АСО АТОЕВ. ПОРАЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ УСТОДИ ФОЗИЛ
![]()
Омӯзгорӣ пешаест заҳматталаб, пурмашаққат ва ҳамзамон, пурифтихор. Дар ин ҷода танҳо нафаре комёб мегардад, ки иродаи қавӣ ва нисбати касби хеш меҳри беандоза дошта бошад.
Ин бор мо васфи омӯзгори фозилу соҳибдониш, Аълочии маорифи Тоҷикистон, шодравон Асо Атоевро мегӯем, ки тули умри дарозу пурбаракаташ шогирдони зиёдро тарбия намудаву дар дили ишон тухми илму маърифат коштааст.
Асо Атоев зодаву парвардаи деҳаи Қурбоншаҳид (ҳоло Меҳробод)-и ноҳияи Восеъ мебошад: деҳае, ки қалъаи шоҳони Хуталон – куҳандизи Ҳулбукро дар оғӯш дорад. Дар ибтидо – аввали солҳои 30-юми асри ХХ, мавсуф дар барпо намудани аввалин колхози деҳа – «Сотсиализм» саҳм мегузорад ва ҳанӯз 14-сола буд, ки ба ӯ иҷрои вазифаи пурмасъули ҳисобдорро бовар мекунанд. Аммо ӯ дар дил ҳамеша орзуи омӯзгор шуданро мепарварид, зеро ба камол расондани шогирдони донишманду соҳибмаърифатро вазифаи аввалиндараҷаи хеш медонист. Ниҳоят, соли 1937 ин нияти деринааш ҷомаи амал пӯшид ва дар мактаби деҳа ба фаъолияти омӯзгорӣ оғоз бахшид. Баъдан, баҳри такмили ихтисос, дар баробари кору фаъолият, солҳои гуногун Омӯзишгоҳи педагогии Кӯлоб, Институти дусолаи муаллимтайёркунии Кӯлоб ва Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳозира Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ)-ро ғоибона бо ихтисоси муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷик хатм намудааст.
Дар пешаи дӯстдоштааш бо дасту дили гарм заҳмат мекашид ва дар вуҷуди шогирдони хеш меҳри донишандӯзӣ, меҳнатқаринӣ ва соҳибкасб шуданро мепарварид. Заҳматҳои шабонарӯзии устод самараи нек ба бор оварданд. Маҳз ҳидоят ва раҳнамоиҳои Асо Атоев буданд, ки дар деҳа олимони соҳаҳои гуногун, номзадҳои илм Тилло Бобоев, Сайдаҳмад Дӯстов, Шералӣ Раҷабзода, Маҳмадшариф Асоев, Сайидиброҳим Азимов, докторони илм Абдулфаттоҳ Раҳимов, Хаёл Бобоев ва қаҳрамонони меҳнати сотсиалистии Иттиҳоди Шуравӣ Гавҳарбӣ Пиракова ва Ғаффор Абдуллоев ба камол расиданд.
Қобили зикр аст, ки устод дар лаҳзаҳои фориғ аз дарс миёни гулу буттаҳо, ки маҳсули дастонаш буданд, сайр мекарду ба онҳо роз мегуфт. Дар замири шогирдони худ зебоипарастиро мепарварид. Маҳз ҳидоятҳои ӯ буд, ки яке аз шогирдонаш Тилло Бобоев дар оянда миёни мардум бо номи «Тиллои гулпарвар» шуҳратёр гардид, зеро дар шаҳри бостонии Кӯлоб боғи ботаникиро бунёд намуд.
Аҳли деҳа ҳамеша номи устоди равоншод Асо Атоевро бо сипосу некӣ ба ёд меоваранд, зеро мавсуф аз моҳи январи соли 1937 то соли 2012 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Восеъ ба ҳайси омӯзгору директори мактаб фаъолияти пурсамар карда, дар тарбияи ашхоси соҳибмаърифату соҳибкасб саҳми шоиста гузоштааст.
Бояд тазаккур дод, ки меҳнатҳои бисёрсолаи самарабахш ва бенуқсони Асо Атоев соли 2007 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон қадр гардида, инчунин, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Восеъ, ба номи ӯ гузошта шуд.
Сайидҷафар МАҶИДОВ, омӯзгори МТМУ № 4-и ба номи Асо Атоев
