ПРЕЗИДЕНТ ВА КОНСТИТУТСИОНАЛИЗМИ МИЛЛӢ: БАЪЗЕ МУЛОҲИЗАҲО ОИД БА АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИЮ СИЁСИИ ҚАБУЛ ВА ТАТБИҚИ КОНСТИТУТСИЯ
Миллати тоҷик ҳамчун миллати куҳанбунёду тамаддунофар дар охири садаи гузашта ба дастоварди бузурги таърихию сарнавиштсоз – Истиқлоли давлатӣ шарафёб гардида, дар Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олӣ фарзанди накуному хирадманди худро ба ҳайси Сарвари давлат интихоб намуд ва маҳз тавассути ҳамин воқеаи муҳими таърихӣ ба қабули Конститутсия, оғози раванди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва таъмини сулҳу ваҳдат дар саросари кишвар расид.
Истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овард, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон кишваре бо номи Тоҷикистон пайдо гардида, сиёсати дохилию хориҷии худро мустақилона роҳандозӣ намояд ва қадамҳои устувор ба сӯи фардои дурахшон гузорад. Вале расидан ба ин мақсадҳои бузург танҳо баъд аз Роҳбари давлат интихоб гардидани фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуда, дар кӯтоҳтарин муҳлат давлатдории миллӣ эҳё гардид ва принсипҳои асосии он дар ин ҳуҷҷати муҳими сиёсию ҳуқуқӣ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассуми худро пайдо намуданд.
Пешвои миллат зарурати қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳанӯз дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва муроҷиатномаи худ ба халқи Тоҷикистон 12-уми декабри соли 1992 ёдовар шуда, таъкид намуданд: «Асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав – давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст».
Бо дарки муҳимияти қабули Конститутсия барои рушди давлатдории навин, дар шароити басо душвор ва мураккаб барои мамлакат ва мардуми он Пешвои миллат талоши онро намуданд, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳарчи зудтар қабул гардад. Зеро маҳз ҳамин санад метавонист ҳамчун сарчашмаи ягонаи таъмини давлатдории навин, сулҳу оромӣ, назму тартибот, қонунияту адолат ва танзимгари муносибатҳои ҷамъиятӣ хизмат кунад.
Воқеан, дар чунин шароити душвор қабул шудани ин санади олии ҳуқуқӣ на танҳо аз муҳимияти он дар истиқрори сулҳу ваҳдат, балки аз хирадсолории Пешвои миллат гувоҳӣ медиҳад.
Маъмулан, конститутсия ҳамчун шиносномаи миллат ва нишони фаъолияти расмии ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидааст. Ва кишвари мо, асосан, баъд аз қабули Конститутсия 6-уми ноябри соли 1994 аз лиҳози ҳуқуқӣ истиқлоли комили худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Дар ин санади сарнавиштсоз Ҷумҳурии Тоҷикистон расман давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардида, заминаи ҳуқуқии бунёди ҷомеаи навини тоҷикон гузошта шуд. Ҳамзамон, дар ин ҳуҷҷати таърихӣ Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ чун рамзҳои давлатӣ қабул гардида, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ, халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимият муайян шуданд.
Маҳз ба ҳамин ишора намуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр менамоянд: «Конститутсияи мо аз андешаи ҳокимияти мардум ба василаи мардум ва барои мардум, ки ҷавҳари аслии соҳибихтиёрии халқ аст, сарчашма мегирад». Ин аст гувоҳи равшани мардумсолорӣ ва инсонмеҳварии мактаби сиёсии Пешвои миллат.
Пас аз қабули Конститутсия дар кишвар шароит фароҳам омад, ки раванди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ маҷрои нав гирифта, ваҳдати миллӣ таъмин шавад, суботу амният дар мамлакат барқарор гардида, кишвару мардуми он ба сӯи ҳаёти осоишта қадам зананд ва аз пайи амалисозии меъёрҳои конститутсионӣ бошанд. Яъне, бо истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои амалишавии меъёрҳои Конститутсия имконияту шароит фароҳам омада, мардум аз фазои сулҳу оромӣ, суботу осоиш истифода бурданд ва марҳала ба марҳала ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқӣ ба роҳ монда, дар бунёди давлати навини тоҷикон саҳмгузор гардиданд ва умед ба фардои дурахшонро дар қалбҳои худ дубора эҳё сохтанд.
Дарвоқеъ, даврони ибтидоии истиқлоли давлатӣ, ки тоҷикон бо роҳбарии Пешвои муаззами худ ба музаффариятҳои нахустини бузург ноил шуданд, як даврони ҳикматомӯзи таърихист, ки қадру манзалат ва ҳикмату бузургии он бо мурури замон ба таври фарохтар, азимтар ва пурҷилотар эҳсос хоҳад шуд. Ҳамаи ин ба шарофати қабули Конститутсия ва амалишавии меъёрҳои он муяссар гардид.
Дар ин радиф бояд иброз дошт, ки нақши Пешвои миллат дар таҳия, қабул ва амалишавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои конститутсионӣ хеле назаррас ва арзишманд аст. Аз ҷумла, бо ташаббус ва роҳбарии Пешвои миллат комиссияи конститутсионӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия ташкил гардид. Комиссияи мазкур ҳуҷҷатеро омода кард, ки ба шароит, вазъият, мафкура, фарҳанг, таърих ва хусусиятҳои давлатдории миллии мардуми Тоҷикистон комилан мувофиқ бошад.
Ба таври мушаххас бошад, нақши Пешвои миллатро дар ин самт чунин шарҳ додан мумкин аст:
Аввалан, чунонки зикр кардем, маҳз бо иқдоми Пешвои миллат дар фазои мураккаби сиёсӣ ба хотири ҳифзи истиқлол, суботи сиёсӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ комиссияи конститутсионӣ таъсис ёфт. Комиссияи мазкур зери роҳбарии Пешвои миллат ду лоиҳаи Конститутсияро омода намуд. Асоси онро Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуд, зеро зарур буд, ки дар Конститутсия асосҳои ҳуқуқии ин рӯйдоди таърихӣ мустаҳкам карда шавад.
Дуюм, бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намудани Конститутсия низ аз иқдомҳои Пешвои миллат буда, ҷонибдории халқ аз лоиҳаи Конститутсияе, ки дар худ шакли идоракунии президентиро муқаррар мекард, аз ҳамовозии мардум ва Сарвари давлат шаҳодат дод, зеро маҳз шакли давлатдории президентӣ вобаста ба омилҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ барои давлатдории навин дар кишвари мо мусоид ва самаранок буд.
Сеюм, дар моддаҳои Конститутсия меъёрҳое муқаррар гардиданд, ки аз хирадсолорӣ ва сиёсати инсонмеҳварии Пешвои миллат шаҳодат медиҳанд. Ҳамчун намуна метавон ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шакли давлатдории ҷумҳуриявӣ, низоми сиёсии демократӣ, гуногунандешӣ, тағйирнопазирии ҳудуди Тоҷикистон ва нуқтаҳои дигари ин санади таърихиро зикр намуд.
Чорум, марҳала ба марҳала ташаббус нишон додани Пешвои муаззами миллат баҳри амалӣ намудани ислоҳоти конститутсионӣ ҷиҳати пешрафти ҷомеа, дигаргуншавии муносибатҳои ҷамъиятӣ, баланд гардидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, инкишофи забони давлатӣ, мутобиқгардонӣ бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, таъсири манфӣ ва мусбати ҷаҳонишавӣ дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 низ гувоҳи нақши Пешвои миллат дар такмилу таҳкими асосҳои конститутсионии давлати муосири тоҷикон аст.
Панҷум, махсусан дар амалишавии меъёрҳои конститутсионӣ нақши Сарвари давлат ниҳоят бузург аст, зеро бо ташаббуси Роҳбари давлат фаъолияти мақомоти конститутсионӣ танзим ва мустаҳкам гардида, ҳамаи онҳо имрӯз дар пешрафти давлатдорӣ саҳми мушаххас мегузоранд.
Шашум, бо ба инобат гирифтани аҳамияти хоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давлатдории миллӣ бахшида ба 30-солагии қабули он бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2023, №668 соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардида, 30-юмин солгарди қабули ин санади таърихӣ дар кишвар бо шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил мегардад.
Дар маҷмуъ, иқдомҳои Пешвои миллат дар омодасозӣ, қабул ва такмили Конститутсия дар марҳалаҳои ҳассоси пойдоршавии давлати навини тоҷикон нақши муассир гузоштаанд. Ҳамаи ин аз арзишмандии ин санади олии давлатдорӣ шаҳодат медиҳад, ки онҳоро дар шакли зерин ифода намудан имкон дорад:
– Конститутсия дар натиҷаи тағйирёбии куллии ҳаёти ҷамъиятӣ қабул шуда, заминаи ҳуқуқию сиёсии инкишофи ояндаи ҷомеаи моро муайян намуд.
Воқеан, агар ба таърихи қабули Конститутсияи замони соҳибистиқлолӣ назар афканем, он дар натиҷаи тағйирёбии куллии ҳаёти ҷамъиятӣ, яъне гузариш аз сохти ҷомеаи сотсиалистӣ ба ҷумҳурии демократӣ қабул гардидааст. Зеро гузариш ба ҷомеаи нав ва мавҷудияти қонунҳое, ки ба талаботи ин ҷомеа ҷавобгӯ нестанд, имкониятро дар самти танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ аз байн мебарад. Аз ҳамин лиҳоз, дар баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ зарурати таҳияи лоиҳаи нави Конститутсия ба миён омад ва бо ташаббуси Пешвои миллат комиссияи конститутсионӣ ташкил гардида, 6-уми ноябри соли 1994 аввалин Конститутсияи замони соҳибистиқлолӣ ва давраи гузариш ба давлатдории навин қабул гардид. Ҳамчунин, дар Конститутсия меъёрҳое аз қабили давлати ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амсоли инҳо пешбинӣ гардиданд, ки дар он солҳои мураккаб барои миллату давлат ва мардуми мамлакат роҳи дурахшони ояндаро муайян карданд.
Зеро дар он солҳои душвор расидан ба ин ормонҳои миллӣ пешгӯинашаванда маҳсуб меёфт. Аммо новобаста ба ин душвориҳо, мардуми мамлакат зери роҳбарии Пешвои миллат таҳкурсии конститусионии давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоиро гузошта, дар раванди таърих, давра ба давра мо ба ин арзишҳои давлатдорӣ соҳиб гардидем.
– Конститутсия на танҳо натиҷаи бадастомадаро дар ҳаёти ҷамъиятӣ инъикос кард, балки дар назди давлат вазифаҳои нав гузошта, фаъолияти мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро ба танзим даровард.
Дарвоқеъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбиҳои миллати тоҷикро, ки дар тули ҳазорсолаҳо ба даст омадаанд, дар худ инъикос намудааст. Аз ҷумла, меъёрҳои он дар заминаи ба эътибор гирифтани арзишҳои давлатдорӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва мафкураи миллӣ таҳия ва қабул гардида, давлат барои ҳифзи ин арзишҳои муқаддас муваззаф гардидааст.
Дар баробари ин, Конститутсия тартиби ташкилу фаъолияти сохторҳои муҳими давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, суд, прокуратура, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро муайян намудааст. Ба ибораи дигар, инҳо ниҳодҳои калидии давлатдорӣ мебошанд, ки таъсис, фаъолият ва нақши онҳо дар пешбурди давлати навин тибқи меъёрҳои Конститутсия амалӣ мешавад.
– Конститутсия заминаи ҳуқуқӣ барои роҳандозии сиёсати хориҷии давлат ба шумор меравад.
Дар ин санад муайян гардидааст, ки ҳангоми ба амал баровардани сиёсати хориҷии мамлакат дар мадди аввал меъёрҳои Конститутсия гузошта мешаванд. Аз ҷумла, дар моддаи 11 зикр гаштааст, ки Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муайян мекунад. Ҳамчунин, ҳангоми тасдиқ намудани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқати онҳо ба Конститутсия ба инобат гирифта мешавад. Зеро Конститутсия ифодаи иродаи халқи Тоҷикистон буда, ягон санади дигари меъёрии ҳуқуқӣ ба он мухолиф буда наметавонад. Ҳамзамон, дар Конститутсия заминаи ҳамкории давлат бо ҳамватанони бурунмарзӣ омадааст.
– Конститутсия мақоми мафкураи сиёсиро дар ҷомеа муқаррар намуд.
Дар моддаи 8 Конститутсия омадааст, ки дар Тоҷикистон мафкураи ягон ҳизб ва ё гурӯҳҳои муайян ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф намегардад. Муқаррароти мазкур ба мо имкон дод, ки ба бунёди ҷомеаи дунявӣ дастёб гардем. Агар ба таърихи таҳия ва қабули Конститутсия назар афканем, он дар шароити бисёр душвори кишвар қабул гардидааст ва интихоби роҳи дунявият дар он замон кори басо мураккаб буд. Аммо ба ҳамаи ин душвориҳо нигоҳ накарда, бо ҷасорату истодагариҳои Пешвои миллат моҳияти давлатдории мо ҳамчун давлати дунявӣ муаррифӣ гардид. Яъне ҷомеае, ки дар он ҳар кас метавонад динеро пайравӣ кунад ва ё пайравӣ накунад, дар интихоби дин, ақида, андеша озод бошад ва риояи онҳоро Конститутсия кафолат медиҳад.
– Конститутсия асоси низоми ҳуқуқӣ ва тартиботи ҳуқуқии нав гардид.
Конститутсия танзимгари муносибатҳои ҷамъиятӣ ва сарчашмаи асосӣ барои қабули дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад, ки онҳо асосан ифодагари мафкуравии меъёрҳои конститутсионӣ мебошанд. Воқеан, таҷрибаи давлатдории миллӣ нишон дод, ки ин вазифаи худро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зарурӣ ба анҷом расонд. Зеро аз лаҳзаи қабул то ба имрӯз дар заминаи он ҳазорҳо санадҳои ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ равона шудаанд.
Конститутсия тавассути танзими муносибатҳои ҷамъиятии муайян, пешбинии вазифаву уҳдадориҳо дар пешрафти давлат ва ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши сазовори худро гузошт. Ҳамчунин, Конститутсия дар низоми қонунгузорӣ ҳамчун ҳуҷҷати заминавӣ ба ҳисоб рафта, доира ва хусусияти танзимсозии давлатиро дар ҳама соҳаҳои асосии ҷамъият муайян менамояд. Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ асоси ҳуқуқии қонунгузории кишвар ба шумор рафта, дар такмили қонунгузории миллӣ ва рушди низоми ҳуқуқи миллӣ нақши асосиро доро мебошад.
– Конститусия хусусияти ояндасозӣ ва таъмини дурнамои рушди халқу давлати моро дорад.
Вобаста ба ин хусусияти Конститутсия Пешвои миллат зикр мекунанд: «Конститутсия ҳамчун ифодакунанда ва равшангари роҳ ба сӯи ояндаи неку пурсаодат моро водор месозад, ки минбаъд низ бо риояи арзишҳои волои демократӣ ва ҳуқуқӣ ҷомеаи худро аз ҳама гуна хатарҳои дохиливу берунӣ эмин нигоҳ дорем ва дар Ватани азизамон барои ҳар як шаҳрванд шароити мусоиду шоистаи зиндагӣ ва фаъолиятро муҳайё созем».
Ҳамин тавр, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ, санади сарнавиштсозу шиносномаи давлату миллат, роҳнамои расидан ба орзую омоли халқ, заминаи низоми ҳуқуқии давлат, сарчашмаи рушди қонунгузорӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳо, таъмингари соҳибихтиёрии давлат, инъикосгари қонунияту адолати иҷтимоӣ ва баёнгари ҳокимияти халқ, инчунин, таҷассумгари принсипҳои хирадсолорию инсонмеҳварӣ дар мактаби сиёсии Пешвои миллат буда, таҷлили Ҷашни 30-солагии қабули он нишони арҷгузорӣ ба ин падидаи муқаддаси миллӣ аз ҷониби кулли шаҳрвандони Ватани азизамон маҳсуб меёбад.
Мо ва наслҳои оянда бояд дар атрофи арзишҳои меҳварии Конститутсия ва дигар дастовардҳои муқаддаси миллӣ муттаҳид гардида, заҳмату талошҳои Пешвои миллатро барои барқарорсозии ҳукумати конститутсионӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва волоияти қонун арҷгузорӣ намоем ва ҳамеша аз ин амалҳои созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлати худ пайравӣ намоем.
Фирдавс ҲАЁТЗОДА,
муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон