ҶАВОНОН. МО ВА ОЯНДАИ МО
![]()
Ҳар сол 23-юми май дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи ҷавонон бо шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил мегардад. Ин рӯз танҳо як санаи тақвимӣ нест, балки рамзи эътимоди давлат ба насли ҷавон, рамзи умед ба фардои дурахшони миллат ва нишонаи эҳтиром ба неруи бузурги созанда мебошад.
Вақте сухан аз ҷавонон меравад, пеш аз ҳама, симои Тоҷикистони навин, давлати рӯ ба рушд ва ҷомеаи пур аз орзуву иқдомҳои созанда пеши назар меояд, зеро ҷавонон идомадиҳандаи роҳи пурифтихори гузаштагон, муҳофизони дастовардҳои истиқлол ва бунёдкорони фардои Ватан мебошанд.
Тоҷикистон кишвари ҷавон аст ва қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ҳамин ҷост, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дошта, барои рушду такомули онҳо имкониятҳои васеъ фароҳам оварда мешавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ пайваста ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
Дар ин замина, хосса дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои ҷавонони кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шуд, то онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок намоянд. Садҳо муассисаи таълимӣ, донишгоҳу коллеҷҳо, китобхонаҳо, марказҳои ҷавонон, маҷмааву майдончаҳои муосири варзишӣ бунёд гардиданд.
Вилояти Хатлон низ ҳамчун яке аз минтақаҳои бузургу ободи мамлакат имрӯз ба макони ташаббусҳои созандаи ҷавонон табдил ёфтааст. Ҷавонони вилоят дар соҳаҳои кишоварзӣ, илму маориф, варзиш, фарҳанг ва хизмати давлатӣ фаъолияти назаррас дошта, дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.
Имрӯз аз ҷавонон танҳо донишу касб талаб карда намешавад, балки онҳо бояд ҳамзамон дорои маърифати баланди сиёсӣ, фарҳанги миллӣ, худшиносӣ ва дар назди давлату миллат масъулиятшинос бошанд. Ҳифзи истиқлоли давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешгирӣ аз андешаҳои ифротӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Боиси хушнудист, ки ҷавонони тоҷик имрӯз бештар ба омӯзиши илмҳои дақиқ, технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, барномасозӣ ва забонҳои хориҷӣ рӯ меоранд. Насли ҷавони кишвар хуб дарк кардааст, ки дар ҷаҳони муосир танҳо шахси донишманд, соҳибкасб ва ҷаҳонбин метавонад мавқеи арзандаи худро пайдо кунад, зеро ҳақиқати воқеист, ки муваффақият танҳо бо меҳнат, дониш ва ирода ба даст меояд. Пайравии кӯркӯрона ба фарҳанги бегона, беҳудагузаронии вақт, нашъамандӣ, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад ба сарнавишти инсон таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд зиракии сиёсӣ ва фарҳангии худро аз даст надода, миёни иттилооти дурусту нодуруст фарқ гузошта тавонанд.
Сайдалӣ СИРОҶИДДИН,
Ҳикматулло ҶАББОРЗОДА,
судяҳои суди иқтисодии вилояти Хатлон
