ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАТАНСАРО

ВАТАНСАРО

28 октябр 2024, Душанбе
14
0
Ватанро касе мисли адибон васф карда натавонад. Ҷолибтарин мавзуъҳо ва образҳоро шоиру нависандагон ба қалам дода, пешниҳоди назари ватандорон менамоянд. Адибони даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон на фақат бо осори назмӣ, инчунин тавассути мақолаҳои публитсистӣ дастовардҳои арзандаи даврони имрӯзаро равшану возеҳ ифода мекунанд, музаффариятҳои пуршукӯҳи Тоҷикистонро моҳирона васф менамоянд, аз пешравиҳои ҳамарӯза, сулҳу суботи комил мардуми кишварро огоҳ месозанд, инсонҳоро ба ободкорию созандагӣ даъват мекунанд, хуллас, вассофони ҳақиқии Ватан мебошанд. Яке аз онҳо Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Камол Насрулло аст, ки ҳамчун дарахти сарсабзу сербори боғи адабиёти тоҷик Тоҷикистони соҳибистиқлолро ватандӯстона тараннум мекунад. Ӯ ба Ватан, ба обу ҳавои он муҳаббати беандоза дорад, ҳар зарра хоки Тоҷикистонро азизу муқаддас медонад, аз тоҷику тоҷикистонӣ будани худ сари ифтихор мебардорад.
Устод Камол Насрулло аз сермаҳсултарин адибони ватансаро аст. Ӯ ҳам тавассути назм ва ҳам наср диёр, яъне Тоҷикистонро чун адиби баркамол тавсиф менамояд:
Ҳеҷ гоҳ бо ҳеҷ ваҷҳ
Меҳани худро бадал бар меҳани дигар нахоҳам кард!!
Оби поки чашмаҳояшро иваз, ҳатто ба оби Чашмаи Кавсар нахоҳам кард.
Ва аз накутарин сифатҳои миллати хеш садо дар медиҳад:
Тоҷикам ман, миллатам ноком нест,
Миллати Синову Мавлоност,
Миллати фархундаи мардони ҳикматофарин аст,
Миллати хеле фурӯтан, хоксор
Миллати заҳматкаши рӯи  замин аст.
Мақолаҳои ӯ оҳанги назм, накҳати шеърият дошта, гулшукуфоии Ватанро васф менамоянд. Публитсистикаи ватандӯстонааш хеле ҷолиб буда, оҳангу навои назм дорад. 
Мақолаи пурмуҳтавои ӯ дар шумораи 25-ум, аз 7-уми феврали соли 2022-юм дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” “Ману мо сипари Тоҷикистонем, ба Ватан, бо халқи худ, бо Сарвари меҳанпараст” комилан фалсафаи таваҷҷуҳангез аст. Ин матлаб аз ҷанги чилучорсолаи Афғонистон, аз қисмати бади халқи тоҷик дар ибтидои соҳибистиқлолӣ ҳарф зада, ҳушдор медиҳад, ки мо набояд балои ба сари миллат овардаи солҳои навадуми асри гузаштаро фаромӯш кунем, ҳарчанд ки пеши рӯ оварданашон басо нанговар аст. 
Камол Насруллоро падидаҳои даврони истиқлол илҳом медиҳанд, ки ӯ хурсандии фараҳборашро дар шеър ё мақолаи шоирона ифшо мекунад. Эътироф шудани “Фалак” аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун унсури мусиқии волои халқи тоҷик, устодро ба эҷоди “Эъҷози фалак” таҳрик бахшид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мудом мегӯянд, ки Тоҷикистонро худи мо дар якҷоягию муттаҳидӣ обод мекунем, каси аз беруномада сарпарасту ғамхори мо намешавад. Камол Насрулло дар такя ба ин суханҳо бо муҳаббати беандоза таъкид мекунад: “Танҳо як неруе ҳаст, ки мо – миллати тоҷикро аз ҳама хатарҳо маҳфуз медорад ва ин неру ваҳдату ягонагӣ ва хираду фазилати зотии халқамон аст, ки ба шарафи Истиқлоли давлатиамон имрӯз эҳёи дигар дорад”. 
Воқеаҳои муҳими таърихӣ, ҷашнҳои муҳташам, ки ба ҳаёти гузаштаву имрӯзаи миллати тоҷик вобастаанд: Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон (9-уми сентябр), баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ (16-уми ноябри соли 1992), имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон (27-уми июни соли 1997), Наврӯзу Тиргону Меҳргону Сада ва ғайра аз назари Камол Насрулло дур намемонанд. Ӯ дар баёни ин мавзуъҳо ҳатман Ватану ватандориро машъал мекунад. Шеъре, ки “Ватан “Шаҳнома”-и пирӯзии мост” унвон гирифтааст, чунин байти хотиршин дорад:
Ватан гуфтам, Ватан дар ҷисму ҷон шуд,
Дилам бо ҳар гиёҳаш ҳамзабон шуд.
Устод Камол Насрулло мехоҳад бо осораш вожаи Ватанро дар ҷисму ҷони ҳамватанон ҷой кунад. Дар ду матлаби ба Артиши миллӣ бахшидаи ӯ, ки дар “Ҷумҳурият” чоп шуд, ҳарфи Ватан хеле равшан ҷило медиҳад. Ватан имрӯз марзу буми он сарзаминест, ки андар он зиндагӣ мекуниву ба муқаддасоташ арҷ мегузорӣ. “Дар ин асри дастзӯриҳову абарқудратиҳо, - менигорад шоир, - аввалан, ваҳдату ягонагӣ, сипас, неруву тавоноӣ, далерӣ, шуҷоат, садоқат ва пойдории на танҳо ҳар инсон, балки ҳар кишвар кафолати зиндагониву амнияти  ӯст”.
Эй Ватан, эй Тоҷикистон, эй биҳишти ман,
Эй замини бахтафшон, сарнавишти ман...
Тоҷикистон, сарзамини меҳру армонам,
Бо ту будам, бо ту ҳастам, бо ту хоҳам монд.   
Устод Камол Насрулло тарзи баёни андешаи вижа ва услуби хоси худро дорад. Хоҳ дар бораи дӯстӣ нависад, хоҳ дар бораи нон ё мавзуи дигар, ба Ватан тавъам мегардад. Бубинед, дар мавриди ифтитоҳи майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи “Истиқлол” дар пойтахт чунин ҳарф меронад: “Ин муҷассамае, ки ҳосили завқи баланд ва муҳаббати бегазанди Пешвои миллат ва халқи тамаддунпарвари мост, рамзи Тоҷи заррини миллати тоҷик ва Истиқлоли давлатии мост, ки ҳар бинандаро бо шаҳомат ва дурахши тиллоии худ мафтуну тасхир месозад. Ҳузури ин муҷассама дар маркази кишвар ҳар фарзанди ин сарзаминро во медорад, ки бо муҳаббат ва садоқати бештар ба ҷониби ӯ, чун ба сӯи меҳроби муқаддаси муҳаббати Ватан рӯ оварем” (“Ҷумҳурият”, 12-уми сентябри 2022).
Кишвари озоди мо ҳар соат, ҳар рӯзи истиқлолият як навигарие тавлид мекунад. Эҳё ва устуворгардонии ҳар яке аз муқаддасоти миллии Тоҷикистони навин, аз ҷумла Конститутсия, Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Забони давлатӣ, Ваҳдати миллӣ – ҳама таваҷҷуҳи ватанпарастии шоирро ба худ кашида, ҳатман боиси пайдоиши шеър ё мақолаи публитсистӣ мегардад. 
Устод Камол Насрулло ҷаҳони маънавии фарох дошта, аз таърихи маънавии миллати худ огоҳ аст, шикасту пирӯзиҳои миллатро шоҳид асту хидмати  таърихии  абармардони  миллатро медонад. Ӯ асолати бузурги шоири зиёӣ буданро хуб дарк мекунад. Ин хулосаи мо дар заминаи чунин андешаҳои худи ӯ ба миён омад: “Шоири асил бояд ҳама соҳаҳоро омӯзаду донад, ӯ аввалан бояд донандаи хуби адабиёти гузаштагони худу адабиёти ҷаҳон бошад, баъдан, бояд ҳам таърихдон, ҳам файласуф, ҳам табиатшиносу донандаи соҳаҳои гуногуни зиндагиву ҳаёт, хуллас, донишманди ҳама соҳаҳо бошад”. Ва дар ин радиф мо илова мекунем, ки чун Камол Насрулло ватандӯст бошад. Аз мутолааи ашъори ватандӯстонааш дармеёбӣ, ки вассофи пурҳунари Ватан, вассофи миллату ваҳдат ва бо ҳамин сифат на танҳо шоири фарзона, инчунин зиёии асил, фарзанди арзандаи Тоҷикистон аст. Ватан барои мо, барои ӯ, барои шоирон Модар аст! Ин модарҳисобии Ватан дар ашъори Камол Насрулло ширинии хосса дорад. Ба намуна чор мисраъ аз “Чароғи дуо”:
Модари ман, Меҳани ман, қалъаи виҷдони ман,
Аз ҳама он дурии дуриҳо балогардони ман.
Бо дуои ту дар ин дунё саодат ёфтаам,
Ҳам дар он дунё дуоят бод пуштибони ман.   
Ҷӯрабек МУЪМИН, 
Корманди шоистаи Тоҷикистон
Санаи нашр: 28.10.2024 №: 212-213
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив