ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МОДАРҶОН, РУҲАТ ШОД БОД!

МОДАРҶОН, РУҲАТ ШОД БОД!

22 октябр 2024, Сешанбе
6
0


Зиндагиномаи инсон аз суруди «Алла»-и модар маншаъ мегирад, сабақи аввалинро ҳам аз модар меомӯзад. Касе наметавонад дар меҳрубонию сидқ ҳамсону ҳампои модар бошад.  
Дар зиндагӣ ҳар инсони бонангу номус ва соҳибхирад набояд ба модарони худ бо тундӣ сухан гӯяд, ба онҳо садояшро баланд кунад, ҳамеша ҳамдаму меҳрубон ва вақти пирию беморӣ нигаҳбони эшон бошад, чунки онҳо муҳтоҷ ба ҳимоя ва сарпарастии фарзанданд.
Инсон, пас аз раҳо гаштан аз оғӯши гарми модар, қадри ӯро хубтар дарк месозад, зеро баҳри фарзанд, ба монанди канори модар, биҳишти дигаре вуҷуд надорад. 
Ҷойи шубҳа нест, ки модар муттакои асосии фарзанд аст. Оре, давлати фарзандон модар аст. Ҳар фарзанде, ки қадри модарро донаду дуои некашро бигирад, хушбахту шуҳратёр мегардад. Ба чунин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканори модар бузургони олам сар фуруд овардаанду меоранд. 
Бузургии модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиятгари фарзанд, инчунин, нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Модар арзандаи эҳтирому дӯстдорист, зеро меҳрубонтарин инсони рӯйи олам буда, фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиру дилсӯзу бахшандааст. Зиндагии мо бо аллаи модар ибтидо мегирад ва бо номи мубораки ӯ пайванд аст.
Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ ва таҳаммулу бардошти ӯ танҳо ба худаш хос аст. Дили модар ба мисли ойина поку шаффофу бузург аст, ки мутаассифона, на ҳар фарзанд инро дарк мекунад. 
Модар шахсиятест, ки аз дидори наку, аз лаҳни ширину гуворо ва меҳрубониҳои беохираш ҳеҷ гоҳ сер намешавем. Модар аст, ки бо муҳаббати хоси худ ба олами сард гармӣ ва ба дилҳо шодию сурур мебахшад. Модар аввалин шуда ба фарзанд дарси одаму одамгарӣ, дарси ахлоқи ҳамидаи инсонӣ меомӯзад. Дар канори гарму гаҳвораи модар ба воя мерасему нахустин алфози ширинро аз ӯ мешунавем. Модар аст, ки зиндагӣ рангу таровати дигар дорад. Қалби модарро муҳаббату самимият, покию садоқат, меҳр, раҳму шафқат ба фарзанд ва амсоли инҳо барин хислатҳои наҷиби инсонӣ фарогиранд. Модар шамъеро мемонад, ки худ месӯзаду адо мешавад ва кулбаеро мунаввар мегардонад. Дар ҳақиқат, модар нур асту хуршедвор ҷаҳонро нурпошӣ менамояд. Агар гӯем, ки модар беҳтарин ганҷи дунё, гули хушбӯи ҳар як хонадон, машъали фурӯзони абадӣ, довари бахшандаи саҳву хатоҳо ва сафобахшандаи олами ҳастист, ҳанӯз кам аст. Модар дили бузург дорад, зеро худ бузург аст. Модар ҷӯяндаи сулҳу ваҳдат аст, зеро ӯ махзани сулҳу адлу одилист. Модар гуле мебошад, ки аз бӯйи ӯ ҷаҳон муаттар мегардад, модар чашмаи мусаффоеро мемонад, ки рӯйи ҷаҳон аз саховати ӯ шодоб мегардад.
Мутаассифона, имрӯз дар ҷомеа ашхосе вомехӯранд, ки нисбат ба модарони худ амалҳо ва суханони зишту номуносиберо раво мебинанд. 
Боз шахсоне ҳам ҳастанд, ки дар фироқи модар обу адо шудаанд. Ана, 13 сол шуд, ки модар аз ман дур аст. Ба ёдаш ҳар лаҳзаю соат дилам гум мезанад ва аз чашмонам беихтиёр ашк ҷорӣ мешавад. Ӯ рафт ва ҳама шодии дунёро аз мо бурд.  
Ҳарчанд тақдирро тадбир нест ва кас бояд сабуру ботаҳаммул бошад, боз ҳам наметавонам бемодариямро таҳаммул кунаму гиребон аз панҷаи ғаму андуҳ раҳо намоям. Оҳ, туро чӣ қадар ёд кардам, модарҷон, пазмонат шудам.
Шахсе будӣ, ки тамоми дардҳоро бо як сухани ширинат таскин мебахшидӣ. Ҳамон меҳру муҳаббати беандозаат буд, ки то ҳол дӯстон, бародарон, фарзандонат хотиратро пос медоранд. Модарҷон, ту дар ёду хаёли мо абадӣ зинда хоҳӣ монд. Ин қалби сӯхта доиман бо ёди ту метапад…
Лаҳзае, ки худ модар шудам, аз меҳри модарӣ бохабар гаштам. Ғаму ғусса, шодию ҳаяҷонашро ҳис намудам. Гоҳо ба худ меандешам, ки садоқату порсоии модари зиндаёдам, меҳмоннавозию меҳрубониҳои ӯро дар зиндагӣ пешаи худ кунам. Чун ӯ ҷавонию зебоӣ, солимию фурӯтании худро нисори мо, фарзандон, намуду худ инро пай набурд. 
Модаро! Ба ёдам мерасию дилам гум мезанад. 
Замоне буд ҳангоми сафари фарзандонат ба пойтахт ашк мерехтию дуо мекардӣ, ки саломат бошанд. Имрӯз мо ба руҳат дуо мегӯем. Руҳат шод бод!
 Аё модари покдил, поквиҷдон, ҳаётдӯст, меҳмоннавозу мададгори ҳама ёру дӯстон, модари ба ҷону дил баробарам, номи неку меҳру муҳаббатат то абад дар қалби ман пойдор хоҳад монд. Ёдат ба хайр,  модари ба ҷону дил баробарам!
Имрӯз аз бари ту дурам, дар ҳар кунҷу канор туро меҷӯям, навозишҳои гарми дастони туро мехоҳам. Ҳар гоҳе қадамзанон аз кӯчаҳои шаҳр гузарам, дар симои занҳо чеҳраи туро меҷӯям. Чакидаҳои қалбамро менависам, рози диламро мегӯям. Ҳангоме ки дар кӯчаҳои шаҳр сайр мекунам, дар симои куҳансолон сурати туро мебинам. Овози ширини ту ба гӯш мерасад, садои ту печида дар фазо, бо навои хубу гуворо. Ту беҳтарини беҳтаринҳоӣ, ту бузургтарини бузургонӣ, ту зеботарини зебоёнӣ, ту азизи дилу дидаҳо будӣ. 

Некбахт ҶАМШЕДОВА,
рӯзномаи вилоятии «Бадахшон», шаҳри Хоруғ

Санаи нашр: 22.10.2024 №: 208
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив