ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН. СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ШАШУМИН ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ КИШВАРИ МОРО ҶОНИБДОРӢ КАРД

ТОҶИКИСТОН. СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ШАШУМИН ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ КИШВАРИ МОРО ҶОНИБДОРӢ КАРД

26 август 2024, Душанбе
56
0
Боиси ифтихори бузургу саодати азим аст, ки 13-уми августи соли 2024 зимни баргузории Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи ҷадиде таҳти унвони «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» бо иттифоқи оро қабул гардид. Даҳсолаи мазкур ташаббуси шашуми байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Фаронса пешбарӣ гардидааст. 
Бо қабули ин қатънома солҳои 2025-2034 ҳамчун Даҳсолаи амал барои илмҳои криос¬фера, бо мақсади пешбурди ҳамкориҳои ил¬мии сатҳи ҷаҳонӣ бавижа тавассути баргузо¬рии тадқиқоту мониторинги илмии алоқаманд ва, инчунин, талошҳои рушди устувор дар до¬ираи сохтору захираҳои мавҷуда ва саҳмҳои ихтиёрӣ барои ҳалли масоили марбут ба коҳишёбӣ (деградатсияи) пиряхҳо ва тағйирот дар криосфера эълон гардиданд. 
Зеро бо ба андозаи 1,5°С афзудани ҳарорати ҳавои наздизаминӣ, яъне гарм¬шавии глобалии иқлим, олимону коршино¬сон пешгӯӣ мекунанд, ки ҳадди ақал нисфи пиряхҳои имрӯза то соли 2100 аз байн ме¬раванд. Аз соли 1990 инҷониб дар лавҳаи азими яхбандии Гренландия 4,890 млрд тон¬на (Гт) ва давоми солҳои 1992-2020 дар май¬дони бузурги яхистони Антарктика 2,670 Гт об шудани ях далели бармалои коҳишёбии пиряхҳо дар навоҳии қутбии сайёраи Замин аст. Бо чунин миқдори бағоят бузург обшавии пиряхҳо дар манотиқи Арктика ва Антарктика пайомадҳои ногувор дорад ва зиёда аз ин, дар тули 30 сол 4 маротиба афзудааст. Дар баробари ин, гузориши махсуси Гурӯҳи кор¬шиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим (ГКБТИ) оид ба уқёнус ва криосфера дар раванди тағйирёбии иқлим (соли 2019), гузоришҳои ГКБТИ дар соли 2021 (Асосҳои ил¬мии физикӣ) ва 2022 (Таъсирот, мутобиқшавӣ ва осебпазирӣ) ҷомеаи ҷаҳониро водор ме¬намояд, ки дар бораи босуръат обшавии пиряхҳо, камшавии яхбандиҳои доимӣ ва пайомадҳои хатари ногувори он тадбирҳои мушаххасу саривақтӣ андешанд. Чунки ра¬ванди мазкур бо тавъам омадани гармшавии глобалии иқлим ва афзоиши партови газҳои гулхонаӣ вусъат ёфта, оқибатҳои хеле бад дорад. Аз ин рӯ, инсон наметавонад биду¬ни кӯшишҳои босуръат оид ба коҳиш додани таъсири гармшавии иқлим ва кам кардани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера ра¬ванди обшавии пиряхҳо ва камшавии май¬дони яхбандиҳои доимиро дар асри ҷорӣ боз дорад. 
Ҳарчанд оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар криосфера дар сатҳҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ пайомадҳои манфии экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ доранд, сабаби асо¬сии он пеш аз ҳама фаъолият ва таъсироти бевоситаи инсон дар берун аз ин минтақаҳо мебошад. Тағйироти мазкур метавонад ба¬рои хатари офатҳои табиат, экосистемаҳо ва одамон оқибатҳои бебозгашт дошта бошад ва ҳамзамон, ба амнияти обию озуқавории беш аз 2 миллиард аҳолии кураи арз таъсири бе¬восита дорад. Зиёда аз ин, коҳишёбии ҷузъҳои ҷудогонаи криосфера, бахусус пиряхҳову яхбандиҳо дар Гренландия ва Антарктида, барои 50 дарсад баланд шудани сатҳи баҳрҳо ҳиссаи бевосита дошта, ба доман густурдани гармшавӣ дар уқёнусҳо низ таъсири мустақим доранд. 
Бинобар ин, дар шароити имрӯза гузарон¬дани тадқиқоти комилан нави илмӣ оид ба қутбҳо ва пиряхҳо барои беҳтар фаҳмидани аҳамият ва оқибатҳои онҳо дар раванди гарм¬шавии глобалии иқлим барои инсоният бағоят муҳим аст. Маҳз бо назардошти ин нукта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмила¬лии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иброз намуданд: «Бо мақсади тақвияти минбаъдаи ин масъалаи муҳим мо якҷо бо шарикони худ тасмим гирифтем, ки лоиҳаи қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳидро оид ба эълони Даҳсолаи илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ пешбарӣ намоем». Аз ин рӯ, ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки кӯшишҳо ва ҳамкориҳои муштаракро ҷиҳати омӯзишу пажӯҳиши навоҳии қутбӣ ва пиряхҳои онҳо бештару мунтазам гардонад, то ба ин буҳрони дарпешистода дуруст му¬бориза барад. Барои ин, зарурати дарёфт намудани имконоти нав оид ба мустаҳкам гардондани ҷамъияти илмӣ ва вусъат бахши¬дани тадқиқоти илмӣ аҳамияти бағоят бузург дорад. 
Дар ин маврид бояд тазаккур дод, ки дар меҳвари ин ташаббус, қабл аз ҳама, ноил шудан ба ҳадафҳое, чун баланд бардоштани сатҳи амният дар фазои қутбӣ, ба танзим даро¬вардани боркашонӣ тавассути Арктика, рушди туризм дар навоҳии қутбӣ, дастгирии омӯзишу пажӯҳиш оид ба пиряхҳо ва қутбҳо, пурзӯр на¬мудани ҳифзи ҳудудҳои муҳофизатшавандаи баҳр, таҳияи барномаҳои тадқиқотӣ бо ишти¬роки ҷомеаҳои маҳаллӣ ва ғайра қарор дорад. Зеро дар асоси натиҷаҳои гузориши Идораи СММ оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ва Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат таҳти унвони «Пиряхҳо дар ҷойҳои мероси ҷаҳонӣ» дар мавриди обша¬вии босуръати пиряхҳо омадааст, ки то соли 2050 пиряхҳои объектҳои мероси ҷаҳонӣ, ки дар сеяки онҳо пиряхҳо мавҷуданд, аз байн мераванд. Дар тақвияти ин, дар эъломияи Ни¬шасти қутбии «Як cайёра» (Париж, 8-уми ноя¬бри соли 2023) зикр шудааст, ки дар Африқо, Амрико, Осиё, Аврупо, Уқёнусия ва Антаркти¬да таназзулёбии бебозгашти 200 000 пирях мушоҳида гардида, танҳо дар зарфи солҳои 2021-2022 сатҳи нобудшавии ях нисбат ба даҳсолаи қаблӣ ба ҳисоби миёна 20 дарсад зиёдтар будааст. 
Аз ин рӯ, дар қатъномаи «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025- 2034» аз тамоми кишварҳои узви СММ, ташкилотҳои дахлдори низоми он ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва зерминтақавӣ, мардуми бумӣ, инчунин, дигар ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла аҳли илм, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва шахсони алоҳида даъват ба амал оварда шудааст, ки дар ҳама сатҳҳо тавассути пешбурди фаъоли¬яте, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи Даҳсола ва аҳамияти пиряхҳо, барф ва ях дар низоми иқлим ва давраи гидрологӣ, инчунин, таъсири иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва эколо¬гии он ва тағйирот дар криосфера мусоидат менамоянд, табодули таҷрибаву донишҳои беҳтаринро ба роҳ монанд. 
Дар ин қатънома аҳамияти ташаббусҳои марбут ба криосфера барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дарҷ ёфта, аз ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Конфронси байналмилалӣ бахшида ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе (соли 2025) истиқбол шудааст. Тавре болотар зикр гардид, ташаб¬буси қабули қатъномаи «Даҳсолаи амал ба¬рои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи ба¬ланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (Душанбе, 11-уми июни соли 2024) пешниҳод гардида, Пешвои миллат аз кишварҳои узви СММ даъват ба амал оварданд, то аз иқдоми мазкур пуштибонӣ намоянд. Ва ҳамин аст, ки дар баробари Тоҷикистон ба ҷониби ташаббу¬си мазкур кишварҳое, чун Австралия, Белгия, Булғория, Чили, Кипр, Хорватия, Фаронса, Олмон, Италия, Ҷопон, Марокаш, Мозамбик, Нидерланд, Покистон, Перу, Сингапур, Коре¬яи Ҷанубӣ, Испания, Швейтсария, Британияи Кабир, Уругвай ва ғайра ҳамроҳ гардиданд. Ҳамчунин, пешбарии ин ташаббус яке аз натиҷаҳои Нишасти қутбии «Як cайёра» (Па¬риж, 8-уми ноябри соли 2023) низ ба ҳисоб меравад. 
Маҳз бо назардошти буҳрони амиқи глятсиологӣ ва криосферӣ, дар рафти қабули эъломияи Нишасти қутбӣ СММ аз ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Даҳсолаи илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ» комилан ҷонибдорӣ намуд. «Даҳсолаи амал барои илмҳои криос¬фера, солҳои 2025-2034» аз соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» оғоз гардида, дар доираи он Соли панҷуми байнал¬милалии қутбӣ (солҳои 2032-2033) гузаронда мешавад, ки он бо ЮНЕСКО, СҶО, Кумитаи байналмилалии илмии Арктика, Кумитаи илмӣ оид ба тадқиқоти Антарктика, Шурои байнал¬милалии илм, дигар созмонҳои байналмила¬лии қутбшиносӣ ва илмӣ ҳамоҳанг шудааст. 
Ҳамин тавр, бо қабули ташаббуси ша¬шуми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яъне «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» нақши боризи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ бори дигар собит гардида, кишварҳои узви СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ омодагии худро барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар доираи ин Даҳсола иброз менамоянд. 
 
Номвар ҚУРБОН, 
муовини директор оид ба илм ва таълими Институти масъалаҳои об, 
гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 
номзади илмҳои техникӣ, дотсент
Санаи нашр: 26.08.2024 №: 163
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив