НЕРУИ БАРҚ. ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТӢ БАРҚДУЗДИРО АЗ БАЙН ХОҲАД БУРД

08 апрел 2025, Сешанбе
10
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид.
– Лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ, қоидаҳо ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ таҳия ва пешниҳод гардидааст, – гуфт Шуҳрат Ғанизода, узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон.
Музаффар Ашуриён, вазири адлия, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни мавриди назар иброз дошт, ки дар таҷриба шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор нишондоди таҷҳизоти ҳисоби барқиро тағйир медиҳанд ё бе пайвасткунӣ бо чунин таҷҳизот барқро истифода мебаранд. Ин амал, дар натиҷа ба манфиатҳои иқтисодии кишвар зарари ҷиддӣ мерасонад.
Ба гуфтаи вазир, тибқи лоиҳа ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 253 прим (моддаи нав) илова гардида, ҷавобгарии ҷиноятиро барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ пешбинӣ мекунад.
Зикр шуд, ки моддаи иловашаванда аз 3 қисм иборад буда, барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани ҳисоби барқ бо мақсади насупурдани маблағи истифодаи барқ, инчунин, истифодаи барқ бе пайвастан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ (агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз қабули Қонун содир шуда бошад) ҷазои ҷиноятӣ ба андозаи аз 365 то 547 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум намудан аз озодӣ ба муҳлати то 3 сол татбиқ карда мешавад. Тибқи қисми 2 моддаи мазкур ҳамин кирдор агар ба миқдори калон аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми давлатӣ ё аз ҷониби гурӯҳи шаҳрвандон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад, бо ҷаримаи аз 800 то 1200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 6 сол бо маҳдуд кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то 3 сол ҷазо дода мешавад.
Дар асоси қисми 3 моддаи мазкур кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда агар ба миқдори махсусан калон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё ташкилоти ҷамъиятӣ содир шуда бошад, бо маҳрум намудан аз озодӣ ба муҳлати аз 6 то 10 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол ҷазо дода мешавад.
Коршиносон пурзӯр намудани ҷавобгарӣ нисбати истифодаи нодурусти неруи барқро амри зарурӣ дониста, таъкид мекунанд, ки тағийрот ба қонунгузории ҷиноятӣ дар ин самт ба таҳкими фарҳанги истифодаи оқилона ва сарфакоронаи неруи барқ мусоидат хоҳад кард.
Шодмон АБДУРАҲИМ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 08.04.2025 №: 67