ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Ба озмуни “Дуои модар”

Ба озмуни “Дуои модар”

09 октябр 2024, Чоршанбе
6
0


ДУОИ МОДАР

Шод ҳастам, ки Худованд маро
Ҳамчунон ҳадя ба модар бахшид.
Модар аз сарвати олам бар ман
Бахти пирӯзию бовар бахшид.

Модарам рафт, ҷавон буд, дареғ,
Вой, бар рафтани ӯ дер набуд!
Лаззати умру ҳавасҳо чу надид
Дар дил армон, зи ҷаҳон сер набуд.

Ёд дорам, ки зи тифлӣ модар
Дари субҳаш ба дуо во мекард.
Дар сари ҳар қадаму ҳар нафасаш
Аз Худованд тавалло мекард.

Аз Худо хостаи ӯ ин буд:
Дарди фарзанд насибаш накунад,
Марги дилбанд набинад ҳаргиз,
Захм бар ҷони ҳабибаш накунад.
Дошт ин турфа сухан вирди забон,
Ӯ намекард дуои дигар.
Лаҳзаи реҳлати худ сӯйи Худо,
Бо ҳамин зикр ба лаб дошт сафар.

Боре пурсидам аз ӯ модарҷон,
Аз чи ҳар бор ту бо дасти дуо
Ганҷ не, сарват не, умри дароз
Аз Худо металабӣ баҳри мо?

Гуфт: Ай духтари хушқомати ман,
Посухат вақту замон хоҳад дод.
Шавад он рӯз, ки модар бишавӣ,
Оварӣ он гаҳе аз ҳарфам ёд.

Марги фарзанд бувад марги уммед,
Мебарад хуррамию бахту нишот
Марги меҳр асту заволи лабханд
Марги нур асту кунад тира ҳаёт.

Шуд иҷобат чу дуояш охир,
Рафт ӯ бе аламу доғи ҷигар.
Бо табассум бигузашт аз сари мо,
Муттакои дили мо гашт падар.

Баъди ӯ хоҳари мо рафт зи байн,
Дарди фарзанди падар ҷонсӯз аст.

Падарам сӯхт, зи ғам шуд афгор,
Мисли шаб тира барояш рӯз аст.

Ӯ нахоҳад ба касе роз кунад,
Хаймаи ӯст ба кунҷи ҳасрат.
Ҳоли ӯ дида ба марги модар
Аз Худованд биҷустам раҳмат.

Шуд замоне, ки шудам худ модар, 
Нур дорад зи фараҳ манзили ман.
Арҷманд аст бароям суханаш,
Чунки ӯяст азизи дили ман. 

Ҳастам имрӯз чу меросбараш,
Ин дуояш ба забонам шабу рӯз:
Эй Худованд, ягон модарро
Ту ба ин дарди ҷигарсӯз масӯз!

Рудобаи МУКАРРАМ,
раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Санаи нашр: 09.10.2024 №: 197
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив