ДАРЁИ РАҲМАТ
Ҳангоме ки қалам ба даст гирифтаву хостам рӯйи коғази сафед бо хатти зарин ва нозуктарин эҳсосоти дил модарамро васф кунам, ӯ, ки дар хоби ноз буд, бедор шуда, гуфт: «Духтарам, меъдаам каме дард мекунад, доруям деҳ». Ман барои об ба берун баромадам. Дар ҳавлӣ оромӣ ҳукми хеш меронд. Вақтҳое буданд, ки садои хандаю шодӣ дар ҳавлиямон ғулғула меандохт: он ҳамеша серравуо ва серодам буд. Падару модарам ёздаҳ кӯдакро тарбия намуданд. Мо – фарзандон, дар оғӯши пур аз меҳру муҳаббати падару модар ба воя расидем.
Тарбияи ёздаҳ кӯдак кори осон набуд, вале волидонам тамоми пасту баландиҳои зиндагиро дастибадаст паси сар намуда, ҳамаро соҳибмаълумот карданд.
Ҳоло бошад, дар синаи шаби пур аз ситора, шаби маҳтобӣ, он рӯзҳо чун хотироти ширин аз лавҳи хотирам гузашта, як эҳсосоти ширину гуворо ва ҳамзамон, ҳазине вуҷудамро фаро гирифтааст. Ин лаҳза ману модарам дар даҳлез танҳои танҳо. Яке дар ҷогаҳи хобу дигаре ғарқи андеша.
Синни модарам аз ҳаштод гузаштааст. Қомати хамидааш нишонаест аз заҳматҳо ва ранҷҳои кашидааш, барои ба камол расондани фарзандҳо. Аз мӯйҳои шабрангаш аҳёнан асаре мондааст. Ҳар тори мӯяш бар ивази бахти сафеди фарзандон ба сони қуллаҳои осмонбӯси Бадахшон ранги дебо гаштааст. Чинҳои ҷабини модарам бо гузашти айём афзун шудаанд. Наққоши рангинқалами ин ожангҳо мо фарзандонем, зеро аз ҳар як душвории мо ба хатҳои пешонияш хатти дигаре зам мешавад.
Дили саршори муҳаббаташ хонаи ибодат бо Худост. Ҳар субҳу шом барои фарзанд дуогӯю санохон аст. Беҳуда нест, ки дуои модарро аз чандин хатарҳо сипар мегӯянд. Ҳазорон ганҷи Қорун ба як дуои модар баробар шуда наметавонад. Бузургии модар дар он аст, ки садои дили фарзандро дар фосилаҳо эҳсос мекунад. Аз ин ҷост, ки дуои модар сарҳад надорад ва ҳамеша аз тарафи Худованд мустаҷоб мегардад.
Ҳафт ҷӯйи шири ӯ ҳафт ҷӯйи биҳишт аст, ки ба тифли навзод ҷон мебахшад. Бале, тамоми тору пуди модар ба фарзанд пайванди ногусастанӣ дорад. Дину миллату мазҳаб, қиблаву намози тамоми модарони дунё фарзанд аст.
Ҷигарбандони модар ҳамеша муҳтоҷи муҳаббат ва дуои модаранд. Тифли навзод модарро бо бӯйи абиромезаш мешиносад ва ин фариштаро дар ҳар кунҷи хона наззора мекунад. Аскарбача бо шунидани овози модар руҳбаланд мегардад.
Меҳр ва дуои модар бузургтарин ҳадяи илоҳист, ки танҳо дар қалби нозуки зан-модар ҷой гирифтааст. Модар дар кадом ҳолате бошад, ҳамеша фарзандашро навозиш мекунад. Дуои модар, аллаи модар, муҳаббати модар дорои қувваи одӣ нестанд, балки муъҷизаи худовандӣ мебошанд:
Ишқ аз васл бикоҳад боре
Кам шавад аз ғамеву озоре.
Лек он меҳр, ки модар дорад,
Соя кай аз сари мо бардорад?
Маҳтоб БАХТИБЕКОВА,
омӯзгори МТМУ № 8-уми
ноҳияи Рӯшон