ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПИРЯХҲО.  АЗ ҲИФЗИ БОИГАРИҲОИ ТАБИӢ ТО МАСЪАЛАҲОИ ДИГАРИ ЭКОЛОГӢ

ПИРЯХҲО.  АЗ ҲИФЗИ БОИГАРИҲОИ ТАБИӢ ТО МАСЪАЛАҲОИ ДИГАРИ ЭКОЛОГӢ

27 феврал 2023, Душанбе
115
0
Маҳсули сӯхтани сӯзишворӣ ҳавои атмосфераро ифлос менамояд. Карбогидридҳои хориҷшуда бо озони қабати атмосфера ба реаксия дохил гардида, пайвастагиҳои барои организми инсон, ҳайвонот ва рустаниҳо хатарнокро ҳосил мекунанд. Аз тарафи дигар, сӯхтани сӯзишворӣ дар ҳаракатдиҳандаҳои ҳароратӣ (мошинҳо) оксигенро дар таркиби атмосфера кам мегардонад.
 
Дар ҷумҳурии мо шумораи мошинҳои бо сӯзишворӣ коркунанда хеле афзуда, ифлосшавии атмосфераро зиёд мегардонанд. Барои тоза нигоҳ доштани атмосферае, ки аз он одамон, ҳайвоноту наботот баҳраваранд, чораҳои зарурӣ андешидан лозим. Дар замони ҳозира баҳри муҳофизати муҳити атроф аз таҷҳизотҳои тозакунӣ истифода мебаранд ва онҳо ба партофтани моддаҳои зараровар монеъ мешаванд, истифодабарии пайвастагиҳои металлҳои вазнинро дар таркиби сӯзишвориҳо маҳдуд менамоянд. 
Дар Тоҷикистон баҳри тоза нигоҳ доштани муҳити зист дар ояндаи наздик шароитҳои хуб муҳайё мегардад. Баъди пурра ба кор оғоз намудани Неругоҳи барқи обии “Роғун” дар шаҳрҳои ҷумҳурӣ имконияти истифодабарии нақлиётҳои электромобилӣ – троллейбусу электровозҳо зиёдтар мешавад. Роҳи дигари тоза нигоҳ доштани атмосфера истифодаи автомобилҳои бо энергияи Офтоб коркунанда ба шумор меравад. Ҳамин тариқ, барои тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва ҳифзи саломатии аҳолии кишвар аз тамоми имкониятҳои самарабахш истифода бурдан зарур аст.
Дар Тоҷикистон ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ аз эҳтимол дур нест. Дар ин маврид истиқлолияти энергетикиро баҳри баланд бардоштани ҳифзи муҳити зист ва саломатии аҳолии кишвар равона намудан, натиҷаҳои назаррас медиҳад.
Таркиби газҳою моддаҳои ба атмосфера партофташуда намакҳои гуногун доранд ва онҳо ба воситаи ҳавои дарҳаракатбуда, то ба болои пиряхҳо рафта мерасанд. Ин намакҳо ба таркиби пиряхҳо дохил шуда, гармигузаронии онҳоро меафзоянд ва ин боиси баланд гардидани суръати гудохташавии пиряхҳо мешавад. Ҳамин тариқ, вазъияти пиряҳо ба масъалаҳои экологӣ – ҳифзи муҳити зист робитаи зич дорад. Барои нигоҳдории пиряхҳо аз гудохташавӣ, муҳити зистро аз ҷиҳати экологӣ тоза нигоҳ доштан шарт ва зарур мебошад. Ҳисобкуниҳо нишон доданд, ки қимати зичии сели гармӣ ба қимати калонтарин барои фарқи ҳарорати t = 30К, ғафсии 1мм аз сатҳи пирях мувофиқ меояд. Бо афзоиши масофа аз пирях зичии сели гармӣ зиёд мешавад. Ҳангоми тағйирёбии масофа аз 50 то 500 метр зичии сели гармӣ 10 маротиба меафзояд. Чи қадаре, ки масофа аз пирях калон бошад, таъсири зичии сели гармӣ ба гудохташавии пирях зиёд мегардад.
Омили дигаре, ки ба хурдшавии ҳаҷми пиряхҳо таъсир мерасонад, захираи калони намаки ошӣ дар минтақаи вилояти Хатлон, аз ҷумла кӯҳи намаки Хоҷамуъмин, мебошад. Бари он 8,5 километр буда, баландии деворҳои намакин то 500 метр мерасад. Аз ин кӯҳи бузург ба баландиҳои хеле калон гарду чанги намак бардошта мешавад. Аз Хоҷамуъмин на он қадар дур кӯҳи намаки Хоҷа Сартез ҷойгир аст, ки миқдори намаки ошӣ дар он хеле зиёд мебошад. Ҳангоми ба вуҷуд омадани шамолҳои сахт ва баланд гардидани ҳарорат, намаки ошӣ ба намуди зарраҳои хлориди натрий (Nacl) аз ин кӯҳҳои боҳашамат ба пиряхҳо меафтанд ва гармигузаронии онҳоро меафзоянд, ки ин боиси тез обшавии пиряхҳо мегардад. 
Ҳамин тариқ, омилҳои асосии обшавии пиряхҳо ба шумор мераванд: сели гармии афтанда, ба сатҳи онҳо афтидани намакҳои гуногун, аз атмосфера афтидани зарраҳои моддаҳои сахт ва моеъ, парокандашавии рӯшноӣ дар зарраҳои хурди дар атмосфераи сатҳи пиряхҳо мавҷудбуда, афзоиши гази карбон дар атмосфера.
Барои ҷараёни обшавии пиряхҳоро суст намудан, таъсири як қатор омилҳои нишондодашударо кам кардан лозим. Дар аввал, чорабинӣ кардан зарур аст, ки омехтаҳои намакҳо дар ҳаво аз ҳисоби кӯҳҳои фавқуззикр болобароянда ба ҳадди ақал расонда шаванд. Бо ин мақсад, аз чангқапакҳои пуриқтидор истифода бурда, миқдори омехтаҳои намакҳои дар ҳаво болобарояндаро якчанд маротиба кам кардан ба мақсад мувофиқ мебошад.
Барои коҳиш додани газҳои хориҷгардидаи заҳрнок ва ғашҳои гуногуни ба ҳаво афтанда, дар оянда аз мошинаҳои бо батареяи офтобӣ ва батареяҳои пурқуввати аккумуляторӣ коркунанда истифода бурдан зарур мебошад.
Ҳамин тариқ, барои муҳофизати пиряхҳо аз обшавӣ тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода бурда, чораҳои зарурӣ андешидан лозим аст.
 
Ҳамид МАҶИДОВ,
Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессори Донишгоҳи байналмилалии 
сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Санаи нашр: 27.02.2023 №: 44
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив