ҲАСТИИ МИЛЛАТ. ИН БОР СУХАН АЗ БОБИ ЗАБОН АСТ
Қабули санадҳои ҳуқуқӣ оид ба забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ ба густариши бесобиқаи забони тоҷикӣ замина фароҳам оварда, нақшу мақом ва манзалати онро ба ҳайси забони давлатии сарзамини соҳибистиқлоли Тоҷикистон мустаҳкам намуд. Ҳамчунин, минбаъд бо саъю талоши хастанопазир барои пешрафти забони давлатӣ ва густариши доираи истифодаи он шароити мусоид фароҳам омада, тамоми монеаву маҳдудиятҳои сунъӣ, ки дар замони то истиқлолият мавҷуд буданд, бартараф шуданд ва забони модарии мо ба шоҳроҳи рушди озодона ворид гардид. Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муваффақона ва босамар идома дорад. Имрӯз масъалаҳои коргузорӣ, хусусан мукотиба дар байни сохторҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, маориф, илм, фарҳанг, воситаҳои ахбори омма, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, номгузорӣ ва ғайра, ба забони давлатӣ таъмин гардидааст ва кор дар ин самт дар маркази диққат қарор дорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забонро появу бунёди ҳастии миллат медонанд ва арз медоранд, ки барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳамаи давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддас аст. Забон ҷавҳари ҳастӣ ва бақои умри миллат аст, миллат бе забон мисли парандаи бе болу пар аст, ки парвози баландро бакуллӣ фаромӯш кардааст. Дӯст доштани забон дӯст доштани Модар, Ватан ва таъриху фарҳанги худ мебошад. Хусусан, имрӯзҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ мо бояд забону фарҳанги худро ҳамчун неъмати бузург эҳтиёт карда, аз таъсиру таҳдидҳои замона эмин дорем.
Забони мо ба тарҷумон ниёз надорад ва агар аз як тараф, боиси ифтихор бошад, аз ҷиҳати дигар, бештар гардидани масъулият мегардад. «Ба тарҷумон ниёз надорад» гуфтан, ба он хотир аст, ки бузурге чун Саид Нафисӣ (олими бузурги эронӣ, аввалин муҳаққиқи шахсияту осори устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ) ҳангоми ташриф овардан ба Тоҷикистон аз шеваи гуфтори мардуми тоҷик ба ваҷд омада, гуфта буд: “Дар Эрони имрӯза «Шоҳнома»-ро бидуни луғат наметавон фаҳмид, вале ман ин ҷо забони зиндаи Рӯдакию Фирдавсиро мебинам”.
Чун акси ин ҳолат, дар баъзе воситаҳои ахбори оммаи чопӣ ва электронии фазои иттилоотии кишвари мо раванде ҷараён дорад, ки забони моро водор ба доштани тарҷумон мекунад, яъне барои фаҳмидани мазмуни матнҳо бояд ба луғат рӯй овард. Аз ин рӯст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21-уми июли соли 2009 дар Паёми табрикӣ ба муносибати 20-солагии қабули Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон дурӣ ҷустан аз корбурди чунин қолабҳои сунъиро маслиҳат доданд: “Акнун, замоне фаро расидааст, ки мо низ мисли дигар кишварҳои пешрафтаву мутамаддин пайваста дар андешаи пок ва солим нигоҳ доштани забони давлатии худ бошем”.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»