ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ҶУМҲУРИЯТ» БО КАРОМАТУЛЛО ОЛИМОВ АЗ ШЕЪР ТО ФАЛСАФАВУ СИЁСАТ

«ҶУМҲУРИЯТ» БО КАРОМАТУЛЛО ОЛИМОВ АЗ ШЕЪР ТО ФАЛСАФАВУ СИЁСАТ

21 феврал 2023, Сешанбе
132
0
Тавре хабар дода будем, рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба хотири боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ, таҳлили вазъи мураккаби ҷаҳон ва дар маҷмуъ, тарбияи насли наврас зери рубрикаи Дар меҳмонии «Ҷумҳурият» вохӯриву суҳбатҳои муфидро бо шахсиятҳои маъруфу маҳбуб аз зумраи олимон, адибон, ҳунарпешагон, омӯзгорон, номоварони арсаи меҳнат доир мекунад ва фишурдаи онҳоро пешкаши хонандагон мегардонад. Нахустин чунин як вохӯриву суҳбат бо Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакиро баргузор намуд.
Ин бор ба вохӯриву суҳбат Кароматулло Олимов, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, шоир, файласуф ва сиёсатмадорро даъват намудем. Маврид ба зикри махсус аст, ки устоди гиромӣ аз дӯстдорони рӯзномаи мо аст ва дар баробари таълифи мақолаҳои таҳлилӣ барои беҳтару хонданитар шудани матолиби дигар муаллифон маслиҳатҳои судбахш медиҳанд.
– Устоди гиромӣ, мехостем суҳбат аз мухтасари тарҷумаи ҳоли Шумо оғоз биёбад?
– 27 июли соли 1944 дар шаҳри Истаравшан таваллуд ёфтаам. Падарам ғайр аз маълумоти анъанавии  тоинқилобӣ,  аз соли 1897 то соли 1900 дар мактаби маҳаллии русӣ таҳсил карда, соҳиби касби табиби табобати бемориҳои сироятӣ шуда буданд. Махсусан, барои эмгузаронӣ бар зидди  нағзак беш аз 50 сол фаъолият намуданд. Модарам низ соҳибмаърифат буда, аксари ашъори Ҳофиз ва Камолро аз ёд медонистанд, шеърҳои хуб ҳам менавиштанд. Дар тоқчаи хонаи мо девонҳои Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Навоӣ, Туғрал, Бедил, “Шоҳнома” ва “Абумуслимнома” ва китобҳои дигар низ буданд ва ҳама рӯз мавриди мутолиа қарор доштанд. Аз ҳамон замони кӯдакӣ меҳри шеъру адабиётро модарам ба ман талқин карда буданд. Бинобар ин, дар мактаб низ шавқам ба адабиёт бештар буд, ҳарчанд аз дигар фанҳо низ бештар баҳои аъло мегирифтам. Баъд аз хатми мактаби миёна ба риштаи  шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (шуъбаи забони форсӣ)  дохил шуда, онро соли 1964 бо дипломи аъло хатм намудам. Маро аз тарафи Донишгоҳ ба аспирантура тавсия карданд. Дар Институти фалсафа (АМИТ) дар  сектори таърихи фалсафа таҳти роҳбарии донишманди машҳур Алоуддин Баҳоваддинов ва баъд аз фавти он кас бо раҳбарии узви вобастаи Академияи илмҳо Ғаффор Ашуров дар мавзуи “Ақидаҳои фалсафӣ ва иҷтимоиву ахлоқии Ҳаким Саноии Ғазнавӣ” рисолаи номзадӣ навиштам. Соли 1994 дар мавзуи “Тасаввуфи Хуросон (таҳлили фалсафӣ-интиқодӣ)” рисолаи докторӣ дифоъ намудам. 
Ду бор дар Афғонистон: аввал дар солҳои 1974 – 77 дар шаҳри Мазори  Шариф ва аз соли 1980 то 1984 дар гурӯҳи мушовирони ҲКИШ дар назди Кумитаи марказии Ҳизби халқӣ-демократии Афғонистон ба ҳайси роҳбари гурӯҳи тарҷумонон ва ҳамчун котиби сафорати Иттиҳоди  Шуравӣ дар он кишвар  ва ёвари мушовири ҳизбии Котиби генералии ҲХДА Бабрак Кормал фаъолият доштам. Дар ҳамин марҳилаи кориам бо умури сиёсӣ машғул шудам. 
Бо шахсиятҳои сиёсӣ ва адабии он кишвар, аз қабили Бабрак Кормал, доктор Наҷибулло, Дастагир Панҷшерӣ, Бориқ Шафеӣ, Корвол, Наҷмиддини Ковиёнӣ, Аноҳито Ротибзод, ходимони сиёсӣ ва низомии шуравӣ маршал Соколов ва Ахромеев, генерал Ковтун, сафири Иттиҳоди Шуравӣ Фикрат Табеев, В. Ломоносов, В. Замарянов, С. Козлов ва дигарон шинос шуда, тарҷумонӣ карда будам ва низ баъзе фикру мулоҳизаҳои худро доир ба беҳбуди кор баён менамудам. Соли 1982 вақте аз рухсатӣ ба Кобул баргаштам, бароям иттилоъ доданд, ки бо ордени “Нишони фахрӣ”-и Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз кардаанд. Бароям ин воқеа ғайричашмдошт буд. 
Баъд аз баргаштан аз сафари Афғонистон дар Институти фалсафа ба ҳайси корманди калон, пешбар ва сарходими илмӣ, аз соли 1986 то соли 1990 мудири бахши таърихи фалсафа будам. Дар ин муддат консепсияи “Таърихи фалсафаи тоҷик”-ро ба забони русӣ барои се ҷилд таҳия намудам ва бо ҳамроҳии кормандони шуъба ва мутахассисони таърихи фалсафа аз мактабҳои олӣ дар ин муддат китобҳоро таълиф ва ба нашр омода намудем. Бо баъзе сабабҳо танҳо муяссар шуд, ки баъд аз соли 2007 онро ба нашр бирасонем. Баъдан, дар панҷ ҷилд (ҳафт китоб) онро ба забони тоҷикӣ таълиф  ва нашр намудем, ки воқеан, дар илми фалсафаи тоҷик падидаи басо муҳим ва фараҳбахш мебошад. Ман хеле хушнудам, ки  дар ин кори наҷиб ҳамчун ташаббускор ва муаллифи баъзе бобҳо саҳми хоксоронаи худро гузоштаам. 
Аз соли 1997 то соли 2000-ум аз тарафи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви Комиссияи оштии миллӣ таъин шудам ва дар зеркомиссияи муҳоҷирон фаъолият доштам. Аз соли 1991 то 1992 дар КМ ҲКТ дар  вазифаи  мушовири бахши  идеологӣ  таъин  шуда  будам. Баъди боз доштани фаъолияти ҳизб дар вазифаи мудири кафедраи фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон то соли 2000-ум машғули тадрис будам. 
Аз соли 2000-ум вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандата интихоб шуда, дар кумитаи илм, маориф ва сиёсати ҷавонон фаъолият доштам. Моҳи октябри соли 2001-ум Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маро вазири фарҳанги ҷумҳурӣ ва  моҳи январи соли 2004 ба вазифаи мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин намуданд. Дар вазифаи ахир то соли 2007 фаъолият кардам. Аз моҳи октябри соли 2007 директори Институти фалсафа ва аз соли 2008 директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИТ интихоб шуда, аз соли 2010 то соли 2016 вазифаи ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистонро оид ба илмҳои ҷомеашиносӣ  иҷро кардам. То имрӯз дар вазифаи сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ кор мекунам.
Бояд гуфт, ки ҳамзамон аз соли 2001 то соли 2012 раисии Комиссияи миллии ҷумҳуриро оид ба корҳои ЮНЕСКО ба зимма доштам ва чандин корҳои муҳимро дар ин самт низ иҷро намудаам.
Беш аз чорсад асар, аз ҷумла монографияву китобҳо ва мақолаҳои илмию оммавӣ, ба нашр расондам. Аз ҷумла, монографияҳои “Ҷаҳонбинии Саноӣ”, “Тасаввуфи Хуросон”, “Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат”, “Ҷустор дар аҳвол, осор ва ҷаҳонбинии Зуфархон Ҷавҳарӣ”, “Истиқлолияти давлатӣ ва ҷомеаи демократӣ”, мақолаҳои зиёд доир ба таърихи фалсафа, сиёсати давлатӣ, шахсиятҳои барӯманди сиёсӣ ва илмӣ ва маърузаҳои зиёд дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ироа кардаам.
– Вазъи илми академии тоҷикро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Онро бо кадом роҳҳо метавон ҷаҳонӣ кард?
– Пешрафти илм ҳамеша ба шароити мусоиди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва олимони боистеъдод вобаста мебошад. Албатта, ҳамаи соҳаҳои илмро дар сатҳи ҷаҳонӣ баланд бардоштан номумкин аст, зеро соҳаҳое ҳастанд, ки бештар ба масъалаҳои дохилӣ ва минтақавӣ дахл доранд. Илмҳои бунёдӣ ё худ фундаменталӣ, асоси тараққиёти истеҳсолоти ҷамъиятӣ, махсусан саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ мебошанд. Вазъи илм дар Тоҷикистон дар давраи пасошуравӣ, дар солҳои 90-уми асри гузашта ва оғози солҳои 2000-ум, дар натиҷаи нооромиҳо дар кишвар, хеле заиф шудани  робитаҳо бо муассисаҳои илмии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, ба сӯи бозор рӯ овардани ҷавонони соҳибистеъдод ногувор шуда буд. Таъсири он то имрӯз эҳсос мешавад. 
Бо вуҷуди буҳрони иқтисодию сиёсӣ, ки кишвар ба он гирифтор буд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои дастгирии олимон ва муассисаҳои илмӣ, институтҳои академӣ ҳар сол дар ду самт – беҳтар кардани вазъи молии кормандони илм, махсусан зиёд кардани маош ва муҷаҳҳаз сохтани институтҳои таҳқиқотӣ бо таҷҳизоти зарурӣ ва технологияи муосир, чораҳои муҳим меандешанд. Ба ғамхории пайвастаи Сарвари давлат боз як факти муҳим далолат мекунад, ки дар ҳамон солҳои хеле вазнин, баъд аз Раиси Шурои Олӣ интихоб шуданашон аввалин мулоқоти худро бо олимони намоёни тоҷик баргузор намуда буданд. Ҳоло таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои  физика, кимиё, астрофизика, сейсмология, биология, тиб, илмҳои кишоварзӣ вусъат меёбанд. Инро мо аз ҳисоботи ҳарсолае, ки институтҳои таҳқиқотии Академия пешниҳод мекунанд ва он нашр мешавад ва маърузаи ҳисоботии президенти он Фарҳод Раҳимӣ, ки  дар маҷлиси солонаи Раёсати АМИТ имсол баррасӣ гардид, ба хубӣ мебинем. Расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ҳамеша ба тараққиёти илм ва сари вақт ҷорӣ кардани дастовардҳои он дар истеҳсолот ва маблағгузорӣ ба илм вобаста мебошад. Дар давлатҳои мутараққии ҷаҳон барои рушди илм то 3-4 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилӣ сарф мешавад. 
Дар илмҳои ҷомеашиносӣ низ, хеле пешравиҳо ба назар мерасанд. Масалан, дар давраи соҳибистиқлолии кишвар таърихи Тоҷикистон, таърихи этногенези халқи тоҷик, ҳафриёти бостоншиносӣ вусъати бештар ёфтанд. “Таърихи фалсафаи тоҷик” аввалин бор дар се ҷилд ба забони русӣ ба табъ расид, ки аз тарафи олимони дохил ва хориҷи кишвар баҳои сазовор гирифт ва ҳафт ҷилд ба забони тоҷикӣ низ, нашр гардид, ки далели пешрафтҳои илмӣ дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад. Ҳамин гуна дастовардҳои муҳимро дар илмҳои сиёсатшиносӣ, забоншиносӣ ва адабиётшиносии тоҷик, шарқшиносӣ ва нашри осори гузашта метавон дид. Вале вазъи илми кишвар  барои дар сатҳи ҷаҳонӣ қарор доштан боз ҳам бештар таваҷҷуҳ мехоҳад. Махсусан, такмили муассисаҳои илмии таҳқиқотӣ бо васоил ва технологияҳои навтарин, боз ҳам зиёд кардани маоши кормандони илмӣ, таъмини олимони ҷавон бо манзили истиқоматӣ, дар муассисаҳои илмии пешрафтаи кишварҳои хориҷ барои таҷрибаомӯзӣ фиристодани муҳаққиқони ҷавон, бевосита ва бештар иштирок кардани донишмандон дар конференсияҳои байналмилалии илмӣ дар кишварҳои берун ва вусъати робитаҳои илмӣ дар байни олимон ва муассисаҳои илмӣ барои тараққиёти илм муҳим мебошад. 
– Истифодаи мақсадноку манфиатноки ихтирооти олимони асиламон то ба куҷо моро даст дода метавонад? Мурод пайвастани илм бо амал ё худ истилоҳот мебошад.
– Барои хубтар воқиф гаштан  аз ин масъала, хуб мешуд, ки ба ҳисоботи ҳарсолаи Академияи миллии илмҳои ҷумҳуриамон ошно шавед. Чунончи, дар самти вобастагии илм ва истеҳсолот президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ дар ҳисоботи хеле муфассали худ оид ба дастовардҳо дар соли 2022 таъкид карданд, хеле корҳо сурат гирифтааст. Аз ҷумла, метавон ёдовар шуд, ки маводҳои зиддиуфунатӣ, ки барои пешгирии COVID-19 институтҳои АМИТ таҳия карда буданд, дар муассисаҳои табобатӣ ва идораҳои кишвар васеъ истифода шудаанд. Дар картошкапарварӣ низ, комёбиҳои илмиро зикр карданд. Дар соҳаи амнияти ядроӣ, ки соҳаи нав дар илми кишвар аст, бо ҷалби инвеститсияи байналмилалӣ корҳои муҳим сурат гирифтааст. Ҳанӯз Ҳаким Саноӣ гуфта буд: 
Илм бо кор судманд бувад,
Илми бекор пойбанд бувад.
Илмҳои ҷомеашиносӣ низ, барои ташаккули шуури таърихӣ ва ҷаҳонбинии дунявӣ муҳиманд. Дар ин самт низ, таҳқиқотҳо ва асарҳои бузург ва мақолаҳои илмӣ таълиф шудаанд, ки барои пешгирии ҷомеа аз хатарҳои муосири сиёсӣ ва динӣ, хоссатан экстремизм ва радикализм зарур мебошанд. Дар ин ҷо низ, пайванди илм ва амал зарур аст. Донистани таърих, аз ҷумла чӣ гуна ҷорӣ шудани динҳо ва мазҳабҳо, хидматҳои олимони бузурги мо ва ҷаҳон, донистани таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ, махсусан барои ҷавонон, шарт аст. Дар ин самт  суханрониҳо, асарҳо, суҳбатҳо, мулоқотҳо бо аҳолии кишвар  ва корҳои амалие, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  кардаанд, бояд меъёри фаъолияти илмӣ ва таблиғотии мо, олимони кишвар, бошад. Саноӣ боз ҳам таъкид кардааст: 
Илм хондӣ, нагаштӣ аҳли амал,
Ҷаҳл аз ин илми ту басе беҳтар.
Корҳои илмӣ бояд ба амалияи зиндагӣ нигаронида шуда бошанд, то ки натиҷаи дилхоҳ диҳанд.
– Дар соҳаи фалсафа Шумо шогирдони зиёдеро тарбия ва раҳнамоӣ кардаед. Инчунин, зери роҳбариятон онҳо рисолаҳои илмӣ ҳимоя намудаанд, ки ҳоло аз зумраи шахсиятҳои маъруф ба шумор мераванд. 
Дар ин чӣ асрор аст ва чаро на ҳамаи роҳбарон шогирдони асилро ба ин миқдору поя расонда метавонанд?
– Ман ба ҳайси роҳбари илмӣ ба шогирдон ҳамеша насиҳатҳои устоди илмиам академик А. Баҳоваддиновро  пешаи худ кардаам. Устод хеле сахтгир буданд, дар таҳқиқоти илмӣ саҳлангорӣ ва бевиҷдониро таҳаммул карда наметавонистанд. Айни замон хеле ғамхор ва дилсӯз ва аз тамаъ дур буданд. Шахсони тасодуфӣ ва камзарфиятро дар кохи илм роҳ намедоданд. Ман ҳамин равишу шеваи устодро ба шогирдон ҳамеша таъкид мекунам. Дар илм пештар ва бештар аз ҳама масъулиятшиносӣ зарур аст.  Вақте ба чанде аз унвонҷӯёни хориҷиамон, ки роҳбари илмиашон будам, дар бораи А. Баҳоваддинов ва талаботи ӯ нақл мекардам, онҳо эҳтиромашон ба бузургони илми тоҷик ва масъулияташон дар иҷрои мавзуи таҳқиқшавандаашон бештар мегардид. Роҳбарони илмии ҷавонон бояд олимони варзидае бошанд, ки дар хориҷи кишвар дар соҳаашон низ, эътирофшуда ва соҳиби обрӯ бошанд. Ман бо олимони хориҷӣ низ, робита дорам, ҳамеша масъулияти худро дар назди халқу Ватан эҳсос мекунам, то тавонистаам кӯшиш кардаам дар баҳсҳои илмӣ дар кишварҳои дигар, дар ЮНЕСКО низ, манфиатҳои  миллату давлати худро ҳифз намоям. Ин таҷрибаро ба шогирдон ва  ҷавононе, ки ба роҳи душвори илм қадам мемонанд, нақл мекунам. Барои олим муҳимтарин шарт покии виҷдони илмӣ аст, ӯ бояд фидоии касби худ ва ба ҳақиқати илмӣ содиқ бошад.
– Шуморо ҳамчун шахси сиёсатмадор низ, эътироф мекунанд. Албатта, ба ин ҳамзамон, таълифи мақолаҳои сиёсиатон сабаб шудаанд. Мавқеи мо дар ин вазъи мураккаби ҷаҳон чӣ гуна бояд бошад? Ва низ чӣ бояд кард, то ҷавонони мо ба гурӯҳҳои тундраву ташкилотҳои террористӣ напайванданд?
– Ман худро мутааллиқ ба мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонам ва як тан аз  онҳое ҳастам, ки мақсадам хидмат барои бақои давлат ва миллати азизам мебошад. Ҷаҳони имрӯз пурхатар ва ҳатто фоҷиабор аст. Неруҳое ҳастанд, ки ҳавасманди кам кардани аҳолии Замин аз тариқи тиҷорати силоҳҳои маргбор ва маводи мухаддир ва ангехтани ҷангҳову ошӯбҳо мебошанд. Воситаҳои гуногун, аз ҷумла идеологияи инсонбадбинӣ, ихтилофангезӣ, миллатгароии шовинистӣ, бартариҷӯии динӣ ва мазҳабро истифода менамоянд. Яке аз роҳҳои амалисозии ин нақшаи ҳалокатовар тира кардани мағзи ҷавонон ва талқини онҳо ба амалҳои харобкорона мебошад. Ба ин мақсад, аз эҳсоси динӣ ва миллӣ моҳирона истифода менамоянд. Бартариҷӯии миллӣ ва забонӣ низ замимаи ин нақша мебошад. Мутаассифона, кишвари мо низ аз ин хатарҳо комилан эмин намебошад. 
Барои пешгирии шомил шудани ҷавонон ба ҳаракатҳои тундрав ва террористӣ, ба ақидаи камина, пеш аз ҳама, оила бояд солим бошад, яъне падару модар имконият ва масъулияти тарбия ва таълими фарзандони худро дошта бошанд, чунон ки дар қонуни миллии мо дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ин масъала равшан дарҷ шудааст.  Имконият бе дарки масъулият натиҷаи дилхоҳ намедиҳад ва масъулият бе имконияти иқтисодию иҷтимоӣ ва маънавӣ амалӣ намегардад. Корҳои босамари давлат барои бештар муҳайё кардани ҷойҳои корӣ ва дар маҳали зисти худ машғули кор будани падару модарон заминаи зарурӣ барои тарбияи солими наврасон ва ҷавонон мебошад. Тақвияти заминаи иқтисодии оила боиси тарбияи солим мегардад. Ҷамъоварии хилофи қонуни сарват ва эҳсос накардани лаззати меҳнати ҳалол  ва, ҳамчунин, муҳтоҷии қисме аз афроди ҷомеа ба ҷиноятҳо сабаб мешаванд. Аз ин ҷиҳат, чунон ки гузаштагон бисёр таъкид кардаанд, ҳадди эътидол барои зиндагии солим зарур мебошад. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ барҳақ гуфтааст: 
Он чи шеронро кунад рӯбаҳмизоҷ,
Эҳтиёҷ аст, эҳтиёҷ аст, эҳтиёҷ.
Имрӯз дар сатҳи сиёсати давлатӣ ба ҷавонон аҳамияти зиёд дода мешавад. Теъдоди зиёде аз онҳо ба корҳои муҳим ва масъулиятноки давлатӣ таъин мешаванд. Ин кори ниҳоят муҳим мебошад ва комилан ҷавобгӯи замон аст, ки ҳалқаи  наслҳову аслҳоро ба ҳам васл мекунад. Айни замон гоҳо баъзе ҷавонон ва кормандони масъул бо сабабҳои гуногун ба бюрократизм, сари вақт ҳал накардани масъалаҳои ба муроҷиин зарур, ё гоҳо ба мақсади тамаъҷӯӣ овора кардани онҳо роҳ медиҳанд. Ин рафтор боиси норизоӣ аз мақомоти ҳокимият ва дилсардӣ мегардад. Дар натиҷа, чунин норизоӣ нисбат ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб шояд бетарафиро ихтиёр кунанд. Ҷойи қаноатмандист, ки имрӯз аксари мутлақи аҳолии кишвар аз сиёсати давлати соҳибистиқлоламон розӣ буда, барои таҳкими он заҳмат мекашанд ва тоҷикони бурунмарзӣ ва форсизабонони ҷаҳон низ аз комёбиҳои мардумамон ифтихор доранд.
– Дар баробари пеш бурдани корҳои илмӣ, тарбияи мутахассисони ҷавон, Шумо ба эҷоди шеър, нашри онҳо дар шакли китобҳои алоҳида таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунед. Он шуғли дӯстдоштаатон аст ва ё ирсист? Ё ҷиддан аз оғоз ба он рӯ овардед?
– Завқи шеър ба ман тавре дар аввал ёдовар шудам, аз кӯдакӣ таҳти таъсири модарам ба вуҷуд омадааст, вале ман ҳеҷ гоҳ махсус барои номи шоириро касб кардан кӯшиш накардаам. Гоҳу ногоҳ, ба ин ё он муносибате бадоҳатан шеъре сурудаам. Модарам гоҳ-гоҳ байти Зуфархон Ҷавҳарӣ “ Мо ҳама дар асл шоирзодаем; Дил ба ин меҳнат на аз худ додаем” - ро такрор мекарданд. Бинобар ин, метавон гуфт, ки шояд шеър ҳам ирсӣ ва ҳам шуғли дӯстдоштаи ман будааст. Маҷмуаи аввалинамро бо таъкидҳои пайвастаи дӯстонам Гулназар Келдӣ, Меҳмон Бахтӣ, Сайидалӣ Маъмур, Аскар Ҳаким, Абдулҳамид Самадов, Кароматуллоҳи Мирзо таҳти унвони “Паёми садоқат” нашриёти “Адиб” ба табъ расонда буд. Устод Гулназар сарсухани меҳрборе ба он навишта буд. Соли гузашта боз ҳам бо исрори баъзе дӯстон қисме аз ашъорам зери унвони “Анвори меҳр” бо тавсияи рафиқонаи Асадулло Раҳмон ва шоири шинохтаамон Давлат Сафар   ба нашр расид, ки аз ин сипосгузорам.
Шеър ҳам масъулият мехоҳад, он бояд мақсадҳои олии инсонро тараннум кунад, аз воқеият сарчашма гирад. Банда бештар дар замони Истиқлоли давлатӣ ба сурудани шеър машғул шудам, зеро ниёзи ҷомеаи мо ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои башарӣ бештар эҳсос мешуд ва намунаи он манзумаи “Гаҳвораи адл” аст. Дар он доир ба  таассубҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ, ки боиси қурбонӣ ё бадбахтии  бузургони илму адаб ва озодандешон ба мисли Мансури Ҳаллоҷ, Шалмуғонӣ, Айнулқузот, Саноӣ, Аҳмади Ҷомӣ, Ҷордано Бруно ва дигарон шудааст, инчунин, дар бораи хидматҳои бузурги Сарвари давлатамон сухан рафтааст. Шеъри “Суруди садоқат” рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллиамон барои сарбозон иншо шуда буд ва онро устоди ҳунари тоҷик Саидқул Билолов оҳанги мутантане  баста, сароидааст.
– Аз хонандагони сершумори рӯзнома чӣ интизор ва ҳам барояшон чӣ таманноҳо доред?
– Рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар кишвари мо хонандагони сершумор дорад. Ҷойи хушнудист, ки сармуҳаррири рӯзнома ҳамаи кормандони онро муттаҳид намуда, фазои дӯстона ва меҳрубононаро ҷорӣ намудааст, ки эътибори нашрияро баланд кардааст. Маводе, ки дар он нашр мешаванд, инъикоси руҳи замон ва сиёсати роҳбарияти олии кишвар аст. Бинобар ин, хонандагони ин рӯзнома бояд ҳарчи бештар дар таблиғи сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими асосҳои Истиқлоли давлатиамон, пешрафти илму маорифи кишвар ширкат варзанд. Барояшон рӯзгори осудаву обод ва барои ҳифзи Ватан ва насли ҷавони он мавқеи устувори сиёсӣ, ҳисси ифтихори ватандорӣ ва фазои таҳаммули хирадмандонаро дар ҷомеа  хоҳонам.
 
Мусоҳиб  Абдулқодири РАҲИМ,
суратгир Комрон САФАР
Санаи нашр: 20.02.2023 №: 39
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив