ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НОМИ КУҲАНИ МО, ЗАБОНИ МО ОРИЁӢ АСТ!

НОМИ КУҲАНИ МО, ЗАБОНИ МО ОРИЁӢ АСТ!

07 октябр 2024, Душанбе
13
0


Мардуми тоҷик асли ориёӣ дорад ва ифтихор аз асли ориёӣ рукни муҳими ҳувияти миллии мо –  тоҷиконро ташкил медиҳад. Калимаи «ориёӣ» дар луғату фарҳангномаҳо ғолибан «наҷибзода», «асил», «озода», «бовиқор», «зебо» маънӣ мешавад. Азбаски наҷибзодагӣ, озодагӣ ва ашрофият аз рӯзгори қадим унсури муҳими фарҳанги мардуми мо маҳсуб мегардад ва ниёгони мо худро аз нажоди «озодагон» («...Модари озодагон кам орад фарзанд», устод Рӯдакӣ) ё «озодзодагон» («Имрӯз шарм н-ояд озодзодагонро...», Носири Хусрав) донистаанд, метавон ҳадс зад, ки вожаи «ориёӣ» бо вожаҳои «озода» ё «озодзода» муродиф мебошад ва маънии саҳеҳи луғавии калимаи «ориёӣ» ҳамон «озода» ё «озодзода» аст.
Ёдовар бояд шуд, ки дар таърихи пурифтихори мардуми мо, аз рӯзгори қадим то ба имрӯз, ифтихор аз асли ориёӣ ба суратҳои мухталиф, гоҳе пуррангу пурҷило ва гоҳе камрангу камнамо ҷилва кардааст, вале шуълаи фурӯзони ин ифтихор тули таърих ҳаргиз хомӯш нагардидааст. Ба баёни дигар, ҳар гаҳ, ки таърих барои рушду боландагии миллии мо шароити созгору имкони мусоид фароҳам овардааст, фурӯғи ин шуъла фурӯзонтару тобандатар зуҳур карда, ҳар гаҳ, ки зулму ҷаври таърих мардуми моро ба ҳошия кашидааст, дурахши он камтар ба мушоҳида расидааст.
Ин нукта ҳам шоистаи таъкид аст, ки ниёгони бузурги мо бо таваҷҷуҳ ба ҳампайвандии забону миллат, аз рӯзгори қадим забони модарии худро низ «ориёӣ» ном бурдаанд. Масалан, дар бузургтарин сангнавиштаи ҷаҳон –  катибаи маъруфи Бесутун, ки ба се забони дунёи қадим: эломӣ, аккадӣ ва порсии бостон сабт шуда, дар батни матни он сарзаминҳои аҷдодии мо, тоҷикон – Суғду Бохтару Хоразм дар баробари бештар аз бист кишвари дигар ҷузъи таркибии императории Ҳахоманишиён ба шумор рафтаанд, забони порсии бостон забони ориёӣ номбар шудааст. Аз ҷумла, дар банди 20-и сутуни чоруми ин катиба чунин омадааст: «Дориюшшоҳ гӯяд: .... ин набишта... ба [забони] ориёӣ буд...».
Дар сангнавиштаи дигари рӯзгори куҳан – катибаи Работак, ки соли 1993 дар наздикии Сурхкӯтали Афғонистон ошкор гардид ва ба забони бохтарӣ – аз забонҳои шарқии ориёии давраи миёна ва ба хатти юнонӣ сабт гардидааст, ҳамчунин забони катиба – забони ориёӣ ёд шудааст. Аз ҷумла, дар сатри 3-и катибаи мазкур шоҳи давлати Кӯшониён Канишка аз соли аввали ба тахти шоҳӣ нишастанаш, шоистаи эҳтиром эътироф гардида, таъкид шудааст: «Вай [ба] юнонӣ маншур содир кард, баъдан онро ба забони ориёӣ овард».
Чунонки ба мушоҳида мерасад, ҳам дар марҳалаи оғозин ва ҳам дар давраи миёнаи рушду такомули худ пешинаи забони мо забони ориёӣ номбар шудааст. Гузашта аз ин, дар ин катибаҳо ҳам Дориюш ё Дорои I (522-486 то милод) – аз бузургтарин шоҳони сулолаи Ҳахоманишиён (705-330 то милод) ва ҳам Канишка (78-101) – севумин шоҳи силсилаи Кӯшониён (15-250), яъне шоҳоне, ки бо дастури онҳо ин катибаҳо ҳак гардидаанд, асолат, бузургӣ, шоистагӣ ва шукӯҳу азамати давлатдории худу пешиниёни худро ситоиш кардаанд.
Бинобар ин, мафҳуми «ориёӣ» бо вожаи «тоҷик» ва ба таъриху забону фарҳанги мо пайванди азалӣ дошта, рукни муҳими ҳувияти миллии моро ташкил медиҳад.

Ҳасани СУЛТОН, узви вобастаи АМИТ

Санаи нашр: 05.10.2024 №: 194
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив