ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МОДАРАМ ҶАВОНИАШРО БА МО АРМУҒОН КАРД

МОДАРАМ ҶАВОНИАШРО БА МО АРМУҒОН КАРД

20 сентябр 2024, Ҷумъа
16
0


Падарам соли 1947 аз майдони кории Мирзочӯл, имрӯза Зафаробод бемор шуда омад ва бо ҳамин дард даргузашт. Модарам дар 29-солагӣ танҳо монд. Баъзе аз занони солдида маслиҳати дубора оиладор шуданашро доданд. Дар посух модар мегуфт: «Дуруст мегӯеду лекин ин ятимаконро поёни пойи кӣ монда мехобам? Пеши киҳоба хор мекунам? Кӣ ба инҳо дар ҳақиқат падарӣ мекунад? То мурдан ҳама касу ҳама чизам ҳаминҳоянд».
Модарам ҳамаи вазнинии нигоҳубини моро ба дӯши наҳифаш гирифт. Дар колхоз мардона ранҷ мекашид. Савод надошт, имзоро ба ранҷ мегузошт, вале дар сараш ақли ҳафт мардро дошт. Ҷанговарони аз фронт баргашта, ҳатто маслиҳати ӯро дар корҳои саҳроӣ мегирифтанд. Ӯро мардум «духтари Муллоашӯри Човандоз» мегуфтанду эҳтиром мекарданд. Як мошинаи дарздӯзӣ дошт, ки дар деҳа шояд ду-се каси дигар доштанд. Онро болои сар гирифта, ба Нов (ҳозира Спитамен) мерафт, дар хонаи холаи Ойзодаам хуфта, дарздӯзӣ мекард. Ба ивази кораш ҷав ё гандум оварда, моро медид. Бисёр вақт маро ҳамроҳ мебурд. То 7-8 километр роҳро то деҳаи Тағояки Спитамен пойи пиёда тай мекардем. Он замон мошин куҷо буду аспу ароба куҷо. Аспро одамони дорам нигоҳ медоштанд.
Мо танҳо се фарзанд – Абдураҳим, Зебунисо ва Муҳаммадшариф набудем. Падарамро, ки аз тиҷорат хабар дошту равандаву ёбанда буд, мардум ҳамчун ятимпарвар мешинохт. Бино ба гуфтаҳои модарам, ҳамсоли ман Зулфия гуфтанӣ хоҳарча ҳам доштаем, ки аз бемории сурхча мефавтад. Ҳайитгул ном бародарбузург ҳам доштаем, ки ӯ ҳам дер намепояд. Баъдтар ба сафи мо Қурбон, Саид бо ду хоҳарчаашон Норинисо ва Тоҷинисо (ёдашон ба хайр), Тошмаҳмад, Анорқиз ва як кӯдаки дигар бо номи Бӯстон аз марди ҳӯқандӣ ҳамроҳ шуданд. Бо хости сарнавишт, падари Бӯстон аз ҷанг зинда баргашта ҷигарбандашро бо худ бурд. Онҳоро мардуми русто ятимҳои Салим мегуфтанд. 
Падарам гарчи сандуқи шашсадкилоии чӯбӣ ва хамбаи ҳавлиро аз ҷаву гандум пур карда мемонд, вале аз модарам сарфаву сариштакорӣ, истифодаи оқилонаро ҳар лаҳза талаб мекард. Сиёсатдору бадхашм буд. Пайваста таъкидашон ин буд: «Ба бачаҳои худамон кам диҳӣ, ҳеч гап не, ба сағираҳом кам нате. Нонҳоро ғавстар паз. Чиба ранги инҳо ҳеҷ намедарояд? Дар ғоиби ман ба инҳо зулм накунӣ боз?!».
Аз рӯйи ҳамин масъала рӯзе байни падару модар хархаша бархост. Модарам байни бародарону хоҳарони ятим ва мо – фарзандон нонҳои хурд-хурди ҷавинро тақсим кард. Пайи хӯрдан шудем. Падарам омаду дид, ки дар дасти бародарятими мо – Саид як бурдаи хурдакаки нон мондасту бас. Пурсид, ки сер шудӣ. Ӯ дилу нодилон гуфт: бале. Аммо бо вуҷуди ин, падарам шӯрид. Ба аспи қаҳр нишаст. Модарамро фарёд карду пурсид, чаро ба Саид кам нон додӣ?!
Падарам модарамро заданӣ шуд. Мани кӯдак бо хашм офтобаро аз остона гирифта, ба банди пойи падар задам. Ба тавре модарамро дифоъ кардам. Ин манзараро падарам диду хандид, баъд модар лаб ба ханда кушод ва ҳамин тавр, онҳо оштӣ шуданд. Бинед, одамони пешин чӣ қадар номус ва одамгарии баланд доштанд. Дар ҳақиқат, чунин касон одамони ҷовиданд. 
Имрӯз дарк мекунем, ки падарам то чи ҳад одилу боандеша будааст. Саъдии бузургвор гуфтааст: 
Чу бинӣ ятиме сарафканда пеш,
Мазан бӯса бар рӯи фарзанди хеш.

Базми суннатии писарони хоҳарам боз аз як қаҳрамонии модарам қисса мекунад, ки ибратомӯз мебошад. Тӯйи суннатӣ наздик шуду тарафи бобои Азимбой, қудои мо бузкашӣ ташкил кард. Он замонҳо дар писартӯйӣ бузкашӣ, ба истилоҳ «улоқ» ҳатмӣ буд. Хулоса, ба модарам, ки тани танҳо бори зиндагӣ мекашид, зарур омад, ки аз номи хонаводаи мо ба марраи бузкашӣ ягон чизи арзанда гузорад, охир маърака маъракаи духтари ӯ ҳам ҳисоб мешуд. Модарам бе ҳеҷ дудилагӣ аз сари орият ва ба хотири сархаму мулзам  нашудани  духтараш пеши қудо ягона мошинаи чокдӯзӣ, ягона манбаи ризқу рӯзии фарзандонашро ба марра гузошт.
Он замон нон қадри баланд дошт. Нон – чеҳраи офтобзада ва дастони аз меҳнат сахту дуруштшудаи падарам, чашмони ҳазин ва дастони шахшӯлу обиладори модарамро ба ёд меорад. Мо бачаҳои замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ нонро қариб, ки ба серӣ намедидем, хӯрданаш ҳам кам муяссар мешуд. Имрӯз дар кӯчаҳо, ҳатто, дар партовгоҳҳо нонро хору зор мебинаму дуди фиғонам ба фалак мепечад. Аз кӯдакӣ ба мо ёд медоданд, ки нон ё нонрезаро дар замин бинӣ, гирифта, 3 бор бӯсида, ба чашмонат мол, баъд дар як гӯшае гузор, ки зери по нашавад ё гунҷишкон хӯранду савоб шавад. Он байти машҳури устод Мирзо Турсунзода аз ҳамин одати мардум баргирифта шудааст, ки мегӯянд: «Аз замин нонрезаҳоро дида мемолам ба чашм, Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм». Ҳатто, модарам ҳар бор таъкид мекард, ки дастархонро бурда, зери дарахту буттаҳо афшонед, то нонрезаҳояшро парандаҳою мӯрчаҳо чинанд. Барои мо нон як қурси Офтоб буд гӯё. Нон бошад, дар хона гармӣ ҳам буд…
«Барои пагоҳ ду нони ҷавин ҳаст, дилам пур», – изҳор медошт модарам. Яъне дилпурии фардои мо аз нон вобаста буд. Се вақт хӯрокамон нон буду бас. Имрӯз мардум чунон сер шудаанд, ки на танҳо аз нону ширинӣ қонеъ нестанд, балки мехоҳанд гӯшту кабобу меваю чизҳои дигар низ дар яхдон бошад. Мо кам-кам шукронаро фаромӯш мекунем. Он замонҳо нон дар сабад, дар ягон матои покиза печонда мешуду дар арши хона меовехтанд. Ин ду сабаб дошт, аввалан нонро аз баландӣ гирифтану «ноодилона» хӯрдан ва ба дигарон кам расидани ҳиссаи он пешгирӣ мешуд, дувум, аз ҳашароту сахтшавӣ эмин буд. Ҳамин тавр, сабади нони мо ҳам болои сарамон буду то саҳар кушодашавии онро мунтазир мешудем. Бачаҳои замони мо дар бистари хоб чашмашон дар телефон, чашми мо дар сабади нон буд. Хӯроки шабона, яъне нонро модарам аз сабад гирифта, «мувофиқи гӯшатон» гуфта, механдиду бурдаҳои калонро ба дасти мо – фарзандон медод. Мо чашмгуруснагӣ карда, се-чор пораи онро ба даҳон меандохтем. Дар гулу нонпораҳо қатор шуда, нафасамон мегашт. Бо оби ҷӯшида зуд фурӯ дода, нонро боз мегазидем. Ҳамин тариқ, як бурдаро тамом накарда сер мешудем. Модарам, ки ин ҳолро мушоҳида мекардаст, зуд дастархонро меғундошт. 
«Ана, сер шудед, шукр гӯед, ин нонбурдаҳои дигарро зуд ғундорам, ки фариштаҳо хафа нашаванд боз…», – мегуфт модар.
Мо кунҷковӣ карда мепурсидему ӯ шарҳ медод: «Фаришта болу пари сап-сафед дорад, омада бинад, ки нон нахӯрдаву рӯйи дастархон сахт шуда истодааст, меранҷад. Инҳо нонро хор карданд гуфта, дигар нон намефиристад». 
Мо калонтар шуда, баъд фаҳмидем, ки модари муштипарам бо ин амал сарфаву сариштакорӣ мекардааст. Медонистааст, ки агар имшаб ҳама нонҳоро хӯрем, пагоҳ будан ё набудани нон зери суол аст.
Ростӣ, зиндагии модарам сарорсар панд аст, сабру таҳаммул, чашмикордонӣ, шокириву сабурӣ, ҷавониро ба мо армуғон карданаш қаҳрамониро мемонд. Воқеан ҳам, модари тоҷик барои бахшандагиву ёрмандиву меҳрубонӣ офарида шудааст.

Муҳаммадшариф САЛИМ,
сокини вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон 
ва Ӯзбекистон

Санаи нашр: 19.09.2024 №: 181-182
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив