ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

25 октябр 2024, Ҷумъа
41
0


ДАРСИ ИБРАТ
Сарватманде тамоми тиҷораташро ба як корманди содиқаш бовар карда, бе гирифтани иҷорапулӣ, ӯро дар хонааш маскун мекунад. Иттифоқан, мард бемор мешавад ва бародарони тоҷир чанде аз моли ӯро дар ин муддат ба яғмо мебаранд.
Сарватманд пас аз шифо ёфтан, зердасташро ба наздаш хонда, ба ӯ калиди хона ва чанде маблағ дода мегӯяд:
– Он хона ҳаққи ҳалоли туст, ҳарчанд пеши садоқати ту арзиши он ҳеҷ аст. Ин маблағ бошад, барои таъмираш. 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


ВАФОДОРӢ.  АРЗИШЕ, КИ ЗИНДАГИРО РАНГИН МЕСОЗАД
Марди фақире бо ҳамсараш дар як деҳа зиндагӣ мекарданд. Зан, ки мӯйҳои дароз дошт, аз шавҳараш хост, то барояш шонаи нав харад. Мард гуфт: “Ман пули кофӣ надорам, ки ақаллан соатамро таъмир кунам”. 
Зан нороҳату мард ошуфта гардиданд. Субҳи барвақт мард ба шаҳр рафт ва соати вайронаашро фурӯхту барои завҷааш шонаи зебо харид. Вақте ба хона баргашт, дид, ки занаш мӯйҳояшро кӯтоҳ кардааст. Дар тааҷҷуб шуд ва сабаб пурсид. Зан соати дастие ба шавҳар тақдим намуду гуфт: “Мӯйҳоямро фурӯхтам, то бароят соати нав бихарам”.

Таҳияи Файёз ФИРӮЗ


АДОЛАТ
Мӯйсафеди фақире аз бозор гузар кард. Чашмаш ба ошхонае афтод. Наздик шуда, дастони ларзонашро ба ҷайбаш бурд ва тиккаи нони шахшудаеро бароварда, каме дар бухори ош нигаҳ дошту сипас хӯрд. Ин ҳамаро ошпаз назора мекард. Пирамард хост роҳашро давом диҳад, аммо ошпаз фарёд зад:
— Ту аз бухори деги ман истифода кардӣ ва бояд пулашро пардохт намоӣ!
Мардум даври онҳо ҷамъ шуданд. Пирамарди бечора, ки дар илоҷи воқеа дармонда буд, чашмаш ба Баҳлул афтод, ки аз наздашон мегузашт. Аз ӯ тақозои қазоват кард. Баҳлул аз асли кор огоҳ шуда, ба ошпаз гуфт:
— Оё ин мард аз оши ту хӯрдааст?
Ошпаз гуфт:
— Не, аммо аз бӯғи он истифода кард.
Баҳлул чанд танга аз ҷайб бароварда ба замин рехт ва чун онҳоро худаш бозпас гирифт, ба ошпаз гуфт:
— Садои ин тангаҳоро бигир ва пирамардро раҳо кун.
Ошпаз бо тааҷҷуб пурсид:
— Ин чӣ гуна ҳисобӣ кардан аст?
Баҳлул гуфт:
— Ҳисобӣ аз рӯи адолат. Касе, ки буғи ғизоро бифурӯшад, бояд дар иваз садои пулро дарёфт кунад.
Таҳияи Кароматулло АТО


ЯК ПАНД
ҲИКМАТЕ, КИ БА АНДЕША ВОДОР МЕКУНАД
Ду рафиқ аз биёбон мегузаштанд. Ногоҳ сари баҳси шадид яке дигареро як шаппотӣ зад. Рафиқе, ки шаллоқ хӯрда буд, болои рег чунин навишт: «Имрӯз дӯсти беҳтаринам маро як шаппотӣ зад».
Дар роҳ, ки машғули оббозӣ буданд, ногоҳ шахсе, ки шаппотӣ хӯрда буд, қариб ғарқ мешавад. Аммо рафиқаш ӯро наҷот медиҳад. Ҷабрдида баъди лаҳзае ба худ омада, болои санг менависад: «Имрӯз дӯсти беҳтаринам маро аз марг наҷот дод». Рафиқаш пурсид:
– Вақте туро ранҷондам, дар рег навиштӣ, ҳоло бошад, дар санг. Сабаб чист?
Дӯсташ ҷавоб дод:
– Вақте касе моро меранҷонад, онро бояд дар рег нависем, то бо вазидани бод ё резиши борон зуд пок шавад. Аммо, вақте касе дар ҳаққи мо кори хайре мекунад, бояд онро дар санг ҳаккокӣ намоем, то боду борон ҳам онро аз хотираҳо зудуда нагардонанд.

Таҳияи Кароматулло АТО


ВЕНЕТСИЯ –  ШАҲР ДАР БОЛОИ ОБ
25-уми марти соли 421 дар ҷазираи Реалтои Италия сохтмони шаҳри Венетсияро тарҳрезӣ намуданд. Соли 466, аллакай, яке аз шаҳрҳои зебои болои об шинохта шуд. Венетсиягиҳо, ки аз ноилоҷӣ дар ҳар як ваҷаби хушкии байни об хона месохтанд, ҳамчун шиноварон ва савдогарони машҳури моҳӣ этироф шуданд. Ногуфта намонад, ки аввалин хонаҳо дар Реалто чӯбин буданд ва баъзеи онҳо то ҳол побарҷоанд. 

Таҳияи Кароматулло АТО



СЕҲРИ ЧАШМҲО
• Кайҳоннавардон замони ба фазо баромадан гириста наметавонанд, зеро таҳти таъсири ҷозиба ашки чашмонашон ба пулакчаҳои хурд табдил ёфта, чашмонро ба сӯзиш меоранд.
• Кӯдаки навзод танҳо ашёҳои дар масофаи 38 сантиметр воқеъбударо дида метавонад. Вақти фарзандро макондани модар рӯйи ӯ аз кӯдак тақрибан дар ҳамин масофа ҷойгир аст. 
• Замони ба шахси дӯстдоштаатон нигаристан, гавҳараки чашмонатон 45 дарсад калон мешавад.
Таҳияи Кароматулло АТО


ТАЛОШИ ЗАНИ БЕМОР  БАРОИ ОЯНДАИ ФАРЗАНД
Моҳи январи соли равон сарояндаи амрикоии гирифтори саратон Кэт Ҷенис дар саҳифаҳои иҷтимоии худ суруди “Dance Tou Outta My Heard”-ашро пахш кард. Кэт дар муроҷиат ба мухлисон гуфт: «Ман мемирам, аз ҳар яки шумо хоҳиш менамоям, ки суруди маро паҳн кунед, то маблағе барои ояндаи писари 7-солаам Лорен ҷамъ гардад». 
Овозхон як моҳ баъд – 28-уми феврал аз олам чашм пӯшид. Муроҷиати Ҷенис дастгирӣ ёфта, 66 миллион бинанда ва беш аз 200 ҳазор шарҳ ба даст овард ва қариб тамоми блогерони машҳур навори ӯро дар саҳифаҳои худ бознашр намуданд.
Айни ҳол тамоми даромадеро, ки аз ҳисоби ин суруд ва сурудҳои дигари пахшнашудаи Кэт ба даст омадаасту меояд, бародараш Уилям ба номи Лорен ҳифз мекунад.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ҲАМ РАҲМАТНОМА ҲАМ ТАНБЕҲ
– Рафиқон, имрӯз ба Сидиров аввал раҳматнома эълон намуда, баъд танбеҳ медиҳем.
– Тавба, бори аввал мешунавем. Барои чӣ?
– Капитани мо, мансабдореро, ки тасмаи бехатариро набаста буд, дошта, ҷарима кардааст.
– Олиҷаноб-ку. Танбеҳ барои чӣ?
– Танбеҳ барои он ки то расидан ба мошини гумонбар Сидиров се бор қоидаи ҳаракати роҳро дағалона вайрон карда, ба ду нафар зарари калони ҷисмонӣ расондааст. Аз ин бадтараш, тавре гумонбар – корманди прокуратураи шаҳр муҳтарам Косигин шоҳидӣ дод, Сидирови мо худаш тасмаи бехатариро набаста будааст. 

Аз русӣ тарҷумаи Ҳ. РАҲМОНЗОДА


НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
НАСИҲАТИ  МОДАРАМ
– Қозибеков, падарошноем гуфта, ду бор ҷонатро аз маҳбас халос кардам. Ту дигар сер намешавӣ аз ҳамин порахӯрӣ?
– Бахшиш сардор, насиҳати модарам буд.
– Наход модар ба ту гуфта бошад, ки порахӯрӣ кунӣ?!
– Не, рафиқ сардор, худораҳматӣ доим таъкид мекард, ки хӯрокро то охираш хӯрда, табақро лесида, тоза кунем. 
Аз русӣ тарҷумаи 
Фараҳзод РАҲМОНЗОДА



БА МУНОСИБАТИ 100- СОЛАГИИ “ҶУМҲУРИЯТ”
ФАКТУ РАҚАМҲОИ ҶОЛИБ
Ин факту рақамҳо дар  рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) 11-уми январи соли 1958, №9 (8591) нашр шудаанд:

Баҳрчиёни Португалия чойро бори аввал соли 1517 аз Хитой ба Аврупо овардаанд. Чой дар Россия дар нимаи якуми асри XVI пайдо гардид.
* * *
Шоҳмот қариб яку ним ҳазор сол муқаддам дар Ҳиндустон пайдо шуда, баъд дар дигар мамлакатҳои Осиё аз асри ХX сар карда, ба Аврупо паҳн гардид.
* * *
Зағир, баъди гандум, яке аз зироатҳои қадимист. 9000 сол пеш дар Ҳиндустон аз зағир равған ҳосил мекарданд. Баъд аз он оҳиста-оҳиста зағир дар Аврупо ва ниҳоят дар Россия пайдо шуд.
* * *
Тамоми ҷангали кураи Замин зиёда аз 20 ҳазор намуди дарахт дорад. Дар ин бобат Иттифоқи Советӣ (соли 1991 барҳам хӯрд) яке аз бойтарин мамлакатҳост.
Омодасоз: З. РАҶАБ



10 ДАҲШАТНОКТАРИН ОФАТИ ТАБИӢ 
ДАР ТАЪРИХИ ИНСОНИЯТ
8. ЗАМИНҶУНБИИ АНТИОХИЯ
Муаррихон то ҳол дар бораи теъдоди аниқи фавтидагони заминҷунбӣ дар Антиохия (шаҳри қадима дар ҳудуди Туркия, ҳоло Антакя ном дорад), ки соли 526 рух додааст, баҳс мекунанд. Вале солноманавис Иоанн Малала, ки дар он замон зиндагӣ кардааст, эътимод дорад, ки офати табиӣ ҷони 250 000 нафарро гирифтааст. Бо таъкиди ӯ, заминларза, инчунин, боиси сар задани сӯхтор гардид ва аксари биноҳои шаҳрро низ нобуд кард.

Таҳияи Иброҳими САЙФУЛЛО


Беҳтар аз “Феррари” ва ҳавопаймои реактивӣ

“Ба ман даҳ “Феррари”, 20 соати алмос ва ҳавопаймои реактивӣ чӣ лозим? Ин ба ҷамъият чӣ медиҳад? Дар наврасӣ гуруснагӣ мекашидам, дар саҳро кор мекардам, пойи луч футбол мебозидам ва аз нодорӣ ба мактаб намерафтам. Имрӯз, ки метавонам ба дигарон ёрӣ расонам, чаро пайи худнамоии беманфиат бошам. Аз ин рӯ, мактаб сохтан ва ба камбизоатон хӯрок ва либос доданро афзалтар медонам”, – гуфтааст футболбози сенегалӣ Садио Мане дар мусоҳиба бо “TeleDakar”.
Ҳамин тариқ, Мане барои сохтмони маркази тиббӣ дар Бамбали 455 ҳазор евро ҷудо кард. Дар зодгоҳаш бошад, мактаб ва варзишгоҳ бунёд намуд.

Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


84 СОЛ  КОР ДАР ЯК ИДОРА
Уолтер Ортман, сокини 100-солаи иёлати Санта Катаринаи Бразилия, 17-уми январи соли 1938 дар ширкати нассоҷии “ReneauxView” ҳамчун ёрдамчии таҳвилгар ба кор қабул шуд. Ӯ ҳеҷ гоҳ фикр намекард, ки ин ширкат барои ӯ хонаи дуюм мегардад ва аз он ҷудо шудан намехоҳад.
Уолтер дар “ReneauxView” 84 сол кор кард ва рекорди ҷаҳониро шикаст. Марди 100-сола ба нафақа рафтанӣ нест ва то имрӯз дар ширкат ба ҳайси менеҷери фурӯш фаъолият менамояд.

Таҳияи У. САФАРАЛӢ


МУВАФФАҚИЯТ
СЕ ҚАҲВАИ ГАРОНТАРИН 
Инҳо се қаҳваи гаронарзиштарин дар ҷаҳон ҳастанд: 
“Kopi luwak” дар ҷойи сеюм қарор дорад. Ин қаҳва дар Осиёи Ҷанубу Шарқ тавлид мешавад. Нархаш аз 1,5 ҳазор сомонӣ оғоз гардида, то ба 6 ҳазор мерасад. Дар ҷойи дуюм “Ospina Grand Coffee” меистад, ки дар баландии 7 ҳазору 900 фут, дар хоки вулқонӣ рӯёнда мешавад. Он ҳудуди 17 ҳазор сомонӣ арзиш дорад. Дар ҷойи аввал “Black Ivory elephant Cofee” меистад. Нархаш ҳудуди 20 ҳазор сомонӣ буда, гаронтарин қаҳва дар ҷаҳон дониста мешавад.

Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК



ДИҚҚАТ,  РУБРИКАИ НАВ!
Нодиртарин китобҳои олам
Ба хотири болидаруҳии хонандагони саҳифаи “Шоми шанбе” доир ба арзишмандтарин китобҳо маълумот хоҳем дод. Китобҳое, ки бо сабаби тиражи кам ва хурд буданашон, на муаллиф ва на ноширон бовар надоштанд, ки бо арзиши гарон харида мешаванд. 
"ЁДГОРИҲОИ ҚАДИМИИ ДАВЛАТИ РОССИЯ"
Ин асари машҳури Фёдор Солнсев соли 1849 бо теъдоди 600 нусха аз чоп баромадааст. Асари камназир дар шакли албом сохта шуда, аз 500 варақи хромолитографӣ иборат аст. Дар саҳифаҳои он расмҳои зиреҳҳои қадимӣ, иконаҳо, либосу ҷавоҳирот, ашёи рӯзгор тасвир шудаанд. Инчунин, асар дорои маводи хонданбоб буда, диққати ҳар нафарро ҷалб мекунад. Бо мурури вақт арзиши албом, ки муаллифаш таваккалӣ ӯро бандубаст карда буд, 750 000 доллар нархгузорӣ шудааст.
Таҳияи Гулнисои 
САЪДОНШО



ДОНИШҶӮЕ, КИ ПРОФЕССОРРО МУЛЗАМ КАРД 
Донишҷӯ: “Профессор, сардӣ вуҷуд дорад?”.
Профессор: “Саволи ноҷо, албатта, вуҷуд дорад. Магар ту онро ҳис накардаӣ?”.
Донишҷӯ: “Вале дар асл, ҷаноб, сардӣ вуҷуд надорад. Тибқи қонунҳои физикӣ он чизеро, ки мо сардӣ мепиндорем, на сардӣ, балки далели набудани гармист. Ҳангоме ки ҳарорат ба сифр баробар мешавад, тамоми материя беҳаракат ва карахт мегардад. Пас, метавон хулоса кард, ки сардӣ вуҷуд надорад. Яъне, сардӣ мафҳуми сохта мебошад. Ҳамин тавр не? Акнун, ҷаноб, бигӯед, оё марг вуҷуд дорад?”. Профессор: “Албатта. Ҳаёт вуҷуд дорад ва марг акси он аст”. 
Донишҷӯ: “Шумо боз ҳам хато кардед, устод. Марг на акси зиндагӣ, балки далели набудани ҳаёт аст”. 
Профессор хиҷолатзада ба курсӣ менишинад. Номи донишҷӯе, ки дар баҳс профессорро мулзам кард, Алберт Эйнштейн буд, ки соли 1921 дар риштаи физика соҳиби мукофоти Нобел гашт.

Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА



ТӮЙИ СЕРХАРҶТАРИН
Дар асрҳои миёна Вилгелм Розербург Крумад ном сокини Олмон тӯйе орост, ки дар таърихи дунё калонтарин ва серхарҷтарин ба шумор мерафт. Дар он 398 сар хук, 113 сар гавазн, 320 сар барзагов, 1 ҳазору 579 сар гӯсола, 2 ҳазору 292 сар харгӯш, 2 ҳазору 687 сар гӯсфанд, 12 ҳазору 887 сар мурғи зотӣ ва боз каму зиёд дигар ҷонварҳо қурбонӣ шуда буданд.
Таҳияи Холназар КАСИРОВ



АЗ ҲАЁТИ ТОЛСТОЙ
Нависандаи рус Лев Толстой ҳамаи донишҳоро бо роҳи худомӯзӣ аз худ кардааст. Ӯ забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, олмониро медонист ва бо забонҳои итолиёвию полякӣ, чехию сербӣ мутолаа карда метавонист. Ӯ бо бовари он ки дар донишгоҳ наметавон донишҳои заруриро гирифт, аз таҳсил худдорӣ кардааст. 
Толстойро ҳамчун муаллими навовар низ мешиносанд. Ӯ дар Ясная Поляна барои деҳқонзодагон мактаб кушода, худаш дарс мегуфт. Усули таълимеро коркард карда буд, ки дар он озодӣ ва аз рӯи шавқу ҳавас ба кӯдакон дарс додан, авлавият дошт.
Инчунин, журнали педагогии «Ясная поляна»-ро низ нашр мекард.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


ФАКТҲОИ ҶОЛИБ  ДАР БОРАИ ҚАҲВА

1. Қаҳва пас аз нафт дуюмин моли серхаридор дар ҷаҳон аст.
2. Бетховен барои тайёр кардани як финҷон қаҳва 60 донаи лӯбиёии онро истифода мебурд ва онро ҳамеша худаш ҳисоб мекард.
3. Қаҳва, аз рӯи анъанаҳои Юнон ва Туркия, аввал ба бузургсолон пешкаш карда мешавад.
Таҳияи С. УМАРАЛӢ



ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ҲИФЗИ ҲАЁТ
ПАСТТАРИН ПИРЯХИ ҶАҲОН

Дар Норвегия пиряхи Свартисен бо ғафсии ниҳоии 636 метр дар ҷаҳон машҳур гаштааст. Аниқтараш, Свартисен ду пирях мебошад, ки яке аз онҳо ҷолиб аст, зеро аз баландии 1594 метр аз сатҳи баҳр то ба 20 метр пойин фаромада, хеле зебо ба чашм мерасад. Он дар Авруосиё пасттарин пирях ҳисобида мешавад. 

Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК


ТАКРОРИ ТАЪРИХ
Наполеон соли 1760 таваллуд шудааст, Гитлер соли 1889. Фарқ – 129 сол.
Наполеон соли 1804 ба сари ҳокимият омад, Гитлер соли 1933. Фарқ – 129 сол. 
Наполеон соли 1816 мағлуб шуд, Гитлер соли 1945. Фарқ – 129 сол.
Наполеон пойтахти Австрия - шаҳри Венаро соли 1809 ишғол кард, Гитлер соли 1933. Фарқ – 129 сол. 
Наполеон ба Россия соли 1812 ҳуҷум кард, Гитлер соли 1941. Фарқ – 129 сол. 
Ҳар ду дар 44-солагӣ ба сари ҳокимият омаданд. Ҳар ду ба Россия дар 52-солагӣ ҳуҷум карданд. Ҳар ду ҷангро дар 56-солагӣ бой доданд.
Таҳияи Х. КАСИР

Санаи нашр: 25.10.2024 №: 211
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив