ИФШОИ РОЗҲОИ НУҲУФТА Ё МУҲАББАТНОМАЕ АЗ МАНЧЕСТЕР БА ХУҶАНД
Салом, Модарҷони азиз!
Ин субҳ чун бо садои занги телефони шумо бедор шудам, баъд аз суҳбат андешаи навиштани ин нома дар сарам пайдо шуд. Бале, ҳатто, агар ҳар саҳар занги телефонатон, чун зангӯлаи гаҳвора маро аз хоб бедор кунаду ҳар рӯз бо ҳам дар суҳбат бошем, дар ин гуфтугӯҳо шояд ҳама суханони қалби хешро гуфта натавонам. Аз ин рӯ, қарор додам, ки ин номаро бо гузашти чанд рӯз аз расиданам ба шаҳри Манчестери Британияи Кабир иншо намоям, зеро аминам, ки тавассути мактуб ҳарфи диламро кушодаву рӯшантар баён хоҳам кард. Ногуфтаҳоеро хоҳам навишт, ки шояд дар суҳбатҳоям гуфта натавонам.
Модарҷон! Дар соли аввали таҳсилам дар Донишгоҳи Солфорди шаҳри Манчестер, ки ҳафт моҳ давом кард, шумо, зодгоҳу дӯстону наздиконро бисёр ёд мекардам. Росташ, рӯзҳои аввал зиқ мешудам, чун дар ин Донишгоҳу дар ин шаҳр ман танҳо ягона тоҷике ҳастам, ки таҳсил ва зиндагӣ мекунам. Шукр, ки бо мурури замон одат кардам. Воқеан, шаҳрест хурраму сабз ва сайругашт дар гулгашту боғистони он бароям оромише ато мекунад. Вақте барои таътил ба назди шумо баргаштам, аз савори ҳавопаймо шудан дар шаҳри Манчестеру то расидан эҳсос мекардам, ки чӣ тавр омадани маро бесаброна интизор шудед. Ҳарчанд пайвандҳои онлайнӣ мавҷуд набуданд, вале қаблан интизории шуморо тамоми роҳ ҳис мекардам.
Муддати дар хона назди шумо будан давоми бештар аз як моҳ одат кардам ва рӯзи баргашт дилам баъд аз дидани ашкҳоятон дубора дар ҳамин ҷо монд. Хаёлан аз Хуҷанд то расидан ба Душанбе бо шумо будам. Агарчи дар солуни таксӣ хоб мекардам, вале ҳамон тасвири чашмони ашколудатон аз назарам дур намешуд. Ман дар ҳар қатраи ашкҳои шумо – модарҷон, меҳру муҳаббати самимиро шинохтам. Фузун бар ин медонам, ки ин ашки шодиатон ҳам ҳаст, ки аз таҳсили ман дар кишвари хориҷ, тавассути стипендияи байналмилалии президентӣ фахр мекунед. Ифтихор доред, ки сазовори ин меҳрубониву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидам.
Модарҷони азиз! Ман ҳам мекӯшам, ки дар навбати аввал лоиқи ин боварии Пешвои муаззами миллат ва шумои азиз таҳсил кунам...
Шаби парвоз ҳам то дақиқаҳои ба ҳаво хестани ҳавопаймо мунтазир будеду ҳар лаҳза бо ман тамос мегирифтед. Парвози мо соати 3:00 дар дили шаб шуруъ шуд, аммо дақиқае ҳам мижа таҳ накарда, бо дуои саршори муҳаббати модаронаи хеш маро гусел кардед. Ман он лаҳза ҳам тасаввур кардам, ки пеши тиреза ба осмон нигоҳ карда, даст бар дуо ҳастед. Гӯё аз он дурӣ парвози ҳавопаймои маро мушоҳида мекунед.
Шукр, ки бо дуои шумову падарам ба Манчестер расидам ва акнун боз таҳсил дар зинаи нав, марҳалаи нав оғоз шуд. Вақте паём додам, ки ҳавопаймо ба фурудгоҳ нишаст, аз ҳамон лаҳза то расидан ба хобгоҳ маро бо пайванди онлайнии видеоӣ ҳамроҳӣ кардед. Гӯё баробар бо ман қадам мезанед. Сумкаҳоям хеле вазнин буданд, наздик ба 40 килограмм, ки барои донишҷӯён иҷозат дода шудааст, вале ҳамроҳии шумо гӯё барои бардоштани ин бори гарон ҳам ёрӣ мекард.
Модарҷон!
Ман дар ин кишвари дур аз Ватан ҳар вақт дар бораи шумо фикр мекунам ва дар ин андешаҳо оромиш ва қувват барои қадамҳои оянда ҳосил мекунам. Ростӣ, чунин суханҳоро ҳаргиз наметавонам рӯ ба рӯ бигӯям. Шукри будани қаламу нома аст, ки ногуфтаҳои қалбиро мегӯяму диламро холӣ менамоям. Ҳоло ин субҳ, ки баъд аз таътил дубора ба самти Донишгоҳ қадам мезанам, гӯё ба назарам бори аввал аст, ки ин минтақаи шаҳрро мебинам. Ин ҷо, дар Британияи Кабир, дунё тамоман дигар аст: кӯчаҳои серғалоғула, осмони тира ва ба таъбири устод Фарзона “туманпӯш” ва атроф ҳама бегона. Вале меҳру муҳаббат ва дуоҳоятон ҳамеша бо мананд. Мисле, ки риштаи диданашавандае, моро аз ин роҳи дур ба ҳамдигар мепайвандад. Ҳангоми суҳбатҳоямон, эҳсос мекунам, ки чи гуна ҳарфҳои наку, саршори самимият ва муҳаббататон бароям болу пар мебахшанд, то қуллаҳои нав ба навро тай намоям. Медонам, ки, ҳатто, аз ин дурӣ, дуоҳоятон мисли нур пеши роҳамро рӯшан мегардонанд. Гоҳе бо худам ҳарф мезанам, гумон мекунам шумо дар паҳлуям ҳастед.
Донишгоҳи нав, шаҳри нав, фарҳанги нав бароям хеле аҷиб аст, аммо ман ҳар шом фикран ба хона бармегардам – назди шумо. Боз ҳам тасаввур мекунам, ки дар лаби тирезаи манзиламон оромона нишаста, дар зери лаб дуо ва мисли ҳамеша дар бораи ман фикр мекунед. Медонам, ки дурӣ аз ман бароятон чӣ қадар душвор аст, аммо бо ҳарфу суҳбат ва маслиҳатҳоятон мисли ҳамеша ба ман қуввату муҳаббати худро мебахшеду дар иваз чизе намехоҳед. Ҳамеша чунин фикр мекунам, ки маҳз дуоҳои шумо маро дар ин роҳ нигаҳбонанд, намегузоранд, ки аз роҳи дуруст берун равам. Бароям ҷолиб аст, ки гоҳо тамоми тарҳи як намуд ғизоро ба ман аз ибтидо то интиҳо шарҳ медиҳед ва зина ба зина ҳамроҳи шумо ба худам хӯрок тайёр мекунам. Ҳатто, маро маҷбур мекунед, ки аз тариқи навори тилфун саҳни хонаамро бароятон нишон диҳам, то ҳама ҷо тамйизу покиза бошад. Боре бо ифтихор гуфтед, ки бачам, ту он ҷо танҳо худатро не, миллатро муаррифӣ мекунӣ ва аз рӯи рафтору кирдорат ба мардуми мо баҳо медиҳанд. Ин ҳикмат ва панди шумо, ҳамеша раҳнамову раҳкушои ман аст ва мекӯшам, ки ҳамонгунаи мехостаатон зиндагӣ ва таҳсил кунам.
Модарҷон, ҳамин раҳнамоиву маслиҳат ва машваратҳои ҳаррӯзаатон ба ман ин одатро додааст, то тасаввуре дошта бошам, ки шумо ҳамеша дар паҳлуям ҳастед. Ҳатто, дар байни ин биноҳои қадимӣ ва мардуми бегона, гармии муҳаббататонро ҳис мекунам. Ба поси муҳаббатҳои бузургатон, ба эҳтироми садоқату ифтихоратон ваъда медиҳам, ки бо сари баланд таҳсиламро идома диҳам, то ҳар пирӯзӣ, тавфиқ ва ибтикори ман боиси ифтихоратон гардад. Ин ҷо таҳсил карданам, самараи кӯшишу талошҳои пайвастаи Шумову падарам буд ва ман ин меҳрубониатонро лаҳзае ҳам фаромӯш нахоҳам кард. Медонам шумо ҳам, ҳар саҳар бо андешаҳои саршори муҳаббат дар бораи ман аз хоб бедор мешавед ва ҳар шаб пеш аз хобатон барои ояндаи ман дуо мекунед. Ин дуову ҳарфҳои лабрези муҳаббати модариатон бароям эътимод ва оромӣ мебахшанд. Агарчи моро аз ҳам кишварҳову баҳрҳо ҷудо созанд, вале қалбҳои мо ҳамеша бо ҳаманд.
Бигзор ҳар қадами ман дар ин мамлакати дур, инъикоси имону боварии шумо ба ман гардад. Ман кӯшиш мекунам, ки ҳамаи сармояе, ки баҳри пешрафти ман гузоштаед, бароварда гардонам. Муҳимтарин сармоя ин боварӣ ва эътимоди шумо бар ман аст, ки ҳамеша раҳнамоям дар ин кишвари дур аз Ватан хоҳад буд, модарҷони азиз!
Анушервон НУРЗОДА,
донишҷӯи Донишгоҳи Солфорди
шаҳри Манчестери Британияи Кабир