ШОЯД, КИ БА ХОБИ МАН ДАРОӢ...
Як бори дигар расида оӣ,
Эй субҳи умеду рӯшноӣ.
Модар, ту барои ман азизӣ,
Пажмурда шудам зи роҳпоӣ.
Пайғомрасони зиндагонӣ,
Сарчашмаи меҳру меҳрубонӣ.
Домони туро гирифта мерам,
Модар, зи пасат ба меҳмонӣ.
Дар гӯшаи боми мо дигар ку?
Зардолую себи сурху тутат.
Ку хурмаи пур зи ширу дӯғат,
Дил гум бизанад бад-он мурудат.
Таҳмолу чапотии балаззат,
Нӯшобаи хучу оби себат...
Таъмаш зи даҳони ман нарафта,
Ҳар меваи ҳавлии базебат.
Ҳар лаҳза ба пеши чашмам оӣ,
Ҳарчанд дигар намебиёӣ.
Ҳамвора дуо кунам бароят
Шояд, ки ба хоби ман дароӣ.
ЁДИ МОДАР
Ҷилави аспи роҳ дар дастам,
Меравам бо ҳазору як армон.
Пеши рӯям, ки кӯҳи ғам тобад,
Пушти сар ҳам мазори модарҷон.
Ӯ, ки дар канори теппаи деҳ,
Ҳамраҳи мӯсафеди худ хоб аст,
Бачагонаш агарчи дар паҳлӯ-ш,
Духтараш аз ҷудоӣ нотоб аст.
Дарди ман зи ҳиҷрати ман нест,
Гиряи ман барои модар буд.
Он чи сӯзад мағзи ҷонамро,
Хонаи холии бародар буд.
Сурати модарам пеши назар,
Нур дорад нигоҳи чашмонаш.
Ҳар қадр солҳо мегузаранд,
Мешавам хуморию пазмонаш.
Ҳар гаҳе сафар ҳамерафтам,
Қуввати дил дуои модар буд.
Дар забонаш каломи раббонӣ,
Мунтазир буду чашм бар дар буд...
Алӣ САФАРЗОДА,
“Минбари халқ”