ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЯН РИПКА.  АЗ ДИЛБАСТАГИИ АДАБИЁТИ ТОҶИК ТО САДОҚАТ БА ҲАҚИҚАТ

ЯН РИПКА.  АЗ ДИЛБАСТАГИИ АДАБИЁТИ ТОҶИК ТО САДОҚАТ БА ҲАҚИҚАТ

01 август 2024, Панҷшанбе
30
0
Ян Рипкаи чехиро бештари аҳли илму дониш дар Тоҷикистон хуб мешиносанд, зеро ӯ қариб ҳамаи бузургони гузаштаи моро нек мешинохт, осори онҳоро омӯхта буд ва бо адибону андешамандони замони нав низ робитаи ҳамешагӣ дошт. Муҳаббати вай ба забону адабиёти тоҷик аз ҷавонӣ дар дилаш маъво гирифт ва то вопасин нафас аз ин шохаи пурбори ҷаҳони илм дил канда натавонист. Ба қавли худаш, адабиёти порсӣ руҳ дар бадани ӯ гардид.
 
ЧАРОҒИ РОБИТА
Ян Рипка 28-уми майи соли 1886 дар шаҳри Кромержижи Чехословакия (то соли 1993 бо ин ном дар Аврупои Марказӣ кишваре мавҷуд буд, ки баъдан ба ду давлати мустақил – Чехия ва Словакия –  тақсим шуд) ба дунё омада, соли 1968 дар шаҳри Прага (Чехия) чашм аз ҷаҳон пӯшид. Ӯро дар ҷаҳони ховаршиносӣ ҳамчун эроншинос ва туркшинос бисёр нек мешиносанд.
Донишгоҳи Венаро дар риштаи фалсафа соли 1910 хатм карда, аз аввалин ходимони илмии Институти шарқшиносии Чехословакия (аз соли 1929) ва узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмии шарқшиносии «Аrchiv orientalni» (“Ганҷинаи шарқӣ”) гардид. Инчунин, рисолаи хатми ӯ дар Донишгоҳ баррасӣ ва тарҷумаи чанд ҳикоят аз “Гулистон”-и Шайх Саъдӣ будааст.
Пайванди ҳақиқии Академияи илмҳои Чехословакия аз соли 1936 буда, ҳамзамон, доктори илмҳои фалсафа ба шумор мерафт. Аввалин кори ӯ тарҷумаи як ҳикояти «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад. Сипас, муддате ба туркшиносӣ машғул шуд. Дере нагузашта эроншиносӣ шуғли аслии Рипка гардид. Ин марди наҷиб то вопасин нафас дӯст ва ошиқи бузургони адабиёти мо, ба монанди Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Саъдӣ, Ҷомӣ, Сӯзании Самарқандӣ монд ва дар бораи онҳо мақолаҳои фаровон навишт. Дар як мусоҳибааш таъкид мекунад: “Осори ба эроншиносӣ бахшидаам шояд аз 300 мақола фаротар равад”.
 
ХОВАРШИНОСИ НОМВАРИ АВРУПО
Дар мамлакатҳои хориҷӣ, махсусан Аврупо, ба тадқиқоти Рипка баҳои баланд додаанд. Номбурда пас аз шарқшиносони аҳди советӣ дар Ғарб аввалин шахсе буд, ки масъалаи мероси адабии мардуми эронинажодро аз нав ба миён гузошта, осори бузурги порсиро мероси муштараки порсҳо ва тоҷикҳо донист. 
Рипка устод Садриддин Айнӣ ва пажӯҳишҳои ӯро бисёр эҳтиром мекарду бо як гурӯҳ аз адабиётшиносони тоҷик, аз ҷумла Соҳиб Табаров, робита дошт. Ҳам фараҳманд ва ҳам ифтихор дошт, ки мо – тоҷикон, соҳиби чунин адабиёти беназири ҷаҳонӣ ҳастем. 
Рипка аъзои фахрии “Бунёди фарҳанги Эрон”, доктори фахрии донишгоҳҳои Варшава, Париж, Вена, Теҳрон, аъзои фахрии Ҷамъияти таърих ва забоншиносии Туркия буд. Ӯ дар бисёр симпозиуму конгрессҳои байналмилалӣ иштирок кардааст. Барандаи ҷоизаи ба номи Климент Готвалд, дорандаи ордени Республикаи Чехословакия ҳам будааст. Муассиси Пажӯҳишгоҳи ориенталистӣ ба шумор меравад.
Соли 1962 Бузург Алавӣ гулчини рубоиҳои Хайёмро ҳамроҳи Мартин Ремане тарҷума ва чоп кард, ки охирсухани онро Ян Рипка навишта.
Ян Рипка барои идомаи робитаҳои адабӣ бо тоҷикону Тоҷикистон шогирди садоқатманде тарбият намуд, ки он Иржи Бечка аст. 
 
КИТОБИ “ТАЪРИХИ АДАБИЁТИ ПОРС-ТОҶИК” 
Китоби номбурда аз машҳуртарин корҳои пажӯҳишӣ буда, кори дастаҷамъонаест, ки бо роҳбарии Рипка борҳо интишор ёфтааст. «Таърихи адабиёти порс-тоҷик» ба забонҳои чехӣ солҳои 1956, 1963, олмонӣ (1959), англисӣ (1968), русӣ (1970) ва полякӣ (1970) тарҷумаву нашр шуд.
Сабаби чунин номгузории китоб ҳамон садоқат ба паймони бастаи устод Садриддин Айнист, ки адабиёти бузурги моро мероси муштараки эрониёну тоҷикони Варорӯд дониста буд.
 
ДИЛБАСТАИ АШЪОРИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ
Ба осори Камол муносибати вижа доштани Ян Рипкаро аз хотираҳои Эраҷи Гулисурхӣ метавон дарк кард. Ёдовар бояд шавем, ки маҳз бо иршоди Рипка Эраҷи Гулисурхӣ ба ҷамъоварии афсонаҳои омиёнаи Эрон ва пажӯҳиши Камоли Хуҷандӣ пардохтааст. 
Гулисурхӣ менависад: “Камоли Хуҷандӣ яке аз бузургтарин сарояндагони порсизабон аст, вале, мутаассифона, ҳамеша мавриди зулм ва ситам қарор гирифта ва агар Камол қудрати каломи Саъдӣ ва Ҳофиз ва тезбинии фаровони хоси худро надошт, шояд ном ва осори ӯ ним қарн баъд аз худаш низ намепоид, зеро дар ошуфтатарин давронҳои иҷтимоии Эрон зиндагӣ мекард, агарчи ҳеҷ гӯшае аз сарзамини бузурги Эрон аз ҳуҷуми муғул ва Темур барканор намонд ва онҳо ҳама ҷо ва ҳама касро аз миён бурданд, вале камтар касе низ монанди Камоли Хуҷандӣ юришҳои муғул ва Темурро чанд бор рӯ дар рӯ бо худ ёфтааст.
Соли 1968 Ян Рипка ба Эрон сафар мекунад ва хотироти хешро дар бораи ҷустуҷӯҳо дар таърихи адабиёти порсӣ ба қалам оварда, аз ҷумла ба моҳномаи “Воҳид”-и Эрон чунин изҳори назар мекунад: “Аз он ки тамоми умрамро сарфи омӯзиши адабиёти порсӣ кардам, пушаймон нестам. Санъату ҳунар ва мафтункории ин адабиёти оламшумул дар руҳи ман маъво гирифтааст”.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
 “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 31.07.2024 №: 144
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив