ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИНСОНЕ АЗ ТАБОРИ АҲЛИ ФАЗЛ ВА КАМОЛ

ИНСОНЕ АЗ ТАБОРИ АҲЛИ ФАЗЛ ВА КАМОЛ

15 июл 2024, Душанбе
24
0
 
Кароматулло Олимов соли 1959 ба факултети таъриху филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил гардида, соли 1964 онро бо дипломи аъло хатм менамояд. Фаъолияти кории ӯ аз соли 1965 ба сифати омӯзгор дар Муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии №19-и шаҳри Истаравшан оғоз ёфта, то соли 1967 идома мекунад. Бо тавсияи Шурои олимони кафедраи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа ба шуъбаи фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар бахши таърихи фалсафа ба шуъбаи аспирантура дохил мешавад.
Таҳти роҳбарии асосгузори мактаби навини фалсафаи тоҷик ва поягузори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Аловиддин Баҳоваддинов дар мавзуи «Андешаҳои фалсафӣ ва иҷтимоӣ-ахлоқии Саноӣ» таҳқиқоти илмӣ анҷом дода, соли 1971 онро ҳимоя менамояд.
Ба сифати тарҷумон муддати чанд сол дар  Афғонистон ифои вазифа намуда, баъди бозгашт боз ба кори илмӣ машғул мешавад. Ба масоили фалсафаи тасаввуф таваҷҷуҳи хосса дода, соли 1994 рисолаи доктории худро дар мавзуи «Тасаввуфи Хуросон»  дифоъ намуда, соҳиби унвони доктори илмҳои фалсафа мегардад. Соли 2008 узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мешавад. Соли 2013 ба унвони профессорӣ ва соли 2014 ба унвони академики Академияи милли илмҳои Тоҷикистон сазовор мегардад.
Мавсуф солҳои 1969-1971 дар вазифаҳои ходими хурди шуъбаи фалсафа, 1971-1974 ходими калони шуъбаи фалсафа, 1974-1977 сартарҷумон дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон, 1977-1980 ходими калони илмии шуъбаи фалсафаи АМИТ, 1980-1984  сартарҷумони  гурӯҳи мушовирони Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар Афғонистон,  1984-1985 ходими калони илмии шуъбаи фалсафаи АМИТ, 1985-1986 ходими пешбари илмии шуъбаи фалсафаи АМИТ, 1986-1991 мудири сектори таърихи фалсафаи Институти фалсафаи АМИТ, 1992-2001 мудири кафедраи фалсафаи Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АМИТ,  1996 вакили Шурои вакилони халқи шаҳри Душанбе, 1997-2000 узви Комиссияи оштии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2000-2001 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2001-2004 вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2001-2012 раиси комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон, 2004-2007 мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, 2007-2008 директори Институти фалсафаи АМИТ, 2008-2011 директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИТ, 2012-2016 ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пурмаҳсул кор кардааст.
Умуман, Кароматулло Олимов дар рушди илми фалсафа, хусусан таҳқиқи осори файласуфони гузаштаи тоҷик, эҳёи арзишҳои фалсафӣ ва фарҳанги гузаштаи миллӣ, баррасӣ ва ҳалли масоили муҳими ҷомеаи имрӯза, давлатдории миллии муосири тоҷикон хизмати шоиста кардааст. Ҳамаи заҳматҳо, корҳои шоёну хизматҳои арзандаш бо ордени «Нишони фахрӣ» (1982), унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998), барои иштироки фаъолона дар таблиғи андешаҳои сулҳу сулҳофарӣ, таълифи асарҳои зиддитаассубӣ ва ташвиқи осори гузаштагон бо Гувоҳномаи «Узви ҳаракати сулҳи ҷаҳонӣ»-и Созмони байналмилалии байнидинӣ ва байнифарҳангӣ (Ню-Йорк, 2001),  «Ҷоизаи байналмилалии фонди ба номи Манучеҳри фарҳангӣ» (2010), «Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» (2022)  ва дигар ифтихорномаҳои соҳавӣ сазовор дониста шудааст.
Самти асосии фаъолияти корҳои илмӣ-таҳқиқотии ӯро омӯзиш ва пажӯҳиши афкори фалсафии ниёкон, таълимоти фалсафӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ-сиёсии мутафаккирони тоҷик ташкил медиҳад. Дар ин замина муяссараш гардид, ки доир ба паҳлуҳои мухталифи ҷаҳонбинии намояндагони мактабҳои фалсафии марҳилаҳои гуногуни таърихӣ мақолаҳои арзишманд, китобу рисолаҳои алоҳида ба нашр расонад. Хусусан, таҳқиқи афкори фалсафӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ахлоқии  намояндагони барҷастаи равияи тасаввуф, аз ҷумла Абулмаҷд Саноӣ, Абдуллоҳи Ансорӣ ва Абусаиди Абулхайр аз зумраи пажӯҳишҳое ба ҳисоб мераванд, ки хонандаро ба осори арзишманди ин мутафаккирон шинос намуда, рӯзмарра ва саривақтӣ будани ақидаҳои онҳоро нисбат ба табиат ва шинохти моҳияти инсон, худогоҳӣ, маърифати олам, ҷомеашинохтӣ, танзими муносибатҳои ахлоқӣ ва ғайра нишон диҳад.
Осори таълифкардаи муаллиф гуногунҷанба ва гуногунсоҳа мебошанд. Хусусан, аз омӯзиш ва таҳқиқи фаъолияти эҷодии донишманди закитабъ метавон мушаххас кард, ки таълифоти ӯро таҳқиқоти зерин ташкил медиҳанд:  «Философские и социально-этические взгляды Санои». - Д., 1970; «Мировоззрение Санои». - Д., 1973; «Ҷаҳонбинии Абдуллоҳи Ансорӣ». - Д., 1988; «Хорасанский суфизм». - Д., 1994; «Хорасанский суфизм: Опыт историко-философского исследования»: Дис… доктора философ. наук. - Ташкент, 1994; «Бисёрҳизбӣ ва ҷомеаи демократӣ». - Д., 1995; «Баррасиҳо дар тасаввуф». - Д., 1999; «Машъали роҳи хирад». - Д., 2011; «Истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ». - Д., 2013; «Паёми садоқат. Маҷмуаи шеърҳо». - Д., 2014; «Олами ирфон. Мир суфизма. Осори мунтахаб». - Д., 2014; «Андешаҳо доир ба фалсафа, ирфон ва худшиносии миллӣ». - Д.,2014; «Абубакр Закариёи Розӣ донишманди ҷаҳоншумул». - Д., 2016 (ҳаммуаллиф); «Тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои X-XII». - Д., 2019; «Меҳри модар. Ёднома». - Д., 2020; «Мувашшаҳот ба аҳли адаб». - Д., 2020; «Ахтари дурахшони илм». - Д., 2020; «Ҷусторе дар аҳвол, осор ва ҷаҳонбинии Зуфархон Ҷавҳарии Истаравшанӣ». - Д., 2020; «Машъалафрӯзони хирад». - Д., 2021; «Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат». - Д., 2021; «Анвори меҳр. Маҷмуаи шеърҳо». - Д., 2021 ва ғайра.
Таҳқиқоти аввалини К. Олимов дар бахши таърихи фалсафаи тоҷик ба тасаввуф бахшида шуда, унвони «Ҷаҳонбинии Саноӣ»-ро дошт, ки соли 1973 ба нашр расонида шудааст. Асари калонҳаҷми муаллиф «Тасаввуфи Хуросон» мебошад, ки он ду маротиба дар солҳои 1993 ва 2014 нашр гардидааст. Дар ин асар масъалаҳои таърихи фалсафа ва тасаввуфи асрҳои X-XII, аз қабили таълимоти Мустамаллӣ, Ансорӣ, Абусаид, Аббадӣ, Хуҷирӣ ва ғайра мавриди таҳлилу таҳқиқи ҳамаҷониба қарор гирифтаанд.
Дар баробари корҳои сермаҳсули пажӯҳишӣ ба тарҷумаи асарҳои фалсафӣ машғул гардидааст. Бо кӯшиш бевоситаи файласуф  асари арзишманди Абуалӣ ибни Сино «Азҳавия» - аз забони тоҷикӣ ба забони русӣ ва китоби «Ишорот ва танбеҳот» - аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ баргардонида шуданд. Инчунин, зери назари муаллиф чандин маҷмуа, рисолаҳои илмӣ, адабию ахлоқӣ ба нашр расонида шуда,  ба бисёр китобҳои тозанашри соҳавӣ, рисолаҳои илмӣ, фишурдаи рисолаҳо тақриз навиштааст. Ба сифати роҳбар ва мушовири илмӣ дар тарбияи кадрҳои илмӣ ҷиҳати сарафроз гаштан ба дараҷаҳои илмии номзад ва доктори илмҳои фалсафа саҳми бориз дорад.
Ҳамзамон, академик Кароматулло Олимов эътибор ва мақоми илми тоҷикро на танҳо дар дохили кишвар, балки дар миқёси кишварҳои ҷаҳонӣ баланд бардоштааст. Хусусан, дар конференсия ва симпозиумҳои байналмилалие, ки дар кишварҳои Россия, Амрико, Олмон, Фаронса, Белгия, Булғория, Лаҳистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Чин, давлатҳои Араб ва Уқёнуси Ором доир гардидаанд, дар хусуси масъалаҳои мубрами фалсафаи имрӯзаи ҷаҳонӣ ва ба хусус фалсафаи Шарқ иштирок ва маъруза кардааст. Инчунин, осори арзишманди илмиаш бо забонҳои гуногун дар Россия, ИМА, Олмон, Лаҳистон, Эрону Афғонистон ва ғайра рӯйи нашрро дидаанд.
Хусусан, аз дидгоҳи олими нозукбин Абурайҳони Берунӣ донишманди зуфунун буд ва қариб дар ҳамаи соҳаҳои илм таълифот дорад. Гузашта аз ин, оламиён ӯро чун як пажӯҳишгари ихтироъкор шинохтаанд, ки ин ҳақиқатест бе баҳс. 
К. Олимов бо далелҳои илмӣ андешаи олимонеро, ки файласуфи лаҳистонӣ Николай Коперникро асосгузори назарияи гелиосентрикӣ (офтобмарказӣ) меҳисобанд, напазируфта, ба ин масъала чунин иттилоъ медиҳад: «...онҳое бовар доранд, ки аз таърихи илми Шарқ, хосса аз осори Абурайҳони Берунӣ, бехабаранд. Ҳол он ки Берунӣ садсолаҳо пеш аз Коперник илми нуҷумро омӯхтаву дар мавриди гелиомарказӣ андешаи илман асоснок пешниҳод намуда буд. Ин кашфиёт дар олами илм ниҳоят муҳим ва дорои аҳамияти хос буд». 
Асари илмии файласуфи тоҷик К. Олимов зери номи «Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат» аз ҷиҳати илмӣ арзишнок ва дар он бо таҳлилу муқоисаи далелҳои воқеӣ симои Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун лидери умумимиллии тоҷикон, бунёдгузори ваҳдати миллӣ, асосгузори мактаби навини сиёсӣ ва худшиносии миллӣ муаррифӣ карда мешавад. Имрӯз дар пешбурди илмҳои иҷтимоӣ-инсонгароӣ ҳамчун ахтари тобон ҷило дода, фарзанди замони худ буданро собит намуд.
 
Бобоҷон САМИЕВ,
мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги 
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ,
Мирзошоҳрух АСРОРӢ, 
сарходими илмии шуъбаи таърихи
фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Санаи нашр: 15.07.2024 №: 133
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив