БИҲИШТИ РӮИ ЗАМИН. БАРДОШТИ ИШТИРОКЧИЁНИ КОНФРОНСИ СЕЮМ АЗ ТАМОШОИ МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН
Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз 10-ум то 13-уми июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон сафар намуда, бо имкониятҳои сайёҳиву захираҳои оби кишвар шинос шуданд.
Субҳи 13-уми июни соли равон дар доираи ҳамоиши сатҳи баланд дар саҳни Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҷамъ омада, бо ҳайати беш аз 150-нафараи меҳмонон барои шиносоӣ ба Неругоҳи барқи обии “Норак” сафар намудем. Ҳайатро дар даромадгоҳи шаҳри Норак сокинон бо нону намак, рақсу тарона ва меҳмоннавозии хосаи тоҷикона пешвоз гирифтанд. Меҳмонон бо фаъолияти Неругоҳ шинос шуда, обанбори Норак, агрегатҳо ва осорхонаи ин иншооти бузурги гидроэнергетикиро тамошо намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Норак» 50 сол муқаддам – соли 1972 ба истифода дода шуда, моҳи декабри соли 1979 агрегати охирини Неругоҳ мавриди истифода қарор гирифт. Дар натиҷаи сохтмони Неругоҳ обанбори Норак ба вуҷуд омад, ки масоҳаташ 98 километри мураббаъ, ҳаҷмаш 10,5 миллиард метри мукааб буда, 4,5 миллиард мукааб оби обанбор ҳамчун оби тоза истифода бурда мешавад. Дарозии обанбор 70 километр, бараш то 1 километр, жарфиаш ба ҳисоби миёна 107 метрро ташкил медиҳад. Мавриди зикр аст, ки дар бунёди ин иншооти бузурги энергетикӣ намояндагони 50 халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон саҳм гузоштаанд.
Иштирокчиён ба пазироии самимии мардуми Тоҷикистон баҳои баланд дода, аз тамошои шаҳр, ки боду ҳавои фораму обҳои мусаффо дорад, таассуроти нек бардоштанд. Меҳмонон соате дар соҳили дарёи Вахш нишаста, истироҳат намуданд. Яке аз дарё об менӯшиду ташнагӣ мешикаст. Дигаре, канори рӯд нишаста аз ҳавои тозаву насими форам ҳаловат мебурд. Қисме аз меҳмонон, ки аз кишварҳои Африқо буданд, аз дидани манзараҳои дилфиреби Тоҷикистон ба ваҷд омада, сару рӯи худро бо об тар мекарданд. Ин ҳамаро бо телефону дастгоҳи аксбардорӣ сабт мекарданд.
– Дар бораи Тоҷикистон бисёр шунида будам, вале он чизе, ки дар ин ҷо дидам, маро воқеан ҳам ба ваҷд овард. Табиати зебо, боду ҳавои тозаи Тоҷикистон биҳишти рӯи заминро мемонад. Агар имкон пайдо кунам, ҳар вақт ба тамошои манзараҳои Тоҷикистон меоям, – мегӯяд намояндаи давлати Кувайт Фаҳд аз-Зафери.
– Аз табиати нотакрори Тоҷикистон навору аксҳои зиёде бардоштам. Ба дӯстону ҳамкоронам дар бораи табиати нотакрору одамони наҷиб ва меҳмоннавозии самимии ин сарзамини зебо маълумот медиҳам, – гуфт Диало Блами аз кишвари Буркино Фасо.
Сарвазири Ҷумҳурии Габон Раймон Сима ҳангоми шиносоӣ бо Неругоҳи барқи обии «Норак» изҳор намуд, ки сарватҳои ғании обӣ ва гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки дар олам яке аз бузургтаринҳо ба шумор мераванд, дар ҳолати самаранок ба кор андохтанашон метавонанд барои ҳамаи кишварҳои ин минтақа манфиати зиёди иҷтимоиву иқтисодӣ оваранд.
– Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сайёра пешсаф буда, бо иқдому ташаббусҳои бузурги башардӯстона дар масъалаи об ва дигар масоили умдаи байналмилалӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мақому ҷойгоҳи хосеро касб кардааст, – гуфт Раймон Сима.
Ҳамчунин, гурӯҳҳои дигари меҳмонон аз шаҳри Ҳисор, Неругоҳи барқи обии «Роғун», дараҳои хушманзараи Варзобу Ромит дидан намуданд. Тавре ҳамкасбонамон дар расонаҳо иттилоъ доданд, иштирокчиён аз тамошои манзараҳои дилфиреби кишвар руҳи тоза гирифта, Тоҷикистонро биҳишти рӯи Замин номиданд. Аз ҷумла, вазири муҳити зист, кишоварзӣ ва чорводории Ҷумҳурии Бурундӣ Додико Проспер зимни суҳбат ба АМИТ «Ховар» таассуроташро аз сафар ба Тоҷикистон ва ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об чунин баён намудааст: «Ман бори аввал ба Тоҷикистон омадам, аммо мафтуни табиати нотакрори мамлакати шумо гардидам. Зимни тамошои манзараҳои дилфиреб Тоҷикистонро ҳамчун биҳишти рӯи замин дарёфтам. Ростӣ, таваҷҷуҳамро бештар муҳаббат ва меҳмоннавозии тоҷикон ҷалб кард. Дар мавриди ташаббусҳои Тоҷикистон, махсусан Президенти он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки воқеан Роҳбари шумо шахси ташаббускор ва пешоҳанг дар арсаи ҷаҳонӣ вобаста ба обу иқлим мебошад. Бубинед, тавре дар ҷараёни Конфронс омор пешниҳод шуд, имрӯзҳо тақрибан 2 миллиард нафар дар ҷаҳон ба шабакаҳои таъмини оби ошомидании бехатар дастрасӣ надоранд. Инчунин, зиёда аз 2,4 миллиард нафар дар таъмини оби тозаи нӯшокии экологӣ мушкилӣ мекашад. Ҳар рӯз тақрибан 1000 нафар кӯдак дар ҷаҳон аз бемориҳои бо об ва беҳдоштӣ вобаста мефавтад. Яъне, аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим чи қадар кишвари пешоҳанг аст ва он ташаббусҳое, ки аз ҷониби Президенти мамлакат гирифта мешаванд, бисёр ба маврид буда, онҳоро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хушнудӣ мепазирад».
– Ман дар канори дарёи Сиёма каме нишастам, аз оби зулолаш нӯшидам ва кайфияти олӣ бардоштам ва ин ҳама зебоиҳои нотакрори табиати биҳиштосои Тоҷикистон бе муҳобот маро шефтаи ин сарзамини кӯҳистонӣ ва мардуми некхислаташ гардонд. Тоҷикон воқеан ҳам меҳмоннавозанду муносибати хеле самимӣ доранд ва одамияташон ҳам хеле баланд аст, ки ман инро аз наздик дидам, – афзудаст хонум Элвира Дедова, профессори Академияи илмҳои Федератсияи Русия баъд аз тамошои дараи Сиёма.
Дар маҷмуъ, сайру сайёҳати иштирокдорон ва меҳмонони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба мавзеъҳои сайёҳии мамлакат, дар муаррифии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта, дар баланд бардоштани нуфузу эътибори кишвар нақши босазо дорад.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 19.06.2024 №: 115
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)