ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФАРҲАНГИ БОСТОНӢ. ДУ ПЕШНИҲОД ДАР ПАЙРАВӢ АЗ ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ФАРҲАНГИ БОСТОНӢ. ДУ ПЕШНИҲОД ДАР ПАЙРАВӢ АЗ ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

05 апрел 2024, Ҷумъа
27
0

 
Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ  Тоҷикистон бо сармояҳои бузурги таърихию фарҳангӣ ва бо ташаббуси Пешвои миллат аз ҷониби созмону ташкилоти байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибфарҳангу соҳибтамаддун ва дорои таърихи бостонӣ эътироф гардид. Тайи ин солҳо ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО «Шашмақом» (2008), «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавии тоҷикон” (2016),  «Наврӯз» (2016), «Чакан – ҳунари гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2018), мусиқии суннатии «Фалак» (2021), «Анъанаҳои кирмакпарварӣ ва истеҳсоли абрешим барои матоъбофӣ» (2022) ва «Латифаҳои Хоҷа Насриддин Афандӣ» (2022) сабт гардиданд.
Қобили зикр аст, ки то имрӯз аз Тоҷикистон фақат се объекти таърихиву табиӣ ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудааст. 
Соли 2015 аз Тоҷикистон 16 объект: 11 фарҳангӣ ва 5 табиӣ  барои сабт ба Феҳристи мероси  ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гардид. Аз 16 объект 3-тоаш: шаҳраки Панҷакенти қадим, мақбараи Муҳаммад Башоро (шаҳри Панҷакент), ёдгориҳои Роҳи бузурги Абрешим (Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Суғду Хатлон) сентябри соли 2023 ба Феҳристи асосии мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО  ворид шуданд. 
Пешвои миллат дар Паём зикр карданд: «Соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардиданд».
Мавриди зикр аст, ки аз 4-ум то 9-уми декабри соли 2023 дар шаҳри Касанеи Ҷумҳурии Ботсвана ҷаласаи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО баргузор шуд.    Дар ин ҷаласа аз Ҷумҳурии Тоҷикистон се  номинатсия: “Донишу таҷрибаҳои анъанавии истеҳсоли матоъҳои атласу адрас”, “Ҷашни Сада” (муштарак бо Эрон) ва “Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ” (муштарак бо кишварҳои Эрон, Озарбойҷон, Туркия, Ӯзбекистон)  қабул гардид. 
24-уми майи соли сипаришуда бо қарори ниҳоди иҷроияи ЮНЕСКО  “Куллиёт”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба Феҳристи хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуд. Он муштаракан аз ҷониби Тоҷикистон, Эрон, Булғористон, Олмон ва Ӯзбекистон барои баррасӣ пешниҳод шуда буд. Қаблан “Девон”-и Ҳофизи Шерозӣ ва “Девон”-и Убайди Зоконӣ ба Феҳристи хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардида буданд.
Дар ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО , ки 18-уми сентябри соли 2023  дар шаҳри Ар-Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор гардид, 9 ёдгории таърихии Тоҷикистон: Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, Тали Хамтӯда, низоми обёрикунии Тоқсанкорез, Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад  Башоро, Гарданаи Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Кум, Қалъаи Ҳисорак, ки ба номинатсияи фаромиллии “Шоҳроҳи Бузурги Абрешим: долони Зарафшон Қароқум” шомил буданд, ба Феҳристи асосии мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО  ворид шуданд. 

ДУ ПЕШНИҲОД ДАР ЭҲЁ ВА РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА ҶАЛБИ САЙЁҲОН
Эҳёи ҳунарҳои ниёгон дар соҳаи меъморӣ, аз ҷумла кошикорӣ, наққошӣ, кандакорӣ, таваҷҷуҳи бештареро талаб мекунад. Мавриди зикр аст, ки ҳунарҳои наққошиву кандакорӣ то имрӯз дар байни мардум ба таври васеъ ба роҳ монда шудаанд ва, хушбахтона, ин ду ҳунарро дар омӯзишгоҳҳо низ таълим медиҳанд. Гарчанде ҳунари кошикорӣ дар ду шаҳри бостонии тоҷикон – Самарқанду Бухоро роиҷ бошад, вале дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон ба таври бояду шояд эҳё ва рушд наёфтааст. 

Дар ин замина, пеш аз ҳама,  ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон, рӯзноманигор ва ходими илмии Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот пешниҳод менамоям, ки  ду ҳунари асили мардуми тоҷику форс – гулобгирӣ ва  кошикорӣ, ки аз замонҳои қадим роиҷ буд, эҳё гардад. Чун ҳунари кошикорӣ дар асоси илм эҳё шавад, дар он сурат  гунбазу девори мақбараҳои Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигар мақобири бузургону ҷойҳои муқаддас ва кохҳои фарҳангӣ кошикорӣ мегарданд ва бо ҷилову ҳашамати хос таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб хоҳанд кард. 
Эҳё ва рушди ин ду ҳунари асили ниёгон дар Тоҷикистон ва муаррифии шоистаи онҳо дар сатҳи байналмилалӣ низ ба иродаву ҳидоят ва ташаббусу ибтикороти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниёз дорад. 
Мавриди зикр аст, ки яке аз шартҳои ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги башарии ЮНЕСКО сабт гардидани ин ё он номинатсия ба фаъолият ва мавриди амал қарор доштани он дар замони имрӯза вобаста аст.

ГУЛОБ. СУННАТИ НИЁГОНРО БОЯД ЭҲЁ КАРД 
Гулоб ва гулобгирӣ низ яке аз оинҳои қадимаи мардуми тоҷику форс аст. Вале, мутаассифона, солҳост, ки истеҳсоли  он дар кишвари мо  ба гӯшаи фаромӯшӣ афтодааст. Ҳол он ки дар китоби «Қонун»-и Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино барои дармони амрози мухталиф ба истеъмоли гули хушк ё гулоб таъкид шудааст. 
Тарзи тайёр намудани  гулоб чунин аст: субҳидам гулҳои навшукуфтаи садбарги хушбӯи ҷойдориро чида, як шабонарӯз дар соя мегузоранд, пас баргҳоро ҷудо карда мегиранд. Обро дар деги махсуси гулобкашӣ, ки анбиқ ном дорад, рехта, барги гулҳоро ба он меандозанд ва  2-3 дақиқа меҷӯшонанд. Агар сатҳи об аз гулҳо паст бошад, боз қадре об меандозанд, то ки баргҳо пӯшида гарданд. Баъд аз он сарпӯши анбиқро гузошта, давродаври онро бо хамир маҳкам мекунанд ва дар оташи паст 1,5-2 соат меҷӯшонанд. Аз мили анбиқ қатраҳои гулоб  ба зарфи махсуси сарпӯшдор мерезанд, ки даҳонашро сахт бастаанд, то ҳаво надарояд ва дар дохили оби хунук гузошта шудааст.

КОШИКОРӢ. ЭҲЁИ ИН ҲУНАРИ НИЁГОН  АЗ МАНФИАТ ХОЛӢ НЕСТ 
Кошӣ аз гилмоя ва дигар пайвастагиҳои ғайриорганикии омехташуда омода мешавад. Кошикорӣ дар Осиёи Миёна, махсусан, дар санъати меъморӣ васеъ истифода шудааст. Маркази истеҳсоли масолеҳи асосии кошӣ  мавзеи Чӯпонотаи Самарқанд буд, ки аз ин ҷо ба дигар шаҳрҳо кашонда мешуд. Барои мустаҳкам шудани гилмоя мӯй, маводи минералӣ, оксидҳо ҳамроҳ мекарданд. Гилмояи тайёршударо ба қолабҳо рехта, дар хумдонҳо бо ҳарорати баланд мепазонданд. Пас, ба рӯи порчаҳои сафол ранг (сир) медавонданд. Рангро аз алафҳои чилбанд, чоройна ва рангҳои минералӣ (оксиди мис, марганетс, оҳан, кобалт)-и дар ишқор ҳалшуда тайёр мекарданд. Одатан, кошиҳои сирдорро ду-се маротиба сир пӯшонда ҳар бор мепухтанд. Кошикорӣ дар асрҳои 11-12 дар Осиёи Миёна хеле тавсеа ёфт. Дар ин давра кошиҳо дар шакли хиштчаҳои одии сирдор барои рӯкаш кардани баъзе қисмҳои бино ва дертар дар шакли лавҳаҳои рангаву нақшин тайёр карда, барои кошикории биноҳои муҳташам  истифода мегардиданд. Мақбараи Муҳаммади Башоро намунаи олии санъати кошикорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон аст. 
Назар ба андешаи Умед Исмоилзода, сардори раёсати сохтмон ва раванди ҳамгироии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯз ба рӯз талабот ба маҳсулоти кошӣ меафзояд. Месазад, ки ин ҳунари ниёгонамон, яъне кошикорӣ дар Тоҷикистон аз нав эҳё гардад ва дар тазйини қасрҳои фарҳанг ва гунбазҳо ба таври васеъ ба роҳ монда шавад. 
Бояд тазаккур дод, ки мо намунаи олии  санъати нотакрори кандакориро дар Кохи Наврӯз, ки бо пешкории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом шудаву чун нигини пурҷилои пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба ҷилва омадааст, дида метавонем, ки дер боз мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ гардидааст. Ин дурдонаи санъати баланди меъморӣ далолат бар он мекунад, ки ба кор гирифтани санъати кандакорӣ, гачгарӣ ва наққошӣ, бахусус кошикорӣ, дар дигар иншооти сохташаванда аз манфиат холӣ нест.  

Мунаввари САФАР, рӯзноманигор

Санаи нашр: 05.04.2024 №: 63
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив