ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПЕШВОИ МИЛЛАТ. АЗ МАСИРИ ДУШВОРИ ДАВЛАТСОЗӢ ТО САОДАТИ МИЛЛӢ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. АЗ МАСИРИ ДУШВОРИ ДАВЛАТСОЗӢ ТО САОДАТИ МИЛЛӢ

01 июл 2024, Душанбе
126
0
Ба ҳамагон маълум аст, ки расидан ба сулҳу ваҳдати пойдор ва зиндагии пурсаодати имрӯзи мо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол осон набуд. Тавре дар саҳифаҳои давлатдории навини тоҷикон сабт шуд, оғози ин масири тоза ва раҳо шудан аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олӣ бо интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Сарвари давлат) асос гузошт. Сулҳу ваҳдати миллӣ, ки ба воқеияти сиёсии рӯзгори мо табдил ёфтааст, ба шарофати иродаи сиёсӣ ва саҳми шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид. 
Баробари Роҳбари давлат интихоб шудан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифа ва масъулияти бисёр сангин – наҷотбахшии миллат ва эҳёи давлатдории навинро ба дӯш гирифтанд. Аз ҳамон соату рӯзҳои аввали сарварӣ ҳарфи сулҳ ва эҷоди фазои амну субот дар каломашон буд ва дар амал иҷро мегардид. Ҳамчунон ки борҳо аз забони худи Роҳбари оқилу хирадпешаи худ шунидаем, омода буданд, ки ба қимати ҷони азизи худ пеши роҳи хунрезӣ дар мамлакатро гиранд ва давлату миллатро аз хатари нобудӣ наҷот бахшанд. Тамоми таҳдиду душвориҳоро далерона паси сар мекарданд ва бо таҳаммулпазирӣ барои қабули қарорҳои муҳиму ояндасоз шароит фароҳам менамуданд.
Ман ин далелҳоро ҳамчун нафаре мегӯям, ки дар он солҳои душвору сангин дар паҳлуи ин шахсияти ҷоннисори миллат фаъолият доштам ва ҳамаи саҳнаҳоро дар ёд дорам. Cарвари тозаинтихоб дар нахустин суханрониашон дидгоҳи давлатмеҳварии худро баён доштанд ва ҷонибҳои даргирро ба сулҳу оштӣ даъват намуданд. Дар ҳамон лаҳзаҳо мо гуфтору амали Роҳбари ҷавони худро ба ҳам тавъам медидем, яъне пойбанди дар амал татбиқ намудани ҳар як қавлу сухани худ буданд.
Ҷасорати фавқулодаи Президенти маҳбуби мо барои тамоми мардум аз нахустин қадамҳояшон дар майдони сиёсати бузург маълум шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарфи сулҳу оштии миллиро на танҳо аз минбари Иҷлосия баён мекарданд, балки худ дар саргаҳи иҷрои ташаббусҳои бамиёнгузошта қарор мегирифтанд. Чунончи, ба хотири наҷоти ҷони шаҳрвандон, ки ба шиддат манзилҳои худро тарк карда ба кишвари бегона паноҳ мебурданд, ба минтақаҳои ҷангзадаи ҷумҳурӣ сафар карданд, то шахсан бо мардум дидору мулоқот кунанд. 22-юми ноябри соли 1992 баъд аз се рӯзи интихоб шуданашон ба маснади Раиси Шурои Олӣ дар рӯзи истироҳат ба кори Иҷлосия танаффус эълон карда, ғайричашмдошти вакилони Шурои Олӣ бидуни кафолати амнияти шахсӣ ба ноҳияҳои Шаҳритусу Панҷ рафта, бо гурӯҳҳои мусаллаҳ ва сокинони аз тақдири худ нигарон мулоқотҳои рӯ ба рӯ анҷом доданд. Сарвари давлат дар чунин диду боздидҳо вазъро аз наздик омӯхта, ҷиҳати рафъи мушкилот ва проблемаҳои ҷойдошта дар Иҷлосия масъалагузорӣ мекарданд.
Тавре маълум, то баргузории Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олӣ бар асари даргириҳо ва шиддат гирифтани вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар мамлакат тамоми рукнҳои давлатдорӣ фалаҷ гардида буданд. Аз ин рӯ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва асосҳои бунёдии давлати соҳибистиқлол аз масъалаҳои меҳварии Иҷлосия буданд. Дар ҳамин ҳол, таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати барқарор намудани ҳокимияти давлатӣ, ташкили мақомоти идоракунӣ иқдомҳои амалӣ роҳандозӣ гаштанд.
Дар ҳамин замина 26-уми ноябр роҳбарияти Фронти халқӣ, мухолифони мусаллаҳ барои музокирот ва ба замин гузоштани силоҳ ба Иҷлосия даъват шуданд. Тавре сокинони мамлакат тавассути сабту наворҳои ин бахши кори Иҷлосия огоҳанд, зимни ба ҳам омадани гурӯҳҳои мусаллаҳ Парчами нав ба толор ворид карда шуд ва нахуст, Сарвари давлат дар баробари ин рамзи давлатӣ эҳтиром ба ҷо оварда, онро бӯсиданд ва ба дидагони хеш молиданд. Ин амали роҳбари ватандӯст, ҳозиринро ба ваҷд овард ва дигар фармондеҳон ба он пайравӣ карданд, ки аввалин муждаи иттиҳоду сарҷамъӣ ва эъмори сулҳу оромӣ буд. Саҳнаи дигаре, ки умеди сулҳу ваҳдати миллиро дар дили мо вакилон ва тамоми мардум қавитар сохт, сари дастархони умумии  Оши  оштӣ нишастан буд. Ин иқдом, боварӣ ба Роҳбари давлатро меафзуд ва барои татбиқи ташаббусҳои ояндасозашон заминаҳои ҳамдигарфаҳмиро фароҳам сохт.  
Ҳамин тавр, Иҷлосияи шонздаҳум ба қабули қарорҳои муҳиме даст ёфт, ки барои барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва эҳёи давлатдории навин заминаҳои бунёдӣ гузоштанд ва муаллифи онҳо Президенти маҳбуби кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд. Аз ҷумла, таҳти сарварии Роҳбари давлат мо, вакилон, санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро тасвиб кардем, ки барои баргардондани гурезаҳо ба Ватан ва бартараф кардани дигар мушкилоти мавҷуда мусоидат карданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ва дигар маҷмуи қонунҳо аз аввалин санадҳое буданд, ки роҳро ба фардои неку дурахшон ҳамвор карданд.
Як нуктаи дигар қобили ёдоварӣ аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи талошҳои беназирашон барои пойдории сулҳу оштӣ моҳи августи соли 1993 пас аз анҷоми ҷаласаи навбатии Шурои Олӣ ба манзури мулоқот бо роҳбарони Иттиҳоди мухолифон ба Афғонистон сафар карданд. Ин сафаре буд, ки он замон дар ин кишвари ҷангзада даргириҳо давом дошт ва бисёр хатарноку нигаронкунанда арзёбӣ мешуд. Дар чунин вазъ, касе амнияти шахсии Сарвари давлати моро кафолат намедод ва аз сӯи бархе роҳбарони қудративу амниятӣ низ ин сафар тавсия намешуд. Вале, бо вуҷуди ин ҳама, Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорати фавқулода ба Афғонистон рафта, нахустин музокироти хешро бо роҳбарони мухолифин анҷом доданд, ки минбаъд барои ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ замина гузошт.
Дар идома 5-уми майи соли 1994 дар шаҳри Москва бо сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид нахустин муколама байни тоҷикон оғоз гардида, ҳамчун идомаи мантиқии ташаббусҳо ва қадамҳои қатъии Сарвари давлат дар роҳи эъмори сулҳу ваҳдати миллӣ фазои мусоидро фароҳам кард. Ман дар ин роҳ ба ҷасорату таҳаммулпазирии Пешвои миллат борҳо аҳсант мехонам, ки сари мизи гуфтушунид овардани гурӯҳҳои мухолиф чи қадар кори сангину душворест, ки маҳз ба туфайли ин марди хирад ба даст омадаанд ва зина ба зина механизми эҷоди сулҳро дар миён гузоштанд.  Ба ин тартиб, ҷиҳати дастёбӣ ба истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ аз соли 1994 то соли 1997 байни тарафҳо ҳашт даври музокирот, аз ҷумла дар Хосдеҳи Афғонистон, Москва Теҳрон, Исломобод, Алмаато ва Ашқобод сурат гирифта, мунтаҳо 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расид.
Ин аллакай оғози марҳалаи нави давлатдории тоҷикон таҳти сиёсати сулҳофарини Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо ва давлати моро ба қаламрави пешрафту тараққиёт ворид сохт. Дар ҳамин ҳол, барои расидан ба мақсадҳои наҷиб ва ормонҳои миллӣ бояд заминаҳои ҳуқуқии Созишномаи истиқрори сулҳ ва соз-гории миллӣ истеҳком бахшида мешуд. Ба ин манзур, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоди махсус – Ҳаракати ваҳдати миллиро таъсис доданд. Зеро, бо вуҷуди ба даст омадани созишномаи сулҳ, ҳанӯз гурӯҳҳое буданд, ки алайҳи манфиатҳои миллӣ амал мекарданд ва даст аз дасисаву иғвогариҳо набардошта буданд. Гузашта аз ин, барои иҷрои тамоми бандҳои Созишнома аз ҷониби Ҳукумат ва гурӯҳи мухолифон дар асоси баробарӣ Комиссияи оштии миллӣ таъсис ёфта, дар соли 2000 баъд аз иҷрои рисолати худ фаъолияташро хатм бахшид.
Таърихи ёдшудаи солҳои навадуми асри гузашта нишон медиҳад, ки дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ нақши сиёсии занон чашмрас буд ва модари тоҷик ҳамчун пешоҳанги сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ аз худ дарак медод. Чун, мо, занону модарони тоҷик, бештар аз ҳама мехостем ва кӯшиш ҳам мекардем, ки ҳарчӣ бештар дар татбиқи сиёсати ваҳдатоину созандаи Пешвои муаззами миллат ва пойдории сулҳу оромӣ нақшофарӣ намоем. Дар Иҷлосияи шонздаҳум аз миёни 197 вакил мо - ҳафт нафар, аз ҷумла Азиза Анварова, Валентина Абдусамадова, Зууракан Давлаталиева, Мамлакат Қаҳҳорова, Адолат Раҳмонова, Гулафзо Савриддинова ва муаллифи ин сатрҳо ҳамчун намояндаи халқ будем ва дар қабули қарору санадҳои муҳиму тақдирсоз иштирок доштем. Ҳар нафари мо, вакилзанҳо, назари хоси худ-ро ҷиҳати саҳм гузоштан барои ояндаи миллат доштем ва дар ин Иҷлосия мавқеи худро баён мекардем. Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонам, ки он рӯзҳо эҳсоси тарсу ҳарос бароямон бегона гашта буду ҷойи онро эҳсоси баланди ватандӯстӣ гирифта буд.
Воқеан, интихоби Бозгул Додхудоева ба ҳайси вазири маориф ва ман ҳамчун раиси Кумитаи сохтори давлатӣ, аъзои Президиуми Шурои Олӣ баёнгари он аст, ки интихоби кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занҳо шуруъ аз ҳамон давра дар маркази диққати Роҳбари давлат қарор дошт.
Бинобар ин, ҷавобан ба чунин як боварии бемисл мо, занҳо, якдилона Сарвари ҷавону умедбахши интихобнамудаи худро ҳимоят ва дастгирӣ мекардем. Ҳамзамон, ғамхорӣ ва пуштибонии Роҳбари давлатро нисбат ба худ ҳамаҷониба эҳсос менамудем.
Ҳоло ин ҳақиқат барои мардуми шарафманди тоҷик ва тамоми аҳли олам маълум аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар идораи умури дохилӣ ва ҳам дар сиёсати хориҷӣ ба унвони сиёсатмадори барҷаста муваффақ шуданд. Давлату миллатро аз хатари нобудӣ наҷот бахшида, балки Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор муаррифӣ карданд. Мо ифтихор аз он мекунем, ки мактаби сулҳофарии Сарвари давлати мо, ҳамчун механизми беназири эҷоди сулҳ мавриди омӯзишу пайравӣ қарор гирифтааст.
Мунтаҳо мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кулли соҳаҳо ба дастовардҳои беназире мушарраф гардидем, ки бесобиқаанд. Аз ин рӯ, бояд ба хидматҳои мондагори ин чеҳраи тобноки таърих арҷгузор бошем  ва дар замони пуртазоди ҷаҳони муосир дар таҳкими дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, ҳифзу ҳимояи сулҳу ваҳдати миллӣ ва, умуман, арзишҳои миллӣ бетараф набошем.
 
Рафиқа МӮСОЕВА, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ
 

Санаи нашр: 01.07.2024 №: 123
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив