ИНТИХОБИ КАСБ. ЧӢ ДАСТОВАРД ВА ЧӢ АЗДАСТДОДАҲО ДОРЕМ?
Таҷрибаи чанд соли охир аз он дарак медиҳад, ки бо вуҷуди зиёд будани шумораи донишгоҳу донишкадаҳо, курсии донишҷӯӣ ҳанӯз ҳам довталабони зиёд дорад, ки фоли нек маҳсуб меёбад. Бо дарназардошти он ки интихоби касб яке аз муҳимтарин марҳалаҳои ҳаёти инсон ба ҳисоб мераваду ҷавонон ба дарки ин аҳамият мерасанд, метавон бо итминони комил гуфт, ки фардои миллати тоҷик ва Ватани маҳбубамон дурахшон аст.
Тавре мегӯянд, ҳар чӣ бурди мост аз мост. Аммо дар ҳамин ҳол барои сабзидани бештар аз бохтҳоямон низ рӯирост бояд бигӯем, то дар ҳамдастӣ пайи ислоҳашон бошем. Дар ҳамин радиф, мехоҳам аз боби баъзе аз костагиҳои ҷузъӣ, вале дар айни ҳол ҷиддие ошкоро ҳарф занам, ки маъмулан марҳалаи хеле тулонӣ, аниқтараш аз довталабӣ то соҳибихтисос шуданро фаро мегирад. Аввалан, нигаронии ман аз он аст, ки баъзан ҷавонон бо дарназардошти баҳо ё тавре мегӯянд, теъдоди холҳои бадастовардаашон, аз ҷониби Маркази миллии тестӣ ба мактабу шуъбаҳое роҳхат дода мешаванд, ки на ҳама вақт ба хостаҳои худи онҳо мувофиқат мекунад. Даҳҳо далелҳое дар даст дорам, ки дар чунин ҳолат ҷавонон ноилоҷ факултету шуъбаҳои тасодуфан афтидаашонро хатм мекунанд, вале дар дилашон меҳри касби ноошно ҳамоно маъво ногирифта мемонад. Бо тасдиқ аз андешаи мавриди назар Шукрия Аминова донишҷӯи курси 3-юми факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чунин мегӯяд: «Аз хурдӣ орзуи омӯзгор шуданро доштам ва мехостам ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи номвар дохил шавам. Аммо аз рӯи холҳое, ки тариқи Маркази миллии тестӣ ба даст овардам, ба факултети журналистика роҳхат гирифтам. Муҳиту шароити таълим бад нест, вале чи илоҷ, ки дар бораи ин касб тасаввуроти камтар дорам ва дилам ҳанӯз ҳам барои пешаи дӯстдоштаам ҷӯш мезанад. Метарсам, бо умеди он ки, имрӯз ё фардо ҳатман ихтисоси журналистиро ба омӯзгорӣ иваз мекунам, Донишгоҳро хатм месозаму орзуям ҷомаи амал намепӯшад».
Нигаронии баъдии ман аз муносибати баъзан нодурусти волидайн ба интихоби фарзанд аст. Ҳанӯз ҳам баъзе аз волидайн ба хостаҳои худ нисбати касби ояндаи фарзанд авлавият дода, хоҳиши худи довталабро нодида мегиранд, ки боиси нигаронии ҷиддист. Даҳҳо ҷавонон бо нияти он ки, дили падар ё модарро наранҷонанд, пайи хостаҳои онҳо соҳиби диллом мешаванд, вале дар дарёфти ҷойи кор номуваффақ мемонанд. Маҳз дар ин бора сокини шаҳри Душанбе Лайло Бобоева чунин қисса кард: “Ба хостаҳои волидонам, ки духтур шуданамро тақозо мекарданд, розӣ набудам. Зеро аз бозе, ки худро мешиносам, майли дӯзандагӣ доштам. Падару модар бошанд, омӯхтани касберо, ки мустақилона аз уҳдааш мебаромадам, зарур намешумурданд. Дар ниҳояти кор, дили волидонам наранҷад гуфта, чор сол дар ихтисоси ҳамшираи шафқат хондам. Имрӯз, ки хатм кардам, ҳама шоду хурсанд, вале дил майли дар ин пеша кор карданро надорад...”.
Ин ва даҳҳо далелҳои дигари монанд аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар роҳи муваффақияти бештари ҷавонони мо ҳанӯз ҳам нуқсонҳое ҳастанд, ки бояд бетаъхир бартараф шаванд. Чаро ҷавоне, ки дар замираш ҳунари тарроҳӣ ниҳон аст, бояд духтур шавад? Ё омӯзгоре, ки ҳадафи тарбияи насли ояндаро дорад, чаро тасодуфан ба шуъбаи журналистӣ роҳхат бигирад?!
Ин ва саволҳои дигари монанд, ки ба қабулу гусел ва муҳимтар аз ин, ба камолоти касбии ҷавонони ояндасози мо вобастаанд, аз масъулони соҳаи маориф ва падару модарон ҳамин ҳоло посуху пешгирӣ мехоҳанд, вагарна фардо дер хоҳад шуд!
Руҳафзо МУРОДОВА, “Ҷумҳурият”