БА ВАТАН ВА БА МИЛЛАТ СОДИҚ БОШЕМ!
Миллати тоҷик баъди ҳазор сол бо заҳматҳои фарзандони фарзонааш дар арсаи ҷаҳонӣ чун миллати соҳибтамаддун ном баровард. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол ва миллати арҷманду сарбаланди онро оламиён хуб мешиносанд. Эътирофи Тоҷикистон аз ҷониби мамлакатҳои муқтадиру созмонҳои муътабару пешбари олам далели ин гуфтаҳоянд.
Чунин шинохту эътироф сангест бар даҳони хоинону бадгӯёни миллат, ки аз дур истода мехоҳанд ҷомеаро ноором созанд.
Воқеаҳои фоҷиавии аввали солҳои 90-ум дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун саҳифаи сиёҳ сабт гардидааст. Зеро оқибатҳои ногувори ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳама маълум аст. Ҳама шоҳидем, ки мамлакати мо он давра дар ҳолати ниҳоят вазнини сиёсӣ қарор дошт. Он рӯзҳои мудҳишу пурдаҳшат дар матбуоти даврӣ, китобу мақолаҳо ва миёни мардум бо номҳои “ҷанги бародаркуш”, “ҷанги шаҳрвандӣ” ва ғайраҳо зикр шудааст. Ҳар нафаре, ки шоҳиди он рӯзҳо буд, орзуи онро дорад, ки дигар ҳеҷ гоҳ такрор наёбад.
Бобоқул Убайдов, иштирокчии Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Тоҷикистон, сокини шаҳри Турсунзода, андешаҳои худро аз он давраи бесарусомониҳо чунин баён дошт:
– Ҳар гоҳе он айёми фоҷиабор, харобкориҳо, сӯхтору куштор, парешонии мардуми раҳгумзадаро ба хотир меорам, вуҷудамро ларза фаро мегирад. Бисёр даровар аст ба ёд овардани он солҳо. Вазъият ниҳоят мушкил буд. Тамоми мардуми азияткашидаро тарсу ваҳм, ташвишу саргардонӣ, яъсу ноумедӣ фаро гирифта буд. Ҳеҷ кас дар кӯча равуо карда наметавонист. Аз ҳар тараф садои таркиш, куштори мардуми бегуноҳ, азобу шиканҷа додани силоҳбадастон ба гӯш мерасид. Аз бисёр хонаҳо оҳу нолаи сӯзон, фиғони одамон аз марги фоҷиавии азизонашон ба фалак мепечид. Шаҳрвандон аз рӯзи ба сарашон омада ноумеду дилшикаста шуда буданд. Миллати тоҷик дар ҳолати парокандашавӣ қарор дошт. Аз сабаби ниҳоят бад будани авзои сиёсии пойтахти кишвар, Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шурои Олӣ 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби вилояти Суғд баргузор гашт. Бо сабаби нооромии вазъ, ҳатто ба шаҳри Хуҷанд рафтани мо низ мушкил буд. Ба ҳар восита мухолифон кӯшиш мекарданд, то ин Иҷлосия баргузор нагардад. Одамонро ба гарав низ мегирифтанд. Вале, бо вуҷуди ин ҳама фитнаангезиву ҷудоихоҳӣ ва нақшаҳои тарҳрезинамудаи бадхоҳони миллат, ин Иҷлосия баргузор гашт ва ба бахти мо ҷавони боғайрату боҷасорат – Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб шуданд. Шукр, ки интихоби мардум дуруст баромад ва Сарвари навтаъин дар муддати кӯтоҳ ба Тоҷикистон сулҳ овард. Ман имрӯз аз он меболам, ки дар ин Иҷлосияи тақдирсоз иштирок кардаам.
Дарвоқеъ, дар таърих асос гузоштан ба сулҳу ваҳдати миллӣ падидаи муҳимест, ки на ба ҳар як кас муяссар мешавад. Вале ба Пешвои муаззами миллат ин кор даст дод ва ба шарофати заҳматҳои шабонарӯзиашон имрӯз ҷомеаи ҷаҳон Тоҷикистони моро шинохтаву эътироф менамояд. Ноил шудан ба чунин комёбиҳо аз ҳар нафар иродаву дониш, талошҳои пайваставу ҷасоратро тақозо мекунад, ки Сарвари давлат ин ҳамаро доранд.
Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри ин сулҳу осоиштагӣ бештар бирасем ва бо меҳру эътиқоди зиёд онро ҳифз намоем, зиракии сиёсиро аз даст надода, якдилона ин сарзаминро ободтару зеботар гардонем.
Мардуми шарафманди кишварро месазад, ки дар вазъи мураккабу печидаи ҷаҳони муосир, инчунин, ба рағми иғвоангезону дасисабозон аз як гиребон сар барорад. Ба қадри ҷоннисориҳои Пешвои миллат бирасем. Нагузорем, ки касе ин оромиро халалдор созад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 23.07.2024 №: 138