ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КӮДАКОН НАСЛИ ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТАНД

КӮДАКОН НАСЛИ ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТАНД

18 сентябр 2024, Чоршанбе
11
0


Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» 20-уми июни соли 2024 дар таҳрири нав қабул гардид. Мусаллам аст, ки ояндаи неку дурахшони миллату давлат аз насли бонангу ор, соҳибмаърифат, бофарҳанг, боистеъдоду закӣ, худшиносу ватандӯст вобастагии калон дорад. Бо назардошти ин, таълиму тарбия намудан ва ба камол расондани фарзандони дорои хислатҳои неки инсонӣ вазифаи аввалиндараҷаи волидайн, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа маҳсуб меёбад, ки дар маҷмуъ, ҳадафи асосии Қонуни мазкур низ аз ин иборат мебошад. Дар робита ба ин  масъала ва дигар паҳлуҳои марбут ба он, бо Давлатшоҳ Маҳмудов, омӯзгори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, суҳбат оростем. 
– Муҳтарам Давлатшоҳ Маҳмудов, дар ибтидо мехостам доир ба зарурати қабули Қонуни мазкур дар таҳрири нав андешаи худро иброз медоштед.  
– Пеш аз ҳама, ба андешаи ман, навгоние, ки дар Қонуни нав ворид гардид, ин «Принсипҳои масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» мебошад. Тибқи нишондоди моддаи 4 Қонун масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ба принсипҳои зерин асос меёбад: 1.Эҳтироми кӯдак, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ.  2. Таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак; 3. Қонуният; 4. Адолат; 5. Инсондӯстӣ; 6. Муносибати инфиродӣ ба таълиму тарбияи кӯдак, аз ҷумла кӯдаки дар вазъияти номусоиди иҷтимоӣ қарордошта; 7. Пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдак; 8. Иштироки аҳли ҷомеа дар таълиму тарбияи кӯдак; 9. Ногузирии ҷавобгарӣ барои вайрон намудани ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои кӯдак.
Чунонки барои мо маълум аст, кӯдакон аз лиҳози ҳуқуқӣ ба табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ дохил мешаванд, зеро онҳо аз назари биологию равонӣ бо шахсони синни калон баробар шуда наметавонанд ва имкониятҳои маҳдудтарро доро ҳастанд. Бо вуҷуди ин, эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳифзи манфиатҳои қонунии кӯдак ва муносибати хирадмандона намудан дар ҳаёти кӯдак аз ҳар ҷониб нафъовар мебошад. 
Масалан, омӯзгори хуб ва асил дар як соати дарсиаш метавонад дар ҳаёти маънавии кӯдак инқилоб ба вуҷуд орад. Барои мо одат шудааст, ки ҳамеша мегӯем, кӯдак 18 соат дар оила ҳасту 5 ва ё 6 соат дар мактаб, аз ин рӯ, аслан волидайн масъуланд. Албатта, ин дуруст аст, аммо дар баробари ин, таъсири амиқи мактабро набояд фаромӯш кард. Бубинед, аксари бузургони илму адаби мо, ки бархеашон мақоми ҷаҳонӣ доранд, дар зери таъсири таълиму тарбияи омӯзгоре чунин роҳро интихоб намуда, ба қуллаҳои баланд расиданд. Аз ин рӯ, ҷойгоҳи омӯзгору мактаб дар ҳаёти мо хело мондагор мебошад. 
Мутаассифона, солҳои охир сафи чунин омӯзгорони хуб ва соҳибтахассус хело кам шудааст. Ин ҳарфҳоро, ки ин ҷо мегӯям, аз таҷрибаи 18-солаи омӯзгорӣ ва ҳамкориҳо бо филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе, инчунин, робитаҳо бо баъзе аз муассисаҳои таълимии ноҳияҳо гирифтаам. Аз ин рӯ, вобаста ба масъалаи мазкур далелҳои хело зиёд рӯи даст дорем, аммо бо мақсади ба дарозо накашидани мавзуъ танҳо ҳаминро зикр менамоям, ки омӯзгори мо бояд имрӯз, пеш аз ҳама, дорои ахлоқи ҳамида (дар ҷараёни кори таълиму тарбия ба шахсияти кӯдак нарасад), дониши баланди ихтисосӣ ва соҳибистеъдоди касби худ бошад. 
– Имрӯз, бо вуҷуди беҳтар гардидани шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ва имкониятҳои фаровони мавҷуда, чаро  бархе аз наврасон ба раванди дарсҳо бетаваҷҷуҳӣ зоҳир мекунанд?  
– Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар, хоса ба туфайли сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хидматҳои омӯзгорони асил мо дар соҳаи илму маориф, инчунин, дар ҷодаи таълиму тарбияи кӯдакон ба дастовардҳои чашмрас ноил гаштем. Мутаассифона, дар баробари ин, ҳанӯз ҳам омӯзгорони тасодуфӣ ва ё бемасъулият дар муассисаҳои таълимӣ кам нестанд. Ҳамин аст, ки ишон наметавонанд рафти дарси худро тавре ба роҳ монанд, ки хонанда ва ё донишҷӯ гузашти вақтро пай набарад. Хонандае, ки дар ҷараёни дарс аз нафаре соат пурсид, пас ин маънои онро дорад, ки он дарс ба ҳадафи асосии худ нарасидааст ва он омӯзгор рисолати ҷонии худро иҷро накардааст. Бештари дарсҳо ҷолиб намегузаранд. Усулҳои фаъоли таълим мегӯем, атрофи он соатҳо дар семинарҳо ҳарф мезанем, аммо натиҷа чандон мусбат нест. 
Муассисаҳои таълимии зиёде ҳастанд, ки бо технологияи нави соҳа таъминанд, аммо чунин омӯзгорон дар рафти дарс аз онҳо пурсамар истифода намебаранд. Ҳоло дар байни ҷомеа, мо баъзан, чунин ҳарфҳоро мешунавем: “Ин фан шавқовар ҳасту инаш не”. Ин нодуруст аст, тамоми фанҳо шавқоваранд, агар омӯзгори хуб дошта бошанд. Вақте омӯзгор метавонад бо малака ва истеъдоди баланди педагогӣ мавзуи дарсро барои хонандагон кушояд, он замон хонанда бедор ва мафтун мешавад, завқ пайдо мекунад. Аз назари психологӣ барои чунин хонандагон оворагардӣ ва вақтро беҳуда гузарондан як амали ғайримуқаррарӣ дониста мешавад. Бештари амалҳои зиддиқонунии кӯдакону ҷавонон аз ҳисоби бесаводию беҳунарӣ ва оворагардӣ ба вуҷуд меоянд. Кӯдак ҳамеша бояд вазифа дошта бошад, бо кори манфиатбахшу ҳадафноке саргарм бошад. Дар баробари истироҳат, аз тарафи зодмандон ва муассисаи таълимӣ боз машғулиятҳои алоҳидаро иҷро кунад ва натиҷаи он ҳатман зери назорат гирифта шавад. 
– Барои андешаҳои ҷолибу пурмуҳтаво ташаккур.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,                                                     
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 18.09.2024 №: 180
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив