ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РЕПОРТЁР.  ПОРАЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ МАҚСУДИ ҲУСЕЙН

РЕПОРТЁР.  ПОРАЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ МАҚСУДИ ҲУСЕЙН

21 май 2024, Сешанбе
17
0
 
Ӯро яке аз устодони хеш дар маслаки журналистӣ меҳисобам. Аз нахустин қадамҳо дар арсаи матбуот матлаби нахустинам бо супориш, маслиҳат ва таҳрири ин журналисти нотакрор ба табъ расида буд…
Соли 1983 дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин таҳсил мекардам. Он айём дар ДМТ на шуъбаи журналистӣ буду на факултет. Гурӯҳи кӯчаке дар заминаи факултети филологияи тоҷик амал мекарду халос. Тақсимот ба гурӯҳҳо аз курси 3 оғоз меёфт. Хушбахтона, орзуи дерин - шомил шудан ба гурӯҳи журналистӣ насибам гашт. Пас аз итмоми курси 3, гурӯҳи 7-нафараи мо барои андӯхтани таҷриба ба идораи маҷаллаву рӯзномаҳо ва радиои кишвар тақсим шуд. Ман бо хоҳиши худ ва ризоияти устодон рӯзномаи бонуфузи кишвар «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият»)-ро интихоб кардам. Пас аз дидору гуфтугӯ, муовини сармуҳаррир Мамадвафо Мамадризоев маро ба шуъбаи ахбор ва спорт раҳнамун сохт. Мудири шуъба – журналист ва нависандаи ҳаҷвнигор Имомназар Холназар маро бо чеҳраи боз пазироӣ намуда, баъди ҳолпурсӣ гуфт: «Ана, ин бародар Мақсуди Ҳусайн, репортёри асили тоҷик. Як моҳ аз чунин журналист дарси маҳорату таҷриба андӯхтан барои ту нафъи зиёд меорад…».
Мақсуд ҷавонмарди миёнақади ҷингиламӯи хандон, муаддабона маро ба шогирдӣ пазируфт. Он овон дар ҳуҷраи васеи дарозрӯя кормандони ду шуъба заҳмат ба бор доштанд. Дар ду кунҷи болоии ҳуҷра, бари дар бар, ду мудир – Мирзомаҳмуд Мирбобоев ва Имомназари Холназар, поёнтар М. Ҳусайн ва Хурсанд Ҷумъаев рӯёрӯи якдигар  менишастанд. Пушти мизи поёнӣ Оқилхӯҷа Фахриев ва мизи пешорӯи ӯ холӣ буд. Мақсуд ҳамон мизро ба ихтиёри ман супурд. Орому ҳайрон нишаста, ба кори «кит»-ҳои матбуот аз наздик назорат мебурдам. 
МУМТОЗ
Субҳи рӯзи дигар устоди ҷавони ман Мақсудҷон 5-6 мактубро болои миз гузошта, супориш дод: «Мулло Умар, ба ин мактубҳо ҷавоб навис. Аз байн якеро ҷудо карда, – ана аз инаш як хабар омода соз!». Мактуб аз 30 саҳифаи дарозрӯяи дафтари катаки мактабӣ иборат буд. Воаҷаб, аз 30 варақ 1 хабар? Ӯ шарақ-шарақ дастгоҳи аккосиашро санҷида, ба халтачаи сиёҳи латагие печонда, даруни сандуқчаи чоркунҷаи сиёҳи барпаҳни аккосӣ боэҳтиёт гузошт. Кифро ба даст гирифта, ғайб зад. Баъди соате арақшор баргашта, хост ташнагӣ шиканад, аммо чойники чинии яклитраи гулдор кайҳо холӣ гашта. 
– Гӯё аз дарав омада бошанд, – гӯён сӯроҳиро бардошта берун рафт…
Мани таҷрибаомӯз ба ҳар ҳаракату амали «ҳамкорон» диққат медодам. Яке ба шифт назар афканда, сари ибора ё ҷумлаи сарае дар фикр буд. Дигарӣ тез-тез барои ҳалли масоиле ба Универмаги марказӣ (ЦУМ) занг зада, пайи ҳам аз носи Калинин хумор мешикаст. Қисмате ҳамоно қалам медавонданд. Мақсуд блокноташро аз ғалладони миз дарёфта: «Ман дар ҳуҷраи мошинисткаҳо», – гӯён дартоз шуд. Баъди 10 дақиқа бозгашта, пушти миз нишаст. Аз ғалладон ҷадвали 20-сантиметраи чӯбии «хизматнишондодаро» берун овард. Аввал маводи мошинкашударо бодиққат хонд, пасон, зери сарлавҳа ду хатти, аз бари пешгуфтор ду хат ва аз зери саволҳо якхатӣ кашид. Ин ҳамаро устокорона анҷом дод. Ниҳоят, маводро дуқат карда, болои ғарами матолиби рӯи мизи мудир гузошта, оҳи сабук кашид. Лаҳзае осуда, пиёлаи чойи сардшударо ба як дам нӯшида, ором гирифт. Аз озодакориҳо ҳавасам омад. Баъдтар, огаҳӣ ёфтам, ки сарфи назар аз шумораи зарурии мошинисткаҳо аксари маводҳояшро Мақсудҷон худаш мошинка мекардааст. …Рӯзи сеюм ё чорум бо касе маслиҳатро пазонда, сипас, ба ман рӯ овард: – Мулло Умар, назди раиси Ҷамъияти спортии «Меҳнат» Алифбеков рав. Бо ӯ мусоҳиба кун. Имрӯзааш ба ту ҷавоб.
 
МАҲБУБ
Як рӯз пас мусоҳибаро ба дасти устод супурдам. Чизе нагуфта бодвор берун баромад. Рӯзи дигар ҳини ба «кор» омадан, рӯзномаи тозае дар даст ворид шуда, хурсандона садо дод: «Мулло Умар, табрик, мусоҳибаатон чоп шудааст. Аз шумо як питти!…». «Мусоҳиба»-амро хонда ба қавле кайфият бурдам. Матлабро худ мошинка намуда, имзои мудир ва муовини муҳаррирро гирифта, ба шумора ҷо карда будааст. Аз навиштаи банда ба ҷуз фактҳо боқӣ қариб чизе намонда. 
Ана ҳамин аст, маводи аввалини ёдмонам ҳини донишҷӯӣ… Ҳарчанд то он дам (1972-1983) кам-кам дар нашрияҳои «Навобод» (ҳоло «Симои Данғара»), «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз») ва «Бофанда» менавиштам, лек чопи якумин мусоҳибаамро дар рӯзномаи рақами яки мамлакат - «Тоҷикистони советӣ» ба ҳич ваҷҳ фаромӯш намесозам. Он айём чопи маводе барои донишҷӯён дар чунин рӯзномаи муътабари кишвар мояи фахр буд. Инак, бо гузашти 41 сол ҳоло ҳам бар он назарам, ки гомҳои устувори инҷониб дар журналистика маҳз аз ҳамин мусоҳиба ибтидо мегирад. Соли 1986 бори дувум, қабл аз хатми Донишгоҳ боз ҳам дар ҳамон шуъба аз Мақсуди Ҳусейн, Эмомназар Холназар ва дигарон таҷриба андӯхтам.
 
ҲУНАРМАНД
Мақсуд ҳунарманд буд. Аккосӣ мекарду маводи тайёрро бо аксҳояш ба идора меовард. Мудом аз боби табиат, варзиш, аҷоиботи олам, фарҳанг… менавишт. Матлабҳояш дар дигар рӯзномаҳо ва маҷаллаи «Вокруг света» (Москва) низ ба табъ мерасиданд. Бар замми ин, боз ҳунарҳои зиёде дошт. Борҳо шунидаам, ки мегуфт: 
«Бо ман шӯхӣ накунед. Ман шогирди Ҳошим Гадоям…». Боре шоҳиди ҳунари актёриаш шудам. Дар тӯйи хонадоршавии ҳамкурсамон Зикруллои Сайфулло – мусаҳҳеҳи «Тоҷикистони советӣ» ба деҳаи зебоманзари Хӯҷачилдёри Болои ноҳияи Ҳисор рафтем. Ҳамкурсон ва аҳли кормандони рӯзнома меҳмони асосии маърака буданд. Кулминатсияи тӯй ҳунарнамоии «шогирди Ҳошим Гадо» буд. Ӯ назди меҳмонон ва деҳотиён порае аз нақши «Девона»-и устодашро бозид. Чунон ҳунарнамоӣ кард, ки ҳама моту мабҳут монданд. 
Мақсуд Ҳусейнро бемуҳобо бузургони адабиёту фарҳанги тоҷик ва раёсати кормандони ташкилоту идораҳои ватанию хориҷӣ эҳтиром мекарданд. Ӯ низ ба ҳурмати онҳо иззат мегузошт. Ҳамчу оруи асал мавод гирд меовард, журналистони фавтида ё шаҳидгаштаро доимо дар лавҳи хотир дошт. Ба хонадони онон аз созмонҳои гуногун ёрӣ мегирифт... 
Пас аз солҳои нобасомони 1990 Мақсуд пайваста ба аёдати шоирону адибон, ҳунарпешаҳову донишмандони хонашин мерафт, суҳбат меорост, хотири ононро болида медошт ва муҳтавои муколамаҳои хешро дар матбуот чоп мекард. Ҳини аёдат ӯ, ҳатман, бо худ чаҳор дона нони нонво савғо мебурд. Дастовези бағоят қимати овони нобасомон…
 
СОҲИБНОМ
Солҳои 1991-1996 дар рӯзномаи «Садои мардум», баъдтар дар ҳафтавори «Чархи гардун» зери сарпарастии журналисти маъруф Акбари Саттор фаъолият дошт. 11-уми ноябри соли 2000-ум қалби ҳассоси Мақсуди Ҳусайн аз тапидан бозмонд. Журналист, аккос, табиатшинос ва инсони соҳибном, зиндадилу шӯхтабиат, нармдилу серҳаракат беш аз ҳафт моҳ беморӣ кашид. Ҳангоме ки хабари бемориашро шунидам, боварам наомад. Наомад, зеро устод ягон бор аз саломатиаш шиква намекард. Баъдан, бовар ҳам надоштем, ки ӯ ҳам бемор мешавад. Чанд дафъа ҳамроҳи «шеф»-аш Акбар ба аёдат рафтем. Ҳамоно ба дарду фишори хун тан намедод. Ва мегуфт:
«Охир, ман то ҳол барои халқу Ватанам коре накардаам, нақшаҳои зиёди ҳалнашуда дорам…». То рӯзҳои вопасин бовар надошт, ки бемор аст. Пайвандон, дӯстону наздикон умед доштем, ки вай боз мисли пешин дар давутоз мешавад. Баҳри пайдои хабар ё пайғоме мешитобад. Боз аз аёдати пирони барнодили миллат, чеҳраҳои шинохта бо кӯлбори пур баргашта, маҳсули суҳбатҳояшро ба иттилои муштариён мерасонад… Вале…
 
Умари ШЕРХОН, 
публитсист
Санаи нашр: 21.05.2024 №: 94-95
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив