ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОРОМ БИХОБ, МОДАРИ ХУШҶАМОЛАМ!

ОРОМ БИХОБ, МОДАРИ ХУШҶАМОЛАМ!

17 октябр 2024, Панҷшанбе
4
0


Воқеан, ҳаёт шабеҳи барги дарахтест, ки, ҳатто, сабуктарин шамол метавонад онро афтонад. Вале қонуни зиндагӣ ҳар дам, дар ҳама ҳолат ҳушдор медиҳад, ки “зиндагӣ идома дорад”. Бале, мо вазифадорем, зиндагиро дӯст дорему ба хотири дигарон умр ба сар барем.
Табиист, ки ҳар яки мо пас аз зарбаҳои руҳиву равонӣ то дер боз ба худ намеоем. Гоҳо ғарқи андешаҳое мешавем, ки тасаввураш касро дилгир месозад. Бахусус, вақте наздиктарин шахсро дар ҳаёт аз даст медиҳем. Аз даст додани модар бароям чунон гарон афтод, ки он лаҳзаҳо мадорашро надоштам, зеро ҳамагӣ 14-сола будам. Агарчи аз он рӯзҳо, рӯзҳои талху сангин ва видоъ бо модар панҷ сол сипарӣ гашта бошад ҳам, вале ҳанӯз худро мисли гунҷишкаки лоғар ва беболупар мебинам. Охир, ман ҳамон нигине будам, ки ҳар лаҳза зери навозишҳои модар ҷилои тоза мегирифтам, вале марги ӯ гӯё пора-пораам сохт. 
Лаҳзаҳои охирини бо модар буданам, ҳеҷ аз ёдам намеравад. Очаҷонам бо вуҷуди бемор будан, ҳамеша маро навозиш карда, худро солим вонамуд мекард.  Рӯзҳо мегузаштанду дарди бедармони ӯ авҷ мегирифт.  Рӯзе аз мактаб баргаштаму модарамро дар хона наёфтам. Пас аз лаҳзае садои тақ-тақи дарвоза шуд. Баробари дарро кушодан модарамро бо чеҳраи дарҳамкашидаву ғамгин дидам. Ончунон дар дунёи худ банд буд, ки гӯё маро намедид. Дасту по гум кардам. Чун дохили хона шуд, сабаби нороҳатиашро пурсидам. Модарам лаҳзае хомӯш монда, бо чашмони пур аз ашк ва ноумедӣ “бемории саратон доштаам” гуфт. Пас аз шунидани ҳарфҳои ӯ дунё дар назарам чаппа гашт. Гӯё дигар чизеро намедидаму намешунидам. Чи гуфтанамро надониста, бе садо аз чашмонам ашк ҷорӣ шуд. Ба рангу рӯйи модарам, ҳайрон нигоҳ мекардам. Дар он ҳолат натавонистам ба модарам чизе бигӯяму ӯро оғӯш гирам. Дилам сахт мехост сар ба зонуяш гузораму гиря кунам, вале натавонистам. Модарам аз хастагии роҳ рӯйи ҷойгаҳ дароз кашиду чашмонашро пӯшид ва худро ба хоб зад. Шояд ин рафтораш ба хотири гурехтан аз саволҳои ману апаҳоям буд. Ё шояд мехост худро бовар кунонад, ки ин ҳама дар хоб аст... Фурсатро муносиб дониста, канораш нишастаму пояшро сила карда, бо овози ларзон гуфтам: “Оча, очаҷон, илтимос соз шавед, маро танҳо нагузоред. Охир дугонаҳои ман оча доранд. Ҳамсинфонам бо модарҳояшон ба хонаи хешу табор мераванд. Оча, чаро шумо боре фикри маро намекунед? Илтимос, модарҷон, раҳм кунед”. Бо гуфтани ин суханҳо гумон доштам, ки модарам соз мешаванд. Модарам, ки ба яқин худро ба хоб андохта буд, якбора табассум кард ва маро канори худ кашида, чунин гуфт: “Биё, ҷони оча, оғӯшат гирам, ба ман чизе нахоҳад шуд. Ту гиря накун. Ман ҳаргиз шуморо танҳо намегузорам. Ҳатто, пас аз марг”. Маро оғӯш гирифт. Додарам аз куҷое пайдо шуду давида, аз паҳлуи дигари модарам оғӯш гирифт. Воқеан, оғӯши модар биҳиштеро мемонад бемисл. Баъд аз он рӯз мудом дар сарам фикрҳои ҳархела чарх мезаданд. Ҳар шаб назди модарам омада, пояшро масҳ мекардам. Ҳамин ки хобаш мебурд, бо чашмони нам аз Худо саломатии модарамро талаб мекардам. Ин кори ҳаршабаам шуд. Охир, метарсидам, ки бо набуданаш чи хоҳам кард, метарсидам, ки дурияш маро мешиканад. Ҳамин тавр, бо гузашти рӯзҳо дарди модарам боло гирифту боре ба хотири осудагии мо апаамро наздаш хонда, васият кард, ки барои хоҳарону додарат модар бош. Модарам ҳанӯз 46 сол дошт, ки риштаи умраш канда шуд. Танҳо мондам, ба ғами набуданаш ёр шудам, дилшикаста ва шабеҳи ғунчаи дар авҷи шукуфоӣ пажмурда. 
Инак, солҳо паси сар шуданд, аммо ин алам, яъне ҳасрати модари ғӯрамаргам рӯз ба рӯз зиёдтар мешавад. Дирӯз, рӯи ҷойнамоз даст ба дуо бардошта, бо ашки талх гуфтам, модарҷон, агарчи имрӯз ман аз гирифтани дуои ту маҳрум мондаам, вале гумон мекунам, ки дуоҳои ту ҳамеша раҳнамуни зиндагиам аст. Модарҷон, ҳеҷ хавотир нашавед. Духтарат калон шуду ба пойи худ равон. Кӯшиш мекунам, номбардори ту бошам, очаҷон. Ором бихоб, модари хушҷамолам! 
 
Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 16.10.2024 №: 203
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив