ШОИРЕ, КИ ШЕЪРАШ ҚОСИДИ СУЛҲ БУД
Мирзо Турсунзода аз сермаҳсултарин ва шинохтатарин шоирони тоҷики садаи бистум ба шумор рафта, яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти сермиллати давлати паҳновари Иттиҳоди Шуравӣ маҳсуб меёфт.
Устоди зиндаёд ба кори эҷодии адабӣ хеле барвақт гаравида, нахустин маҷмуаи хешро ҳанӯз дар 21-солагӣ нашр менамояд, ки «Байрақи зафар» ном дошт ва аз очерку ҳикоя, инчунин, шеърҳои гуногунмавзуъ таркиб ёфта буд. Дар онҳо ғалабаи Инқилоби Октябри соли 1917, заҳмату кӯшишҳои мардуми тоҷик барои аз неъматҳои ҳаёти нав баҳравар гардидан, мубориза бар зидди душманони шуравӣ ва паҳлуҳои дигари ҳаёт дар давлати абарқудрати СССР инъикос ёфтаанд.
Бояд гуфт, ки яке аз саҳифаҳои дурахшони адабиёти тоҷик ва дигар мамолики собиқ Иттиҳоди Шуравӣ инъикоси мавзуи Ҷанги Бузурги Ватанист. Давраи инкишофи эҷодиёти шоир низ ба ҳамин замон рост омад. Аксари адибону санъаткорон хизмат ба Ватанро қарзи асосии хеш ҳисобида, тамоми маҳорату малакаи худро ба он равона намуданд. Дар ашъори давраи ҷангиаш шоири ватандӯст ғалабаи адолатро бар ҷаҳолат ногузир мешумурд. Вожаҳои «виҷдон», «номус», «шараф», «интиқом, «бахт», «озодӣ», ҳаёт», «Ватан», «Модар» ва амсоли инҳо дар шеърҳои устоди сухан махсусу ҳаяҷоновар садо дода, хонандаашро ба далериву шуҷоат даъват мекарданд. Шоир ба ин восита, вазифаи дар назди адибу адабиёт истодаро низ бо сарбаландӣ иҷро намуд.
Дар назми давраи баъдиҷангӣ устод Мирзо Турсунзода бо достони хеш «Қиссаи Ҳиндустон» машҳур гардид. Ин достон аз ду силсила иборат ёфта, пас аз ду сафараш ба Ҳиндустон (солҳои 1947, 1949) эҷод шудааст. Бо ба майдон омадани ин асар адабиёти замони шуравии тоҷик, бахусус назми он, ба арсаи байналмилалӣ баромад ва баъдтар бо тарҷумаи он шоир шуҳрати ҷаҳонӣ ёфт.
Шоир кӯшидааст, ки дар симо ва амалиёту рафтори қаҳрамони лирики (худи шоир)-и асар ҳар як навигарии дар зиндагӣ, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури халқи ҳинд пайдошударо равшан нишон диҳад. Мирзо Турсунзода ҳамчун шахси башардӯст ба тақдири халқи ситамкаши ҳинду бетафовут нест. Ӯ ҳамдард будани хешро ба мардуми азиятдида баён намуда, ҷабру зулмро нисбат ба онҳо маҳкум менамояд. Бахусус, ин маънӣ дар «Бозгашт» ном шеъри ҳамин силсила хеле дарднок тасвир ёфтааст:
Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре,
Дар назар меоварам тороҷгашта кишваре.
Халқи ҳиндуи ситамкашро расон аз мо салом,
Эй суруди ман, агар дорӣ ту ҳам болу паре.
Мавзуи ватандӯстӣ ва муносибати байниҳамдигарии халқҳо аз хусусиятҳои умдаи эҷодиёти шоир аст. Онро метавон дар ашъори зиёди устод, аз ҷумла «Садои Осиё», «Духтари муқаддас», «Ман аз Шарқи озод», «Аз Ганг то Кремл», «Ҷони ширин», ба хубӣ мушоҳида кард.
Боиси тазаккур аст, ки асарҳои Мирзо Турсунзода хеле сода ва дар айни замон самимӣ офарида шуда, зуд ба дили хонанда роҳ меёбанд. Дар баробари ин, бо санъатҳои сухан, ибораороӣ, тарзи баёни ба ҳама фаҳмои фасеҳу вазндор ва ширину хотирмон саҳифаҳои адабиёти тоҷикро рангин сохтаанд. Ҷанбаи лирикии ашъори шоир ҳам басо тобнок буда, кас пас аз хондани шеърҳои ӯ ба ваҷд омада, зебоиҳои диёрро пеши назар меорад. Ашъори ӯ хонандаро ба меҳанпарастӣ, меҳнатдӯстӣ, фидокорӣ, дӯстиву рафоқат, сулҳофарӣ ҳидоят мекунад.
Бешак, номи устоди назми оламгир, Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ки ӯро, пеш аз ҳама, дар арсаи олам ҳамчун вассофи сулҳ мешиносанд, ҳаргиз аз ёдҳо фаромӯш нахоҳад шуд.
Ҳотами ҲОМИД, рӯзноманигор
Санаи нашр: 30.04.2024 №: 80-81
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)