ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

10 ноябр 2023, Ҷумъа
70
0

 
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.

МУАММОИ «ПРЕЗИДЕНТ»
1. Мансаби олӣ. 2. Илме, ки гузаштаро  меомӯзад. 3. Шаҳре, ки дар он ҷо Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон  барпо шуда буд. 4. Асъори хурди миллӣ. 5. Соҳаи афзалиятноки ҷомеа. 6. Ҳуҷҷати расмӣ – коргузорӣ. 7. Яке аз муқаддасоти  миллӣ. 8. Неъмати моддӣ. 9. Муаллифи  асари «Давлати Сомониён». 10. Сулҳу осоиш, ягонагӣ. 11. Ба ҷунбиш даровардан. 12. Шаҳр дар ҷануби Тоҷикистон. 13. Маркази давлати Сомониён. 14. «***и ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст» (Ҳофиз). 15. Ҳиссаи нутқ. 16. Унвони баланди илмӣ. 17. Паранда, рамзи сулҳ. 18. Оммаи  итоаткор. 19. Муассиса, корхона. 20. Дар коре  саҳм гузоштан. 21. Оромӣ, тинҷӣ. 22. Чорабинӣ, ба ҳам омадан. 23. Ноҳия дар Тоҷикистон. 24. Зодгоҳро гӯянд. 25. Муродифи  ҷуфтистеъмоли «фатҳ». 26. Оромиш, осоиштагӣ. 27. Падидаи беҳтарини замони муосир дар Тоҷикистон. 28. Миллат. 29. Пурра, мукаммал. 30. Пайвандаки забони тоҷикӣ. 31. Нанг ва ***. 32. Роҳбар, раис. 33. Ҳаммаънои вожаи «душман». 34. Нотарс, далер. 35. Ноҳия дар Тоҷикистон. 36. Муншии дарбори Сомониён. 37. Истилоҳи сиёсӣ. 38. Асаре, ки Пешвои миллат онро «Шиносномаи миллат» ном бурдаанд. 39. Унсури адабӣ. 40. Мақомоти олии қонунбарор.      
    
Мураттиб  Ҳотами  ҲОМИД
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40

Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


ДУ ЧИЗ...
• Ду чиз дар инсон пойдор буда наметавонад: ҷавонӣ ва қувват.
• Ду чиз ба ҳама фоида мерасонад: рафтори хуб ва фарохдилӣ.
• Ду чиз обрӯи инсонро боло мебарад: хоксорӣ ва фурӯтанӣ.
• Ду чиз балоро дафъ мекунад: садақа ва силаи раҳм.
Таҳияи Кароматулло АТО



РЕКОРДСМЕН
АЗ ХАСИСТАРИН ОДАМИ ДУНЁ 4 МИЛЛАРД ДОЛЛАР МЕРОС МОНД
Хасистарин одам дар дунё  на Қорӣ Ишкамба, балки Генриетта Ҳоулэнд будааст. Ӯ 3-юми июли соли 1916 дар синни 81 - солагӣ аз бемории сактаи дил аз олам чашм пӯшид. Ин зан, ҳамчун хасистарин одами ҷаҳон дар "Китоби рекордҳои Гиннесс" сабт шудааст. 
Аз Генриета ба ду фарзандаш 4 миллиард доллари ИМА мерос монд. Аз ин ҳисоб, писараш ширкати мошинсозӣ кушоду духтараш нисфи пулро ба ятимхонаву одамони бепарастор дод. 
Аз камтарин аломатҳои хасисии Генриета ин аст, ки хеҷ гоҳ сачоқҳои коғазиро намепартофт, онҳоро тоза намуда, аз нав истифода мекард. Ҳатто, вақте пойи писараш ҷароҳат гирифт, ӯро дар беморхонаи оилаҳои нодор бистарӣ кард, ки дар натиҷа фарзандаш аз як пой маҳрум шуд. Генриета айёми ҷавониро бо як курта, як пойафзол ва як кулоҳ сипарӣ кардааст. 

Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


ҶОНФИДОИ ФАРЗАНД Ё ДАҲШАТЕ, КИ МОНЕИ ТАРСИ МОДАР НАШУД 
Ҳангоми оббозӣ писарак наздик буд ба коми тимсоҳ равад. Вақте модараш дид, ки ҷонвари баҳрӣ, аллакай, аз пойҳои писараш доштааст, худро ба об андохту аз дасти фарзандаш маҳкам қабид. Тимсоҳ писарро ба ҷониби худ мекашиду модар ба сӯӣ худ. Дар айни ҳарбу зарб, марде ба ёрӣ шитофт ва писарро аз даҳони тимсоҳ халос карда,  ба шифохона бурданд. 
Вақти табобат хабарнигоре барои суҳбат бо ин писар ба наздаш омад. Вай ҷароҳати бозувонашро, ки аз зарби нохуни модар буд, ба хабарнигор нишон дода гуфт:
– Ин захмҳоро дӯст дорам, инҳо ишқи модарам ҳастанд.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ


АҚЛГАРОӢ
НИГОҲИ МУСБАТ БА АТРОФ ИНСОНРО ТАРБИЯТ МЕКУНАД
Аз донишманди эронӣ Маҳмуд Ҳисобӣ нақл аст, ки мегӯяд: 
– Замони таҳсил дар Амрико бо Катрина ном духтар ва ҷавоне бо номи Филип ҳамгурӯҳ шудем. Аз Катрина пурсидам, ки Филипро мешиносӣ?
Гуфт: 
– Оре, ҳамон писаре, ки мӯйҳои баланду зебо дорад ва дар қатори пеш менишинад!    
– Намедонам киро мегӯӣ?
– Ҳамон писари хушахлоқе, ки маъмулан пироҳан ва шалвори рӯшану зебо мепӯшад!
– Боз нафаҳмидам манзурат кист? 
– Ҳамоне, ки ҳамеша бо табассум ба ҳама салом медиҳад!
Ман боз ҳам нафаҳмидам. Сипас, Катрина бо садои паст гуфт: – Филип ҳамон писари меҳрубоне, ки рӯи аробачаи маъюбӣ менишинад. Ин бор дақиқан фаҳмидам, ки киро мегӯяд ва амиқан ба фирк фурӯ рафтам. Одам бояд чи қадар нигоҳаш ба атроф мусбат бошад, ки тавонад аз вижагиҳои манфӣ ва нуқсҳо чашм пӯшад. Дар ҳамин ҳол, ба худ суол кардам, ки агар Катрина аз ман дар мавриди Филип мепурсид, ба таври сареъ мегуфтам: ­– Ҳамон писари маъюб! Аз ин рӯ, вақте нигоҳи Катринаро бо дидгоҳи худ муқоиса кардам, хеле хиҷолат кашидам…  

Таҳияи Файёз ФИРӮЗ
Манбаъ: t.me/azharzoveya


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ПУЛИ МАЙДА
– Ҳа писарам, дандонатро канда омадӣ?
– Якбора дутояшро гирифта партофтанд.
– Чӣ боз як дандонат иллат доштааст-мӣ?
– Не очаҷон ташвиш нашавед, дандонам соз буд, фақат духтур пули майда надошт, ки бақия диҳад. 

Аз русӣ тарҷумаи Ф. РАҲМОНЗОДА 



МАЪРИФАТ
МУҲИМТАРИН САРМОЯИ ИНСОНИСТ
Чарли Чаплин ба саволи он ки  муҳимтарин арзиш дар ҳаёти инсон чӣ буда метавонад, чунин посух додааст: 
– Тамоми умр аз фақр то ба шуҳрату сарват расиданам  омӯхтам ва ҳаминро дарк кардам, ки бо пул мешавад соат харид, вале вақт не. Мақом харид, вале эҳтиром не, китоб хариду савод не. Дору харид, аммо саломатӣ не, қалбро харид, вале ишқро не, рахти хоб харид, вале на хоби роҳат. 
Воқеияти зиндагӣ ин аст, ки арзиши одамон дар дороӣ не, балки танҳо дар маърифат аст.
Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА 


АЗ СУҲБАТИ ДУ НОБИҒА:

Достоевский:
– Оё шумо аз марг метарсед?
Суқрот:
– Не, ман аз зиндагӣ метарсам.
Достоевский:
– Чаро?
Суқрот:
– Барои он ки моро хоҳиши зиндагӣ мағлуб мекунад, на тарси марг.
Достоевский:
– Чӣ тавр ин хоҳишро бартараф кардан мумкин аст?
Суқрот:
– Дар дохили худ чизе дошта бошед, ки аз арзиши ҳаёт  болотар бошад.
Достоевский:
– Яне, чӣ?
Суқрот:
– Имони бузург ё ишқи бузург.

Таҳияи Нигина РАҲМОН


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ШИКВА 
Аз суҳбати дандонпизишкон:
– Чаро табъат хира?
– Бовар кун дар корам баракат нест.
– Чӣ хел?
– Ду рӯз пеш ҳамагӣ як мизоҷ доштам, дина як кас ҳам дарамро тақ - тақ накард, имрӯз боз бадтар.
– Чӣ хел бадтар?
– Охир ҳамон мизоҷи ду рӯз пеш табобаткардаам даъво омадааст, ки «пломба»-и мондагиат афтидаасту пуламро гардонда деҳ.

Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


ҲАДИСИ ДАРДНОК
Ё ВАСИЯТИ ҶОНГУДОЗ  ДАР БИСТАРИ МАРГ
Модари зор дар хонаи пиронсолон ҳамеша чашм ба роҳи писари ягонааш буд. Агар рафту писар дар ду моҳ як бор ба диданаш ояд, ба қавле «аз шодӣ дар куртааш намеғунҷид». 
Модар пеш аз марг фарзандашро даъват карду гуфт: «Агар хоҳӣ, ки аз ту розӣ бимирам,  шароити ҳамин хонаи пиронсолонро беҳтар намо!». Писари ҳайрон сабаб пурсид:
– Ман ба сахтиҳо, интизорию гуруснагиҳо одат кардам. Метарсам, ки вақте туро фарзандонат ин ҷо   мебиёранд,  тоб  наорӣ  ва  ранҷу азоб кашӣ, – гуфт модар.

Таҳияи Шаҳноз  САБУРОВА



10 БОНУИ САРВАТМАНДИ ОЛАМ
2. ҶУЛИЯ КОХ                             

Соли 1996 Ҷулия ба яке аз сарватмандтарин шахси дунё – роҳбари ширкати Koch Industries  Дэвид Кох ба шавҳар баромад. Пас аз даргузашти ҳамсараш (соли 2019), бону ва фарзандонаш 42 дарсади саҳмияҳои ширкатро, ки дар самти фурӯши маҳсулоти гуногун, истеҳсоли маводи кимиёвӣ, коркарди нафт ва сармоягузорӣ фаъолият мебарад, ба мерос гирифтанд.
Тавре маҷаллаи молиявии «Форбс» хабар медиҳад, дороии Ҷулия Кох дар ҳоли ҳозир ба 59 миллиард доллари ИМА мерасад.

Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА



ЛАБХАНДИ АҲЛИ ФАЗЛ
Мавлоно Қутбиддин дар роҳе мерафт. Шахсе аз боме бияфтод ва бар гардани Мавлоно омад, чунонки муҳраи гардани ӯ қусуре ёфт ва чанд рӯз бад-он сабаб бистарӣ гашт. Ҷамъе аз акобири вақт ба аёдати ӯ омаданду гуфтанд:
– Махдумо, дар чӣ ҳол ҳастед?
Гуфт:
– Ҳоли аз ин бадтар чи бошад, ки дигаре аз бом биафтаду гардани ман бишканад.

* * *
Араберо гуфтанд:
– Шӯрбои гармро бо арабӣ чӣ мегӯянд?
Гуфт:
–  Сахун.
– Шӯрбои сардро чӣ мегӯянд?
– Мо ҳаргиз намегузорем, сард шавад, то онро номе бояд ниҳод.

Аз «Латоиф-ут-тавоиф»-и Фахриддин Алии Сафӣ

Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН



ОСКАР СВАНИ
СОЛОРТАРИН ЧЕМПИОН  ДАР ТАЪРИХ
Оскар Свани шведӣ чемпиони секаратаи бозиҳои олимпӣ аз рӯи тирандозӣ, ҳамчун куҳансолтарин чемпиони ҷаҳон эътироф гардидааст.  Ӯ, аввалин медали тиллои худро соли 1908 замоне ки 60 сол дошт ба даст овард. Соли 1912 дар синни 63-солагӣ дар ҳайати дастаи якачини Шведсия баромад намуда, сазовори медали тилло гашт. Инчунин, дар олимпиадае, ки соли 1920 дар шаҳри Антверпени Белгия баргузор гашт, Свании 72-сола бо медали нуқра мукофотонда шуд. 

Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


“НИГОРАҲОИ МАШҲУР АЗ ОСОРХОНАҲОИ ҶАҲОН”
ҲАЙКАЛИ МАРМАРИНИ  ЮПИТЕР
Ҳайкали Юпитер яке аз муҷассамаҳои бузург, ҳамчун рамзи худои олии қадимаи Рим дар  ҷаҳон мебошад, ки дар Эрмитажи давлатии Россия нигаҳдорӣ мешавад. Муҷассамаро, ки  дар асри I мелодӣ аз санги мармар сохта шудааст, соли 1868 император Александри II  харида, ба Эрмитаж супурдааст. Ин ҳайкал бо баландии худ беназир буда, дарозиаш якҷо бо зерпояи асри XIX панҷ метр, вазнаш 16 тонна мебошад. 
 Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ


БО ФАЙЗИ ҚАДАМИ Ӯ ДАРҲОИ ДУНЁ БА РӮЯМ БОЗ ХОҲАНД ШУД

Оилаи ҷавоне аҳд намуданд, ки як рӯз дари хонаро ба рӯи ҳеҷ касе боз нахоҳанд кард. Субҳ занги дар садо дод. Онҳо диданд, ки пушти дар волидайни шавҳар истодаанд. Дарро накушоданд. Баъди интизории тулонӣ, онҳо рафтанд. Чанде нагузашта, занги дар дубора садо дод. Зан дид, ки пушти дар волидайнаш ҳастанд. Каме истод, гирён шуд ва тоқат накарда, ба ҳуҷраи дигар рафт. Мард ин ҳолати занро дида, раҳмаш омад ва дарро кушоду онҳоро ба хона даъват кард.
Бо гузашти солҳо ин оила соҳиби чор писару як духтар шуданд. Мард ба хотири таваллуди духтар базми калон ороста, ҳама дӯстонашро даъват кард. Рафиқон аз ӯ пурсиданд:
– Барои чи ту ин қадар хушҳолӣ? Дар таваллуди чор писар чунин шодии туро надида будем.
 Мард воқеаи чанд сол қабл бавуқуъпайвастаро пеши назар овард ва бо табассум ҷавоб дод:
– Бо файзи қадами ӯ дарҳои дунё барӯям боз хоҳанд шуд.
Таҳияи Лола РИЗОӢ


НАФЪИ САЙРУГАШТИ ҶАНГАЛИ
ДАРАХТОНИ СӮЗАНБАРГ

Дар натиҷаи таҳқиқотҳои бисёрсола, олимон собит сохтанд, ки ҳавои ҷангали оилаи дарахтони сӯзанбарг ниҳоят тоза аст. Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, сайругашт дар чунин бешаҳо ба кори муназзами дил ва зиёдшавии дараҷаи гемоглобин дар хун мусоидат намуда, нафаскаширо беҳтар мекунад, хастагиро рафъ  месозад ва, бартар аз ҳама,  масунияти баданро пурқувваттар мегардонад.  
Бо назардошти ин, муҳаққиқон ба ҳамагон, бахусус сигоркашони ашаддӣ ва кормандони идораҳо, тавсия медиҳанд, ки вақт пайдо карда, ба сайругашти ин ҷангалҳо раванд, то вазъи тандурустияшон сол ба солу беш аз пеш беҳтар гардад.  

Таҳияи Ш. ШОКИР


СОЗҲОИ МУСИҚӢ
СОЗ
Соз асбоби тории мусиқӣ буда, дар байни халқҳои Осиёи Миёна, Қазоқистон, Афғонистон, Эрон ва Туркия маъмул аст. Соз косаи мурудшакл дошта, аз чӯб сохта мешавад. Дастааш дароз буда, ба он пардаҳо насб шудаанд. Торҳои филизии ҷуфт ё дутори сегона дорад. Дарозии умумиаш 70-80 сантиметр мебошад. Созро бо мизроб менавозанд. Онро, асосан, яккахонҳою созандаҳо истифода мебаранд. Дар ансамбл ва оркестр низ ҷойи худро дорад.
  
Таҳияи Шодмон  АБДУРАҲИМ

Санаи нашр: 10.11.2023 №: 222
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив