НОМИ МОДАР МАТЛАИ ШЕЪРИ МАН АСТ!
Модареро чун бубинам, ёди модар мекунам,
Аз сиришки дидагонам мижжаҳо тар мекунам.
Рӯи қабраш то бисабзад навниҳоли орзу,
Қатра-қатра ашкҳоро ҷӯи Кавсар мекунам.
Ӯ ба хоб асту вале ин дам намедонад, ки ман,
Байтҳои ҳасратамро нақши дафтар мекунам.
Аз хурӯши нолаҳоям ӯ шавад бедор агар,
Хоки пояш тӯтиёю тоҷ бар сар мекунам.
Як ҷаҳон меҳр аст мероси азизи ӯ маро,
Пандҳошро ба пирӣ боз азбар мекунам.
Гарчи алмоси дили ман зери хоки пок шуд,
Пуштаи хоки варо бо Маҳ баробар мекунам.
Матлаи шеъре, ки он ҳар гаҳ бурун ояд зи дил,
Ман варо бо амри дил бо номи ӯ сар мекунам.
Усмон ОЛИМ,
Корманди шоистаи
фарҳанги Тоҷикистон, барандаи
Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ
МОДАРИ ТАНҲОИ ФАРДОБИНИ МАН
Модаро, ҳарчанд бо ҳамсоязанҳо нестӣ,
Бе насиб аз лутфи ин ширинсуханҳо нестӣ.
Омирӣ ту, раҳбарӣ дар гирудори рӯзгор,
Амри ту меҳр аст, чун аз дилшиканҳо нестӣ.
Мекунӣ як бурда нон тақсим байни чанд кас,
Мисли дигарҳо ба фикри хеш танҳо нестӣ.
Эй саропо ҳикмату илму шууру маърифат,
Мағзгӯӣ, аз шумори лофзанҳо нестӣ.
Мекунад дасти ту бӯи ошу нону бӯи шир,
Камтар аз атри гуворои суманҳо нестӣ.
Гоҳ хилват менишинӣ, мебурӣ аз ҷамъи мо,
Ҳамраҳат девони Мавлоност, танҳо нестӣ.
Меҳровари МАСЧОҲӢ,
роҳбари маҳфили “Адибони ҷавон”-и
шаҳри Хуҷанд