ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ҒАМХОРИИ БЕШТАРРО ТАҚОЗО ДОРАД

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ҒАМХОРИИ БЕШТАРРО ТАҚОЗО ДОРАД

24 сентябр 2024, Сешанбе
27
0
Забони тоҷикӣ ва, умуман, забони модарӣ, чун муҳимтарин рукни фарҳангӣ ва сиёсию иҷтимоӣ дар ҳаёти ҳар як халқу миллат мавқеъву манзалати сазовор дорад. Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳар суханрониашон шаҳрвандонро ҳушдор медиҳанд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ривоҷи бемайлони бадалшавии низоми сиёсии кишварҳои олам лаҳзае аз ҳифзи асолати забони модарӣ фориғ набошанд. Сарвари давлат дар асари бунёдии “Забони миллат – ҳастии миллат” таъкид кардаанд: “Муҳим он аст, ки аз таҷрибаи ниёгонамон барои ҳифзи асолати забонамон ва афзудани неруву тавонмандии он сабақ бигирем ва нагузорем, ки доду ситади луғавӣ ба табиати забонамон халал ворид кунад”.
Дар ҳақиқат, забони тоҷикӣ, ки дар осори илмӣ бо номи форсии нав ё форсии ҷадид маъруф аст, таърихи басо ҷолиб ва ибратбахш дорад. Устод Айнӣ 19-уми марти соли 1949 ба фарзандаш Камол Айнӣ, ки дар факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград таҳсил мекард, номаи муфассал навишта, аз ҷумла, оид ба ҳақиқати пайдоиши забони тоҷикӣ, чунин изҳори андеша мекунад: "Забони адабии тоҷик,  ки бо истилоҳи “форсии ҷадид” ном бурда мешавад,  на дар асоси забони паҳлавӣ (зеро арабҳо баъди истило забони паҳлавиро аз ҳуқуқи гражданӣ маҳрум намуда, ҳамаи асарҳои дар ин забон навишташударо сӯзонданд ва мактабҳоро ба забони арабӣ гардонданд), балки дар асоси забони суғдӣ, ки дар Мовароуннаҳр ва забони дарӣ, ки дар Хуросони шарқӣ, Ҳисор, Хатлон зинда буданд, ба вуҷуд омадааст".
Далелҳои устод оид ба маҳали пайдоиш ва густариши забони форсии ҷадид басо мушаххас ва боварибахш буда, дорои ҷанбаи пурқуввати таърихӣ мебошад. Аз ҷумла, устод исёнҳои бо сардории Абумуслим, Муқаннаъ, Гурдаки Ғиҷдувонӣ, Рафеъ ибни Лайси Самарқандӣ дар Хуросон ва Мовароуннаҳр сар задаро ёдовар шуда, ба чунин хулоса меояд: “Вақте ки дар натиҷаи исёнҳо арабҳо маҷбур шуданд, ки Мовароуннаҳр, Фарғона ва Хуросонро ба маҳаллиҳо супоранд, дар ин тарафи дарёи Ому Сомониён қувват гирифта, ба осори миллӣ ва забони миллӣ аҳамият доданд ва забони “форсии ҷадид”,  ки шакли умумият гирифта буд, забони расмии ин давлат шуд ва шоирони калон монанди  Рӯдакӣ ва Дақиқӣ аввал дар Мовароуннаҳр расида, ин забонро ба осмон бароварданд, баъд аз он ин забон дар Хуросон қувват гирифта, Фирдавсиҳо ба  майдон омаданд. Кам-кам ин забон ба ҳама ҷойи Эрон паҳн шуда, забони адабӣ ва забони расмӣ шудан гирифт, ки дар Эрони марказӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ ҳам  шоирон расидан  гирифтанд. Ин аст таърих”.
Устод Айнӣ андешаашро оид ба маҳали пайдоиши забони миллӣ идома дода, онро бо чанд мисоли дигар тақвият медиҳад. Аз ҷумла, оид ба ин масъалаи муҳим ба хонанда гӯшрас кардани мулоҳизаҳои донишманди барҷастаи Эрон Саид Нафисиро зарур мешуморад: “Саид Нафисӣ дар бораи Рӯдакӣ ду ҷилд китоб навиштааст (шояд, ҷилди сеюми ин китоб ҳанӯз ба устод Айнӣ дастрас нашуда бошад – К.А.) ва дар як ҷойи ин китоби худ мазмунан ин тавр мегӯяд: “Мо, эрониён, дар сояи исёни Абумуслим, Муқаннаъ ва дигарҳо, дар сояи ташкил ёфтани давлати Сомониён ва дар сояи шоирони онзамонии Мовароуннаҳр ба сифати як миллат соҳиби забон шуда, дар рӯйи дунё зинда мондем. Агар он исёнҳо ва он ташаббуси Мовароуннаҳриҳо намебуд, имрӯз Эрон ҳам мисли Миср як мамлакати арабшуда, мо, эрониён ҳам монанди мисриён араб мегардидем (мазмунан нақл шуд)”.
Оре, дар пайдоиш, ташаккул ва таҳаввули забони миллӣ классикони адабиёт ва фарҳанги мо ҷонбозиҳои зиёде кардаанд. Дар шеъри “Забони модарӣ”-и Бозор Собир аз тамоми дороиҳои моддию маънавӣ барои халқи тоҷик афзалтар будани забони модарӣ таъкид меёбад:
Оҷ гум карду забонро гум накард,
Тоҷ гум карду забонро гум накард.
Тахт гум карду забонро гум накард, 
Бахт гум карду забонро гум накард.
 
Забони миллии тоҷикон дар давраи нав низ мухолифони зиёде, чун пантуркизм ва болшевикизм, пайдо намуд ва аз ибтидои садаи ХХ сар карда, аз ҳуқуқи забони давлатӣ маҳрум кардан (дар соли 1920 дар Бухоро) ва аввал ба алифбои лотинӣ ва баъд ба   алифбои кириллӣ баргардондани алифбои арабиасоси тоҷикӣ пай дар пай ба шикаст дучор шудан гирифт. Махсусан, воқеаи тақсимоти ҳудудҳои миллӣ барои забони тоҷикӣ басо гарон афтод. Пантуркистон ва мухолифон “дар диёри Мовароуннаҳр ва Туркистон истиқомат доштани як қавми муаззам бо номи тоҷик”-ро (С.Айнӣ) инкор карда, ҳанӯз аз ибтидои солҳои 20-ум аз нигоҳи сиёсӣ ва бузургманишӣ забони тоҷикиро дар шароити нави таърихӣ корношоям ва куҳнашуда мешумурданд. Соли 1924 дар рӯзномаи “Туркистон” мақолаи иғвогаронае  чоп  мешавад, ки дар он аз ҷумла омадааст: “Хоҳиши ҷорӣ кардани ин забон (яъне, забони тоҷикӣ–К.А.), аввалан, барои даромадан ба зиндагӣ монеъ мешавад, чунки муҳит ва ҷараёни таърих монеи ин кор аст. Аз тарафи дигар, ин забон барои қабул кардан фоидадор набуда, балки забони бефоида ва зиёдатӣ аст”. Зиёда аз ин, онҳо мавҷудияти забони тоҷикиро тамоман инкор мекунанд. Соли 1928 дар маҷаллаи “За партию” М. Шевердин навишта буд: “Тоҷикон забони адабии худро надоштанд ва ҳанӯз надоранд, онҳо ба забони форсӣ менависанд,  ки на ҳамеша ба тӯдаи мардум фаҳмо меояд”. Ё худ: “Забони адабиёти тоҷик як забони куҳна ва аз истеъмол баромадааст”, – мегуфт шарқшиноси рус А. М. Дяков.
Ана, дар ҳамин давраи барои тақдири забони тоҷикӣ басо ҳассос устод Айнӣ ба ҳимояи он баромада, аз ҷумла дар мақолаи “Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ” (1928), “Забони тоҷикӣ” (1928), “Ҷавоби ман” (1929), “Оид ба вазъияти забоншиносии тоҷик” (1952) таърихи ҳазорсола доштан ва дар давраи нав низ қобили истифодаи комил будани забони тоҷикиро бо далелҳои муътамади илмӣ собит намуд.
Устод Айнӣ дар мақолаи “Забони тоҷикӣ” ақидаи забоншиносонро оид ба ҳолати истифодаи забони адабии тоҷик ба ду гурӯҳ ҷудо мекунад: “Аз рӯйи шунидам, дар болои хостани забон дар адабиёти нави навиштаи тоҷик ду фикри асосӣ меравад: яке, қабул кардани забони умумии форсӣ, ки аз он ҳамаи форсизабонони ҷаҳон фоида бурда тавонанд, дигаре, забони содаи авоми тоҷик”. Устод ба ақидаҳои гурӯҳи аввал, ки забони матбуоти Эронро ба сифати забони адабӣ қабул карданӣ буданд, комилан муқобил мебарояд, зеро ин забон “60-70 фоиз ба арабиҳои мушкил омезиш ёфтааст ва бинобар арабизада будан барои босаводҳои Эрон низ мушкил эҷод кардааст”. Ин аст ки “агар мо байналмилалӣ мекунем гуфта, забони адабиёти тоҷикро аз доираи тоҷикон барорем, қисми авоми тоҷик аз ғизои дониш маҳрум мемонад” ва таъкид мекунад, ки “худи ман тарафдори фикри дувумӣ ҳастам, зеро “аввал хеш, дувум дарвеш” аз масалҳои машҳури тоҷикӣ аст”.  Баъд усули таъини забони ҳозираи тоҷикро шарҳу тафсир дода, роҳҳои истифодаи онро дар мактаб, муассисаҳо, матбуот, нашриёт ва тарҷума нишон медиҳад ва ақидаҳои хешро дар дигар мақолаҳо тақвият мебахшад.
Дар солҳои 30-юм бо баҳонаи ба авом наздик кардани забони адабӣ истифодаи калимаву таркибҳои шевагӣ ва ҷумласозиҳои номуносиби лаҳҷавӣ ба дараҷаи ифрот расид ва дастандаркорон ин “ихтироъҳои” худро бо қарорҳои муассисаҳои дахлдор “асоснок” мекарданд ва яке аз ин “ихтироъҳо”, ки дар лоиҳаи фармони Комиссариати маорифи халқии РСС Тоҷикистон қайд шуда буд, ба ҷойи пасванди  “ро”  истифода намудани пасвандҳои шевагии “а” ва  “я”  мебошад, ки тарафдорони ин “табаддулот”,  аз ҷумла,  И. С. Брагинский буд. И. Брагинский дар китоби “Ҳаёт ва эҷодиёти Садриддин Айнӣ” менависад:  “С. Айнӣ дар ояндаи наздик ба фармон бадал ёфтани лоиҳаро фаҳмида, барои гирифтани пеши “вайрон” кардани забон махсусан аз Самарқанд ба Сталинобод омад... Ӯ дар меҳмонхона манзил гирифт ва ба воситаи рафиқон маро фавран ба наздаш даъват намуд.
Ҳамин ки ба хона даромадам, ӯ дар ҳолате, ки бо чашмони пурхашмаш ба ман теғ кашида нигоҳ  мекард, бо ғазаб коҳишам кард.
-- Ҳамон марде, ки забони тоҷикиро вайрон кардан мехоҳад, шумоед?... Чӣ тавр шудааст, ки бо забоншиносон ва адибон маслиҳат накарда, забони тоҷикиро вайрон кардан хостед? Оё  медонед, ки  “ро” ба назар чизи хурд ва ҳамагӣ ду ҳарф бошад ҳам, ин масъалаи бурроии забон аст ва аз қадим аҳамияти адабӣ дорад! Шумо  ибора ва калимаҳои кӯчагиро ба забони адабӣ дохил карданиед? Забони адабӣ ва забони гуфтугӯиро ин тавр ба ҳам наздик кардан лозим нест. Ба ғайри донистани нормаҳои сарфу наҳв ва ё хусусияти шеваҳо, назокати забонро ҳис кардан лозим аст!”.
Устод Лоҳутӣ низ дар ҳифзу густариши забони тоҷикӣ хизмати бедареғ намудааст.  Аз ҷумла, як мулоҳизаи Абдулвоҳиди Мунзим дар баёноташ бо номи “Арзи ҳол” ҷолиб аст. Мунзим асарҳои аз Туркия фиристодаи Фитратро  хонда,  ба  ӯ эътиқод мепарварад ва баъд дар зери таъсири Фитрат ба забони туркӣ сухан мегуфтагӣ мешавад. Ӯ дар “Арзи ҳол”-и худ менависад:  “Ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки соли 1925 ба шоири сурх рафиқ Лоҳутӣ дар Бухоро ҳамсуҳбат шудам. Рафиқ Лоҳутӣ тоҷикӣ ҳарф мезад, ман туркӣ ҷавоб медодам, дигарон механдиданд. 
Рафиқ Лоҳутӣ:  “Бародар, шумо тоҷикнажодед, забони модарии шумо тоҷикист, ба забони тоҷикӣ шеърҳои обдори бисёре навиштаед ва боз метавонед бинависед, аммо ба забони туркӣ ақаллан ҳарф зада наметавонед, чи расида ба ин, ки чизе навишта ё тавонед навишт” гуфт.
Ман:  “Мо - бухориён, аслан туркнажодем...”  гуфта ҷавоб медодам. Ҳарчанд ки рафиқ Лоҳутӣ  далелҳои пучро бо санадҳои нағзи пурмағз рад карда, ба ман ғолиб омад, то як андоза пӯчиҳои ақидаи худро фаҳмида бошам ҳам, асорати ин фикри хом дар майнаи ман боқӣ монд”.
Дар ин шароит лозим шуд, ки аз Самарқанд, Бухоро ва Тошканд барин шаҳрҳои марказӣ як гурӯҳи калони зиёиён ба Душанбеи навбунёд нақли макон карда, баҳри ҳифзи забон, адабиёт ва илму фарҳанги миллӣ талош варзанд. Аз ин лиҳоз, ба ёд овардани як далели таърихӣ зарур аст. Моҳи августи соли 1930 дар Душанбе  аввалин Анҷумани забоншиносони тоҷик баргузор мегардад ва ба ин муносибат аз шаҳрҳои Осиёи Миёна олимон, адибон ва мутахассисони зиёде даъват мешаванд. Дар ин Анҷуман масъалаи забони адабии тоҷик ба миён гузошта мешавад ва, ба гуфти нависанда Ҷ. Икромӣ, забони адабии тоҷик забони зиёиёни Душанбе қарор мегирад. “Зеро дар Душанбе аз бисёр вилоят ва ноҳияҳои тоҷикнишини Осиёи Миёна одамон, соҳибони забон – нависанда, журналист, олим ва муаллимон гирд омада буданд. Устодони бузурги адабиёти шуравии тоҷик – устод Айнӣ ва устод Лоҳутӣ ба ташкили чунин забони адабӣ роҳбарӣ мекарданд”.
Дар охири Анҷуман Сотим Улуғзода ба сухан баромада, рӯйхати 17 нафар олим, адиб ва муаллимро мехонад, ки онҳо мехоҳанд ба Душанбе ба кор оянд. Ба ин гурӯҳ, ки “Бригадаи зарбдори адабӣ” ном гирифта буд, Баҳром Сирус, Ҳилол Карим, Азизӣ, Бектош, Баҳоутдин Икромӣ, Ҷалол Икромӣ, Обид Исматӣ, Зеҳнӣ, Бухоризода, Раҳим Ҳошим, Хохомов, Пайрав Сулаймонӣ ва дигарон шомил буданд. Анҷуман пешниҳоди Улуғзодаро бо кафкӯбӣ пешвоз гирифт ва, ба гуфти Соҳиб Табаров, ин пешниҳодро дигар зиёиён низ дастгирӣ карданд ва дар андак муддат шумораи ба Душанбе нақли макон кардагон аз сад нафар ҳам гузашт.
Умуман, дар нимаи аввали садаи ХХ суханварон ва суханшиносони тоҷик  ва дигар донишмандон бо сарварии устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ барои аз вартаи ҳалокат раҳондан, нигоҳ доштан ва афзун гардондани асолати забони миллӣ талош варзида, меҳнати зиёде ба харҷ додаанд.
Мавҷи дигари ҳуҷум ба забонҳои миллии сокинони Иттиҳоди Шуравӣ (аз ҷумла забони тоҷикӣ) аз ибтидои солҳои 60-уми садаи 20 оғоз гардид. Дар ин давра аз тарафи Ҳизби коммунист масъалаи аз байн бурдани фарқиятҳои миллӣ хеле ҷиддӣ ба миён гузошта шуд ва ин тамоюл аз тарафи бархе аз зиёиёни ҷумҳуриҳои миллӣ низ дастгирӣ меёфт. Ба гуфти адабиётшинос М. Раҷабӣ: “Афзудани як миллат аз ҳисоби миллати дигар воқеаву ҳодисаи хурсандибахш ҳисобида мешуд... дар бисёр рисолаҳо пайдо шудани тоҷикони русзабон, яъне тоҷиконе, ки забони модарии худро намедонанд, ба сифати намунаи пешрафти сиёсати миллӣ зикру таъкид мегардид”.
(Давом дорад)  Дар ин вазъият низ шоирони тоҷик ба ҳимояи забони модарӣ бархоста, сиёсати аз байн рафтани забонҳои миллиро маҳкум мекарданд. Дар “Ба ҳаводори забони модарӣ” (1962) ном шеъри М. Қаноат ва “То ҳаст оламе, то ҳаст одаме” (1966) ном шеъри У. Раҷаб бақодории забони тоҷикӣ чун забони пуриқтидори фарҳангӣ, ки ҳазор сол боз дар ғанӣ гардондани фарҳанги ҷаҳонӣ ҳиссагузор мебошад, таъкид гардидаанд. Муродифи шири модар ва меҳри модар донистани забони миллӣ дар шеъри Муъмин Қаноат бақодорӣ ва бузургии забони тоҷикиро нишон медиҳад: Қанд ҷӯйӣ, панд ҷӯйӣ, эй ҷаноб, Ҳар чи меҷӯйӣ, биҷӯ, Бекарон баҳрест, гавҳар беҳисоб, Ҳар чи меҷӯйӣ, биҷӯ. Форсӣ гӯйӣ, дарӣ гӯйӣ варо, Ҳар чи мегӯйӣ, бигӯ, Лафзи шеъру дилбарӣ гӯйӣ варо, Ҳар чи мегӯйӣ, бигӯ. Баҳри ман танҳо забони модарист, Ҳамчу шири модар аст, Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест, Чунки меҳри модар аст. Пуштибонӣ аз забони модарӣ дар шеъри У. Раҷаб боз ҳам қатъитар ва ҷиддитар садо медиҳад. Шоир тамоми сифатҳои марғуби забони миллии тоҷикиро, чун латифӣ, беғуборӣ, дилрабоӣ, ширинӣ, покӣ як-як баршумурда, дорои пояи мустаҳками таърихӣ ва фарҳангӣ будани онро қайд мекунад: Лафзе, ки эътиқоди ман асту маро вуҷуд, Лафзе, ки пеши ҳар суханаш оварам суҷуд. Чун ишқи дилбарам, Чун хоки кишварам, Чун завқи кӯдаке, Чун байти Рӯдакӣ. Чун зарраҳои нури басар мепарастамаш, Чун шуълаҳои нарми саҳар мепарастамаш. Ман зиндаву зи дидаам чун дуд меравад? Нобуд мешавад? Бовар намекунам! Ниҳоят, ин забон дар замони бозсозии горбачёвӣ бо талоши равшанфикрони собитқадами тоҷик мақоми давлатӣ пайдо кард ва дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз тамоми ҳуқуқҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бархӯрдор гардид. Умуман, гузаштагони барӯманди мо дар лаҳзаҳои душвортарини таърих забони навишторӣ ва гуфтории миллиро бо тамоми ҳастӣ ҳифз карда, ба имрӯзиён пешкаш намудаанд. Бояд гуфт, ки ин забони ширину гуворо, ки ниёгони барӯманд, забони аҳли биҳишташ ном бурдаанд, дар шароити мусоиди Тоҷикистони соҳибистиқлол аз қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ ғамхории боз ҳам бештареро тақозо дорад. Вақти он расидааст, ки мутахассисону алоқамандон на танҳо дар бораи имло, инчунин оид ба паҳлуҳои дигари забони тоҷикӣ ва корбурди он дар навиштору гуфтори одамон ҷиддан андеша карда, дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори умум ибрози ақида намоянд, то забони модариро, ки баробари модару Ватан васфаш мекунем, аз тамоюлҳои номатлуб тоза карда тавонанд. Солҳост, ки мутасаддиён ва кормандони масъул дар бораи камбудиҳои номмонӣ ва ғалатҳои овезаҳои тарғиботии шаҳру ноҳияҳо сухан мегӯянд, вале ҳоло ҳам, чӣ хеле ки собиқ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндаёд Д. Саймиддинов иброз дошта буд, қисме аз номҳо ва навиштаҷоти овезаҳо пур аз ғалат буда, суннати миллии моро ифода карда наметавонанд. Баъзе муассисаҳо бо саросемагӣ номгузорӣ мешаванд. Ҳатто, кас гумон мекунад, ки мутасаддиён ҳангоми ном мондан аз луғатномаҳо истифода накарда, маънои луғавии вожаҳоро ба эътибор намегиранд. Аз ҷумла, як ҳолате, ки боиси ноҳамворӣ ва ноҷӯрии забони тоҷикӣ дар навиштаҷоти овезаҳои сершумори шаҳру ноҳияҳо гардидааст, тарҷумаҳои таҳтуллафзӣ мебошад. Вақтҳои охир муассисаҳои навбунёд бо овезаи русии “Мы открылись” ва тарҷумаи таҳтуллафзии он – “Мо кушода шудем” ҷомеаро аз худ дарак медиҳанд ва дар сурати қатъ кардани фаъолият овезаҳои “Мы закрылись” ва “Мо пӯшида шудем”-ро мечаспонанд. Бояд гуфт, ки таркибҳои “Мо кушода шудем” ва “Мо пӯшида шудем” бо маънои аслӣ ва маҷозии худ муродифи русиашонро комилан ифода карда наметавонанд ва, як андоза, хандаовар ҳам ба назар мерасанд. Ба андешаи мо, таркибҳои мазкури русиро чун “Мо ба кор (ё фаъолият) шуруъ кардем” ва “Мо фаъолиятро қатъ кардем” тарҷума кардан ба мақсад мувофиқ аст. Мо аз бепарвоӣ ё камҳавсалагӣ на танҳо ба қоидаҳои нави имло, ҳатто, ба қоидаҳое, ки солҳо боз ҷорӣ мебошанд, беэътиноӣ зоҳир мекунем ва дар навишту гуфтор онҳоро ба эътибор намегирем. Аз ҷумла, шакли навишти навъи калимаҳое, чун хатогӣ, зебогӣ, дорогӣ, доногӣ, саҳрогӣ, мувофиқи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ғалат аст. Қоидаи имло тақозо дорад, ки агар калимаҳо бо садоноки “о” анҷом ёбанд, пасванди “ӣ” қабул мекунанд, на пасванди “гӣ”. Аз ин рӯ, калимаҳои боло бояд дар шакли зебоӣ, дороӣ, доноӣ, саҳроӣ навишта шаванд. Ҳанӯз донишманди зиндаёд устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар китоби “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад” (Душанбе, 1985) ба ин масъала дахл карда, “ хатогӣ – хатост” гуфта буд. Вале то ҳол дар гуфтугӯ ва, баъзан, дар воситаҳои ахбори умум чунин вожаҳо дар шакли ғалати ошногӣ, зебогӣ, норасогӣ... (ба ҷойи ошноӣ, зебоӣ, норасоӣ...) истифода мешаванд. “Ҳатто, агар калимае, иборае ва ё ҷумлае ба назар андак шубҳаовар намояд, онро бояд ба муҳокимаи умум гузорем ва моҳияти онро муайян кунем”, – таъкид кардааст устод Шакурӣ. Масалан, чанд сол пеш калимаи нисо (маънои луғавиаш занҳо) дар шакли ғалати ниссо навишта мешуд ва ҳатто, калимаҳои мураккаб бо исми нисо дар шакли Зебуниссо, Тоҷиниссо дарҷ мегардид. Солҳои охир ҷойи онро тарзи дурусти навишт – Зебуннисо, Тоҷиннисо (ташдид гирифтани “н” ба қоидаи муносибати артикли “ал” ба ҳарфҳои шамсии алифбои форсӣ вобастагӣ дорад) гирифт. Вале боз ягон-ягон рӯ задани шакли навишти ғалати ин қабил номҳо боиси нигаронист. Боз оммавӣ шудани як ғалати дигарро низ қайд кардан лозим аст. Дар забон қоидае ҳаст, ки: “Агар исм бо шумораҳои миқдорӣ ояд, одатан суффикси ҷамъбандӣ қабул намекунад, чунки худи шумораҳо нишондиҳандаи миқдори муайяни предметҳо мебошанд” (панҷ одам, сад китоб, дусад дафтар...) Исм дар сурати бо нумератив ва калимаҳои миқдору дараҷа омадан ҳам баъди шумораи миқдорӣ дар шакли танҳо меояд: дуто китоб, панҷ дона себ, даҳ ҷилд асар, сад бех ниҳол... Дар ин ҳолат танҳо исмҳои ифодакунандаи шахс ҳам дар шакли танҳо ва ҳам дар шакли ҷамъ омада метавонанд: ду додар – ду додарон, панҷ соҳибкор – панҷ соҳибкорон... Мутаассифона, имрӯз, чи дар нутқи хаттӣ ва чи дар нутқи шифоҳӣ, ғолибан исм баъди шумора дар шакли ҷамъ истифода мешавад: ба китобхона ду ҳазор китобҳо супорида шуд; дар хоҷагӣ се ҳазор гӯсфандон парвариш меёбанд... Бояд гуфт, ки чунин ғалатхонӣ ва ғалатнависӣ дар муносибати шумораи миқдорӣ бо исм пештар кам буд, аммо оҳиста-оҳиста ривоҷ ёфт, ба дараҷае ки имрӯз пешгирии он басе душвор шудааст. Ин ҳолат байти Шайх Саъдиро ба хотир меоварад: Сари чашма шояд гирифтан ба бел, Чу пур шуд, нашояд гузаштан ба пил. Забон дастоварди ҷомеа мебошад ва барои тозагиву беолоишии он бояд тамоми қишрҳои ҷомеа талош варзанд. Мутаассифона, мардуми мо дар ин масъала бештар мавқеи бетарафиро мегиранд ва барои ислоҳи ғалату норасоиҳое, ки ҳамвора аз тарафи мутасаддиёну мутахассисон ишора мешаванд, кӯшиш ҳам намекунанд. Аз замони мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ 35 сол сипарӣ гардид, вале ҳанӯз олудагиҳоро пок карда наметавонем. Ин вазъи номатлуб, махсусан ҳангоми муоширати мусофирон дар нақлиёти мусофиркаш, зиёд ба мушоҳида мерасад. Бисёр мусофирон ба ронандагон чунин муроҷиат мекунанд: “Дар пешеход (ба ҷойи гузаргоҳ) манъ кунед”; “Дар таги мост (ба ҷойи кӯпрук ё пул) нигоҳ доред”; “Дар назди поворот (ба ҷойи гардиш) истед” ва ғайра. Дар дигар мавридҳо ҳам чунин ҳолатҳои ногувор мушоҳида мешавад. Масалан, дар ошхонаҳо, вақте ки кас аз пешхизмат овардани шарбатро тақозо мекунад, ӯ ҳайрон мешавад ва муштарӣ маҷбур мешавад, ки муродифи русии он – сокро ном барад. Ё худ мизоҷон аз ошпазҳо “кофеи молочный” (ба ҷойи қаҳваи башир) талаб мекунанд ва ғайра. Дар ҳақиқат, ислоҳи забони гуфтории мардум басо душвор аст ва он ба сатҳи маърифат, хештаншиносӣ ва ифтихори миллии одамон вобаста аст. Имрӯзҳо муоширати одамон зиёдтар ба воситаи телефонҳои ҳамроҳ сурат мегирад ва, баъзан, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ тавассути телефонҳо чунон суханҳои қабеҳ гуфта мешавад, ки кас хиҷолат мекашад. Ё худ баъди анҷоми гуфтугӯ мусоҳиб “хай, давай” гӯён хайрухуш мекунад, ҳол он ки таркибҳои хубу дилнишини хайрухуш, чун дар паноҳи Худо, паноҳат ба Худо, Худо ҳофиз, то боздид вуҷуд доранд, ки истифодаи онҳо ба кас ҳаловат мебахшад. Оре, забони гуфторӣ ва навиштории мо ҳанӯз ниёзманди таҳриру такмил мебошад ва ин ҳолати ногуворро танҳо бо ҳамдастӣ ва талоши якҷоя ва эҳсоси баланди ватанхоҳиву миллатдӯстии шаҳрвандон рафъ кардан имконпазир аст. Аламхон КӮЧАРЗОДА, профессори ДМТ, узви вобастаи АМИТ
Санаи нашр: 24.09.2024 №: 184-188
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив