ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАКТАБИ ХОСИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МАКТАБИ ХОСИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

03 феврал 2024, Шанбе
30
0

 
Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ (28-уми декабри соли 2023) таъкид мегардад: «Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар  босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем,  тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибистиқлоламон равона  созем». 
Мо, дар ҳақиқат, истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти кишвару ваҳдати миллиро ба осонӣ соҳиб нашудем. Беш аз сӣ сол пеш кишвар ба гирдоби ҷанг кашида шуд ва хавфи парокандагии миллат, маҳви номи Тоҷикистон аз харитаи сиёсии ҷаҳон вуҷуд дошт. Имрӯз бошад, таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти ҷомеаи башарӣ таҳдид дорад. Омӯзиш аз гузаштаи пурфоҷиаи миллат, барои гирифтани дарси ибрат, худшиносӣ бисёр зарур мебошад. Ҳар Паёми Сарвари давлат як барномаи амалӣ ва роҳнамоӣ ба ояндаи дурахшонтари миллат маҳсуб меёбад. Суҳбати хабарнигори рӯзнома бо иштирокчии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии ҷумҳурӣ Ғайбулло Авзалов, вакили мардумӣ аз ҳивзаи № 171, раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ дар ин хусус аст.  
– Бо гузашти солҳову замонҳо мо ва дигар наслҳо ба заҳматҳо ва ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештару беҳтар аз пештар мерасем. Инчунин, моҳияти иқдомҳои наҷибу нотакрорашро дарк мекунем. Воқеан, Сарвари давлат  тавонистанд, ки миллату давлатро аз вартаи нестшавӣ бароранд ва умри дубора бибахшанд. Ба ин васила, номи худро дар саҳифаҳои китоби таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт намуданд. 
Ман шоҳиди ду даврони зиндагӣ, ду сохти ҷамъиятӣ будам. Он рӯзҳои вазнинро ҳеҷ аз хотир намебарорам ва ба қадри зиндагии имрӯза мерасам. Даврони гузаштаи зиндагиям даврони ранҷу азоб, туҳматҳои беасос маҳсуб меёбанд. Аз Сарихосор муҳоҷирамон карданд. Мардум аз шароити бад, зиндагии вазнин, бемориҳо на танҳо ранҷи фаровон мекашиданд, балки мефавтиданд. Ман ҳисобчии бригадаи истеҳсолӣ будам. Аз ҳар гектари замини бригада ҳосили 50-сентнерӣ пахта мерӯёнданд. Албатта, барои ин ба мукофотҳои моливу пулӣ сарфароз мешудем, аммо барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд хаттӣ ризояти хоҷагиро мегирифтем. Гирифтани ин ризоят ба аксари мардум даст намедод.
Чӣ гуна метавон аз хотир баровард, ки падарамро бо туҳмат зиндонӣ карданд? Суд бо қарораш ӯро сафед кард. Ӯ нусхаи онро ба ҳар кадоми мо дод, ки дар рӯзгор, дар ҳолатҳои вазнин даркорамон мешавад.
Баъди хатми донишгоҳ дар вазифаҳои гуногун фаъолият доштам, албатта, на ба осонӣ бо ташкили монеаҳои сунъӣ барои пеш рафтанам.
Аз овоздиҳандагони ҳавзаи интихоботии № 171 бисёр сипосгузорам, ки барои вакили Шурои Олӣ шуданам, раъйи худро бо бовар доданд. Дар ҳавзаи интихоботии №172 бошад, соли 1990 мардум муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вакили худ дар Шурои Олӣ интихоб намуданд. Шиносоии бештару беҳтари ман бо ин шахсияти таърихӣ дар маҷлисҳои он сурат гирифтанд. 
Ҷанги шаҳрвандӣ, майдоннишиниҳо ин шароитро ба вуҷуд оварда буд, ки номи Тоҷикистон ҳамчун давлат аз харитаи ҷаҳон маҳв бигардад. Дар ин давра барои наҷоту пойдории он худфидоӣ лозим буд. Ин масъулиятро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дӯш гирифтанд. Осон набуд хомӯш кардани оташи ҷанг, баргардондани гурезаҳои иҷборӣ, обод кардани кишвари харобшудаву хонаҳои оташзада ва мардумро аз гуруснагӣ раҳондан. Бешак, замоне ки ба тарафдорияшон барои Раиси Шурои Олӣ интихоб гардидан вакилони мардумӣ раъй доданд, бархе аз мардум тааҷҷуб карданду шубҳа, ки чӣ гуна ин марди ҷавони чилсола кишварро аз ҳалокат мераҳонад? Замоне ки ҳамчун Сарвари навинтихобшудаи давлат гуфтанд, ки ман ба ҳар хонадон сулҳ меорам, шубҳаҳо бештар афзуданд. Чаро? Чунки пештар аз ӯ масъулон ба ин кор ҷиддӣ рӯ наоварданд ва муваффақ ҳам нагаштанд.
Хостанд, ки давлатро дар шаҳри Хуҷанд роҳбарӣ кунанд, аммо ризо нашуданд ва вориди пойтахт гардиданд. Бар замми ҳамаи ин мушкилот, боз дар буҷети давлатӣ пуле набуд.
Имрӯз вақте дастовардҳои беназирро мебинему шоҳид мешавем ва ба он даврон муқоиса мекунем, ҳеҷ бовари кас намеояд, ки чӣ гуна дар муддати кӯтоҳ сарбаландона ба ҳамаи ваъдаи худ вафо карданд. Ин боз дар сурате аст, ки иҷрои онҳоро, ҳатто, тасаввур намудан мушкил буд.
Пешвои миллат ояндаи рӯшани ин миллатро пештару бештар аз ҳамаи  мо дида тавонистанд. Ҳатто, ҳар иқдоми бузургашон дар оғоз барои бархе иҷронашуданӣ ба назар мерасид. Вақт собит сохт, ки дар баробари хиради азалӣ доштану ояндабиниашон, соҳиби иқболи баланд низ ҳастанд.
 Тавре зикр шуд, дастовардҳои кишварро имрӯз наметавон шумурд. Сулҳу амният дар кишвар пойдор аст. Ба ояндаи дурахшон мардум бовар дорад. Сатҳи зиндагӣ боло рафтааст. Агар ба хотир биёрем, дар оғози давлатдории навин мардум аз гуруснагӣ ранҷ мекашиданд. Барои рафъи он, беҳтар шудани зиндагӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як бор 50 ҳазор гектар ва бори дигар 25 ҳазор гектарро дар ихтиёри мардум вогузоштанд. Ин заминҳо ҳамчун заминҳои президентӣ ном бурда шуданду мешаванд. Ҳақиқат ин аст, ки бо чунин ташаббусҳо пештар аз ӯ на танҳо сарваре рӯ оварда тавонист, балки онҳо ба андешаашон роҳ намеёфт. Кадом сарвар бо иқдоми наҷиб Ҳаракати ваҳдати миллиро таъсис дода метавонист? Ин ҳама ба хотири пойдории миллат, давлат, истиқлол, сулҳу ваҳдат мебошад.
Пешвои миллат барномаи фаъолияти Ҳаракатро муайян мекунанд. Ифтихорам аз он аст, ки дар ин мактаби хосу бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҷавонмардӣ, ки роҳбараш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, тарбия ёфтаам. Усулҳои сулҳофарӣ, хомӯш намудани ҷангро ҷаҳониён аз ин мактаб меомӯзанд ва қадр мекунанд.

Мусоҳиб Абулқодири РАҲИМ, 
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 02.02.2024 №: 24
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив