши муҳим мебозанд.
Ҷаҳонишавии иттилоот, ҳарчанд имкониятҳои фаровон ба миён овард, мушкилотеро дар пай дошт, ки имрӯз бо истилоҳҳои «таҳдидҳои иттилоотӣ» ва «ҷанги иттилоотӣ» шинохта мешаванд. Онҳо ба шуур ва маънавиёти инсонҳо таъсир расонда, ҳар фарди фаъоли ҷомеаро бетараф гузошта наметавонанд. Ҷомеаи иттилоотӣ, ҳарчанд асосан ба рушди техника, компютер, воситаҳои электронӣ, технологияи иттилоотиву иртиботӣ нигаронда шудааст, илмҳои гуманитариро низ фаро мегирад ва дар назди он вазифаи нав мегузорад, ки «саводнокии иттилоотию коммуникативӣ» (иртиботӣ) ном дорад [Абдулакимова, Ҷ. А. Саводнокии баланди иттилоотӣ – коммуникативӣ дар пешрафти ҷамъият. Номаи Донишгоҳ. ДДХ. – №2, с. 257-260с. 257]. “Технологияи иттилоотии муосир имкон медиҳад, ки бо тарзҳои гуногун сифати гирифтани маълумоти гуманитариро беҳтар гардонда, ҷомеа ва сокинони он ба муҳити иҳоташуда зудтар мутобиқ шаванд» [Воронина Т. П. Информационное общество: сущность, черты, проблемы.- М., 1995.- 111 с.с. 31].
Дар ин маврид вазифаи илмҳои гуманитарӣ ҳамчун ифодакунандаи афкор, ғояву зеҳни мардум бештар гардида, зарур омад ба инкишофи илмҳои мазкур таваҷҷуҳи бештар равона карда шавад. Дар натиҷа бори масъулияти илмҳои гуманитарӣ – забон ва адабиёт, фарҳанг, фалсафа, таърих, сиёсатшиносӣ, мантиқ, мусиқӣ, педагогика ва равоншиносӣ дучанд гардид. Ин аст, ки вақте сухан аз ҷомеаи иттилоотӣ меравад, нахуст вазъи илмҳои мазкур дар маркази диққат қарор мегирад.
Минбаъд дар ҷомеаи иттилоотӣ истеҳсолоти фикрӣ, зеҳнӣ мавқеи асосӣ пайдо карда, ҷиҳати ташаккули илму дониш ва тавсеаи ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа хизмат мекунад. Дар натиҷа иқтисод ҳам ба суръати баланд рушд ёфта, ба тағйирёбии шаклу сифат ва ҳаҷми истеҳсолот, инчунин, ба тағйирёбии талаботи бозори меҳнат ва пайдоиши касбҳои нав мусоидат мекунад.
Аз ин рӯ, дар фазосозии илмии ҷомеаи иттилоотӣ таҳия, мураттаб, таҳрир дар шакли электронӣ омода кардани китобҳои илмӣ ва маводҳои дастурию таълимӣ, бахусус, фанҳои гуманитарӣ нақши калидӣ доранд. Иттилооти дурусту илман асоснок маҳз тавассути доштани дониши тахассусӣ ба даст меояд. Дониши амиқи соҳавӣ ҳамон вақт ба даст меояд, ки муштариёну омӯзандагон бештар дастрасӣ ба маводҳои илмии дар низоми муташаккили соҳа муътақидкунанда дошта бошанд. Вобаста ба ин масъала профессор С. Ятимов таъкид мекунад, ки соҳаи маориф ва илмро зарур аст, ки китобҳо ва васоити таълимиро “ба пояҳои сохти конститутсионӣ – давлатдории миллӣ” мутобиқ гардонад, зеро онҳо “мақсад ва моҳияти зиндагиро меомӯзонанд. Масири кунунӣ ва ояндаи онро муайян месозанд. Тарз ва усули муносибат ба воқеияти сиёсиро нишон медиҳанд. Табиат, муҳтаво ва тайиноти инсонро дар ҷомеа аз нигоҳи илмӣ тафсир мекунанд” [Ятимов, С.С. «Дар бораи як китоби дарсӣ» (Душанбе, 05.04.2022 /АМИТ «Ховар»/].
Аз ҷиҳати илмӣ шарҳ додани табиат, муҳтаво ва ҷойгоҳи инсон дар ҷомеа, пеш аз ҳама, аз забон вобаста аст , зеро “забон ҳамчун падидаи иҷтимоӣ, дар ҳақиқат, ойинаи рӯзгор, расму ойин, суннату анъана ва донишу фарҳанги гузаштагон барои наслҳои имрӯза мебошад”. Дар ин росто вобаста ба имконияти созгор масъалаҳои вобаста ба яке аз илмҳои гуманитарӣ – забонро, ки дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 27.09.2022 бахшида ба Рӯзи забон дар ДДЗТ (ҳоло Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода) таҳлил ва таъкид шуд, мавриди омӯзиш қарор медиҳем.
Нахуст ин, ки “Дар шароити муосир ноил гардидан ба дастовардҳои илму техника ва технологияҳои нав ва баробар бо ҷомеаи пешрафтаи башар қадам гузоштан бидуни аз худ кардану хуб донистани забонҳои хориҷӣ бисёр мушкил ва ҳатто ғайриимкон мебошад”. Ва бояд гуфт, ки дар ин росто Пешвои миллат хеле бомаврид таъкид карданд, ки омӯзиши ин фанҳо низ, танҳо ҳамон вақт муваффақонаву самарабахш ва натиҷадору бунёдӣ мегардад, ки агар наврасону ҷавонони мо забонҳои хориҷӣ, алалхусус, забонҳоеро, ки ҷомеаи ҷаҳон барои иттилоот ба даст овардан онҳоро бештар истифода мебаранд ва бо онҳо адабиёти илмӣ нашр мешавад, хуб донанд.
Дар ин замина Пешвои миллат мегӯянд: “Ман борҳо гуфтаам ва ҳоло бори дигар таъкид менамоям, ки ҳар як шахс ва дар навбати аввал, ҷавонон бояд ғайр аз забони давлатӣ ду забони хориҷиро дар сатҳи забони модарӣ донанд, зеро ин тақозои замони муосир мебошад”.
Мусаллам аст, ки забон падидаи иҷтимоист, зеро бо инсон, фард ва ҷомеа иртибот дорад. Масъалаи мутақобилаи забон ва ҷамъият ҷабҳаҳои гуногун дорад. Моҳияти иҷтимоии забон бо баррасии вазифаи забон дар ҷамъият, самтҳои асосии тадриҷан иҷтимоии забон, таърихи забон ва таърихи миллат нишон дода мешавад. Сатҳи пазириши забон аз ҷониби ҷамъият шакли мавҷудияти забон дар ҷамъият, мутобиқату муносибати забонҳо дар ҷамъияти бисёрзабонӣ ҷабҳаи дигари ин падида аст. Дар ин росто, забон дар ҷамъият вазифаҳои иҷтимоӣ дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар мабнои забони тоҷикӣ вобаста ба вазифаҳои иҷтимоии забон андешаҳои илман асосдору мондагор иброз намудаанд, ки нақши забонро дар шароити ҷомеаи иттилоотӣ мушаххас нишон дода метавонад:
- вобаста ба вазифаи мухобиротӣ-иттилоотӣ риояи покизагии забон;
- вобаста ба вазифаи маърифатӣ-шинохтӣ (коркард ва нигоҳдории дониш дар хотираи фард ва ҷомеа, ташаккули тасвири дунё) бештар тақвият додани самти ба вуҷуд овардани захираи рақамии забони тоҷикӣ, зеро ин омил ба мондагории забони тоҷикӣ дар замони ҷаҳонишавӣ мусоидат менамояд;
- вобаста ба вазифаи тафсирӣ (ифшои маънои амиқи воҳидҳои забон) бо алифбои имрӯзаи тоҷикӣ ба шабакаҳои иҷтимоиву иттилоърасонӣ ворид кардан, яъне омода намудани нусхаҳои электронии фарҳангҳои муътамад чун «Луғати фурс», «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-ул-луғот», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Фарҳанги Рашидӣ», «Баҳори Аҷам», «Фарҳанги Онандроҷ», «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Луғатнома»-и Деҳхудо ва дигар фарҳангу истилоҳномаҳои соҳавӣ;
- вобаста ба вазифаи танзимкунанда/иҷтимоӣ/интерактивӣ (амалиёти забонии муошират, ки ба табодули нақшҳои мухобиротӣ, тасдиқ намудани афзалияти мухобиротии онҳо, таъсир расондан ба ҳамдигар, ташкили мубодилаи бомуваффақияти иттилоот аз ҳисоби риояи постулатҳо ва принсипҳои мухобиротӣ);
- вобаста ба вазифаи баҳамоварӣ (таъсис ва нигоҳдории корбарии мутақобилаи мухобиротӣ) такмил додани омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омӯзишу таълими забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимашон бо забонҳои ақаллиятҳои миллӣ ва забонҳои русиву англисӣ, то ки дар оянда ин дастпарварон фарҳангу адабиёти моро бо забонҳои гуногуни дунё муаррифӣ намуда, дастовардҳои олами башарро бо забони давлатӣ баргардон карда тавонанд;
- вобаста ба вазифаи эстетикӣ-зебоишинохтӣ густариши забони тоҷикӣ тавассути расонаҳои ҷаҳонии интернетӣ нашр кардани осори оламшумули назму наср бо ин забон;
- вобаста ба вазифаи этнофарҳангӣ (иттиҳоди ягонаи халқиятҳо барои истифодаи як забон ба ҳайси забони модарӣ ва забони давлатӣ), таҳияи луғати мукаммали забони тоҷикӣ бо фарогирии калимаҳои умумиистеъмолии рӯзмарра, яъне китоби рӯйимизии ҳар як тоҷик ва алоқамандони омӯзиши ин забон;
- вобаста ба вазифаи мета-забонӣ (маълумот доир ба факту далели забон ва нутқ). Таърихи ҳар як забон бо таърихи халқе, ки соҳиби он забон мебошад, зич алоқаманд аст. “Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад.” Аз ин рӯ, зарурати омӯхтани ҷанбаҳои назариявии забони бостонии тоҷикӣ ва омода кардани мутахассисони забонҳои авастоӣ, суғдӣ ва бохтарӣ, ки сарчашмаи забони ширину шевои мо баҳисоб мераванд, яъне ҷомеаи иттилоотӣ бидонад ин забон чи таъриху чи маснад дорад.
- вобаста ба вазифаи хусусияти эътирофшавандагӣ доштан нисбат ба забони қабила ва халқият. Нақши меҳварии забон дар ба ҳам овардани қабила ва халқиятҳои хешу бегона ва ташаккули миллат.
Дар натиҷаи иҷро гардидани чунин вазифаҳо забон ба ҳайси падидаи иҷтимоӣ мавқеи боз ҳам устувор ва мондагору таърихиро ба худ мегирад ва мо соҳибони забони модарӣ – забони тоҷикӣ бояд бикӯшем, ки ин забон дар ин росто пешгом ва пешқадам бошад.
Омӯзиши масъала нишон медиҳад, ки рушди технологияи иттилоотӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таъсири он ба раванди ташаккули ҷомеаи иттилоотию шаҳрвандӣ бевосита ба таъмини амнияти иттилоотӣ алоқаманд мебошад ва аҳамияти ҷиддӣ додан ба он суботи ҷомеаи муосири Тоҷикистонро таъмин хоҳад кард. Бояд гуфт, ки дар ҷомеаи иттилоотӣ иттилоот арзиши баланд дорад ва он ба захираи умумиҷаҳонӣ дохил мешавад. Ҷомеаи иттилоотӣ барои тавсеаи демократия, баҳисобгирии афкори ҷомеа, назорат аз болои маъмурияти давлат имкон фароҳам меорад, зеро «имрӯз ҷомеа дар фазои ягонаи ҷаҳонӣ зиндагӣ дорад, аз ин рӯ, онро метавон ҷомеаи умумиҷаҳонӣ ва иттилоотӣ номид. Муҳаррики асосии ҷомеаи иттилоотӣ дониш – захираи зеҳнию иттилоотӣ буда, он мақулаи тамоман нав ва ғайрианъанавиест, ки ба соҳаи фаъолияти инсон ворид гардидааст. Аломатҳои он – тавсеаи истеҳсолоти илмталаб, омилҳои асосии рушд – дониш ва иттилоот, афзалияти соҳаи хизматрасонӣ назар ба истеҳсолот, сатҳи баланди маълумотнокии аҳолӣ мебошад» [Соловьёв Э. Г. Информационное общество // Новая философская энциклопедия: В 4 т / Предс. научно-ред. совета В. С. Стёпин. – 2-е изд. – М.: Мысль, 2010. – ISBN 978-5-244-01115-9].
Муҳаққиқ Ҷ. Абдулакимова се унсури асосии саводнокии иттилоотию иртиботиро нишон додааст: «Аввал, инфрасохтори иттилоотӣ ҳамчун низом, ки ба истифодабаранда имконият медиҳад, иттилооти муҳимро дар вақти зарурӣ ва аз ҷойи зарурӣ дастрас намояд. Сониян, иттилооти намоишӣ…, ниҳоят, ташаккули иттилоот ҳамчун рамзи саводи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ» [Абдулакимова, Ҷ. А. Саводнокии баланди иттилоотӣ - коммуникативӣ дар пешрафти ҷамъият. Номаи Донишгоҳ. ДДХ.- №2, с.257-260. с. 258].
Дар ин росто, забон мавқеи меҳварӣ дорад. Пас, дар назди муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилот вазифа меистад, ки таълими илми забоншиносиро дар асоси вазъи иҷтимоии бамиёномада ба роҳ монанд. Аз ҷумла, дар таълими забони модарию давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, суханшиносӣ, адабиёт танҳо омӯзиши нозукиҳои забони алоҳида, тарҷумаи ҳоли ин ё он адиб, хондану аз ёд кардани матну нақл намудани осори адибон намеистад, балки дар зимн, бояд муаллимон ва устодон шогирдонро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ намоянд, тарзи истифодаи дуруст аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет, фарқи андеша ва афкори дурустро аз нодуруст нишон диҳанд, дар таълими фанҳои таърих ва ҷамъиятшиносӣ ба анъанаҳои ватандӯстӣ, ифтихор аз гузашта, дарки ҷомеаи демократӣ ва озод такя намоянд.
Ҳамин тавр, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ таваҷҷуҳ ба забон ва забономӯзӣ аҳамияти бештар касб карда, муассисаҳои таълимии ҳама зинаҳои мамлакатро зарур меояд, ки дар ин маврид чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Бо дарки он ки “Забони ширину шевои тоҷикӣ муҳимтарин унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо мебошад, ки дар даврони истиқлол ва дар марҳилаи бунёди давлатдории миллӣ рисолати миллатсозиву давлатсозии худро бо рангу ҷилои тоза идома бахшида истодааст”, моро зарур аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ бо масъулияти волои худшиносию худогоҳӣ бидонем, ки умри миллат ба умри забон вобаста аст ва ҳамеша масъул бошем, ки дар дилу дидаи наврасону ҷавонон ҷо гирифтани ҳисси ҳифз ва эҳтироми самимӣ ба забони модарӣ ҷовидона ва абадӣ бошад, яъне ин забон аз насл ба насл поку беолоиш ва бегазанд ба мерос гузарад. Дар зеҳни хеш нақш занем, ки ҷараёну раванди иҷрои рисолати забони модариамон дар вазифаи забони давлатӣ бояд ҷовидона бошад.
Жило ГУЛНАЗАРЗОДА,
ректори Донишгоҳи байналмилалии
забонҳои хориҷии
Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода