ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУОИ МОДАР БА ШАҲДУХТАР

ДУОИ МОДАР БА ШАҲДУХТАР

01 ноябр 2024, Ҷумъа
50
0


Ҷони модар, зиндагӣ оғоз кун,
Бо ду боли орзу парвоз кун.
Дар раҳи фардои субҳи бо умед,
Бо дуо гӯям ба ту: - роҳат сапед!
Бар суханҳои дили ман гӯш дор,
То шавӣ дар зиндагонӣ комёр.
Умри инсон кӯтаҳ асту рафтанист,
Фирк кун, ки маънии умри ту чист?
Омадӣ, бояд равӣ, аммо бидон,
Ту чӣ коре мекунӣ дар ин миён.
Чун хутути сабзи гулҳои чаман,
Рафтанат оғоз шуд аз омадан.
Тик- тики соат шуморад вақтро,
Фурсатат кӯтаҳ кунад ин нақдро.
Аз фиреби умри худ ғофил машав,
Зиндагӣ найранг дорад нав ба нав.
То расӣ бар ҷамъи мақсуди худат,
Оташе афрӯз аз буди худат.
Ҳеҷ кас парво насозад аз ғамат,
Шонаҳоят муттако дар мотамат.
Бар Худову бар худат бовар фузун,
Ҳаст дунё пур зи найрангу фусун.
Гар ту даркорӣ, агар бар корашон,
Нест ширинтар зи ту дилдорашон.
Гар набошӣ баҳрашон ҳоҷатбарор,
Нест парвошон, ки дорӣ ту чӣ кор.
Як ҳамин  маънӣ бароят бас бувад,
Хеш ҳам дар рӯзи сахтӣ кас бувад.
Оташи имони худро барфурӯз,
Ҳезуми нодониву ҷаҳлат бисӯз.
Хешро бишнос аввал бехато,
То бидонӣ чист манзур аз ҳаё.
Бар худат бовар бикун, шарти нахуст.
Бахти ту, ҷонам, бидон дар дасти туст.
Хондану хондан бувад шарти дигар,
Донишат бар ту  шавад ҳар ҷо сипар.
Иззату икром бар пиру ҷавон,
Одамиятро диҳад бар ту нишон.
Дон, ки мағрурӣ барад сӯи фано,
Хоксорӣ раҳ барад то бар само.
Шарти дигарро бигӯяд модарат,
То қадам монад саодат дар барат.
Шукр гуфтанро биомӯзӣ аз ҷаҳон,
Носипосӣ бар ту меорад зиён.
Кай тавон беҷамъи одам зистан,
Манфиат дорад, гаҳе танҳо шудан.
Интихоби дӯстро кун эҳтиёт,
Гар бихоҳӣ зиндагониро нишот.
То тавонӣ кам бигӯ аз бахти худ,
Аз саодат бар хамӯшиҳо дуруд.
Пок дор аз кина қалби нозанин,
Тозагӣ зебад ҳамеша бар нигин.
Ғайбати касро макун ту ҳеч гаҳ,
Аз савобат кам макун бо ин гунаҳ.
Гар бигирӣ азм бар оғози кор,
Пеши худ андеша аз анҷом дор.
Аз дурӯғу фитна парҳезӣ агар,
Ҳосили умри туро бошад самар.
То тавонӣ дасти муҳтоҷон бигир,
Бар ҳарисӣ нафси худ манмо асир.
Бар дили худ бар ҳасад ҷое намон,
Ҷуз муҳаббат раҳ мадеҳ бар ошён.
Тарс бошад душмани номарди ту,
Менамояд рангҳои зарди ту.
Шод буданро ба зеҳни худ  фузун,
Фикри бадро аз сари худ кун бурун.
Нав бикун аз куҳнагӣ андешаро,
Сабз созад обу хокаш решаро.
То самар ёбад муродат ҳар замон,
Арзиши дурдонавақти хеш дон.
Ин намонад  боз ногуфта, бидон,
Хешро аз дигарон боло махон.
Гар нишоне аз адолат хостӣ,
Як сари мӯ кам макун аз ростӣ.
Ишқро чун ҳадяи Парвардигор,
Лутфу эҳсони Худои худ шумор.
Бо муҳаббат ишқро оғоз шав,
Бахти худро ҳамдаму  ҳамроз шав.
Ҷони модар, рӯзгорат бо сафо,
Ҳар куҷо бошӣ, нигаҳдорат Худо!


Сурайё ҲАСАНСУЛТОН,
шаҳри Хуҷанд, 
узви Иттифоқи нависандагони 
Тоҷикистон

Санаи нашр: 31.10.2024 №: 216-217
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив