ҶАМШЕДИ РӮЗГОРИ МО
Ман соли 2016 (1395 ҳиҷрии шамсӣ) дар қатори фарҳангиёни форсизабон аз саросари ҷаҳон барои ширкат дар Ҷашни Наврӯз ба Тоҷикистон даъват шуда будам. Ҷашне бисёр бошукӯҳ буд. Бо номи ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно будам ва, хушбахтона, дар ин Ҷашн ишонро аз наздик дидам, суханронии наврӯзиашонро шунаванда будам ва дарк кардам, ки ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон бо дилу ҷон барои фарҳанг, ҷашнҳои миллӣ ва мардумии тоҷикону форсизабонон талош меварзанд.
Вақте Афғонистон омадам, мақолае таҳти унвони «Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раҳбар ва Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҷамшеди рӯзгори мо»-ро навиштам, ки дар нашрияҳои Афғонистон, маҷаллаи «Пайванд», № 24 ва дар рӯзномаҳои Тоҷикистон нашр шуд.
Ман дар он мақола ёдовар шуда будам, ки ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳақиқат ҳам, Ҷамшеди рӯзгори мо ҳастанд. Ин ёдовариям ба ин далел буд, ки асосгузори нахусти Ҷашни Наврӯз – Ҷамшед аст, аммо дар ин солҳо бино ба дидгоҳи ифротии мазҳабӣ Ҷашни Наврӯз ва дигар ҷашнҳо, суннатҳои фарҳангии ниёкон ва мардумӣ нодида гирифта шуда, дучори фаромӯшӣ гардида буданд. Бинобар ин, ниёз ба эҳёгарӣ дошт, ки, хушбахтона, эҳёгари Ҷашни Наврӯз ва дигар суннатҳои писандидаи фарҳанги тоҷикон ва форсизабонон дар рӯзгори мо Эмомалӣ Раҳмон аст ва ба ин асос ишон Ҷамшеди рӯзгори мост.
Дар ин мақола мехоҳам ба роҳбарии мудаббирона, бомадоро ва ақлгарои Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сарнавишти миллати бофарҳанги тоҷик бипардозам. Ҳама шоҳид ҳастем ва мебинем: кишварҳои минтақа, аз Ховари Миёна то Афғонистон, ки ҳамсояи Тоҷикистон аст, дучори ифротияти мазҳабӣ, динӣ ва соири хушунатҳо қарор доранд. Миллати тоҷик бояд мутаваҷҷеҳи ин ҳама ифротияту хушунат бошад.
Хушбахтона, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мудирияти мудаббирона тавонистааст мардумро аз ифротияту хушунатҳои мазҳабӣ дур ва дар амон нигоҳ дорад. Бинобар ин, мардуми тоҷик бояд қадри ин инсони фарҳехта ва роҳбари донои худро бидонанду дарк кунанд, ки ҳузури сиёсӣ ва фарҳангии ишон дар сарнавишти миллати тоҷик чи қадар муҳим, таъсиргузор ва судманд аст.
Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дар ривоҷ ва мудирияти сиёсати модерн, фарҳангу суннати тоҷикону форсизабонон ва дар диндорӣ бисёр бомудоро, ақлгаро ва хирадмандона рафтор карда, аз сиёсат, фарҳанг ва диёнат ба нафъи амнияту суботи сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаи тоҷик истифода кардаанд.
Яъқуби ЯСНО, пажӯҳишгар,
устоди вақти Донишгоҳи Берунии Афғонистон