МОДАР
Ҷону дилам фидои ту, модари қаҳрамони ман,
Садқаи хоки пои ту, модари қаҳрамони ман.
Бе ту зи худ бехабарам, дар ду ҷаҳон намехарам
Ҳеҷ киро ба ҷои ту, модари қаҳрамони ман.
Ман накунам дард писанд, бал накунам марг писанд.
Бишнавам ар садои ту, модари қаҳрамони ман.
Ҷонкани беқарор ман, дидаи интизор ман,
Кош зи дар дароӣ ту, модари қаҳрамони ман.
Шоҳу гадо дар ин ҷаҳон беш буванд бегумон,
Шаҳ туву ман гадои ту, модари қаҳрамони ман.
Дард накаш, ки мекашам сад карат аз ту дард беш,
Мемурам аз барои ту, модари қаҳрамони ман.
УЗР БАРОИ МОДАРИ БЕМОРАМ
Дурам аз хизматгузориҳои ту,
Садқаи раҳинтизориҳои ту.
Сахт беморам, набитвонам равам,
Бишнавам то шикваориҳои ту.
Пос дорам то даме ки зиндаам,
Кулфату шабзиндадориҳои ту.
Ҳар гаҳе озурда мегардам зи дард,
Ёд дорам беқарориҳои ту.
То шифо ёбам, ба рӯи ҷонамоз
Дида бошам беш зориҳои ту.
Менагунҷад дар китоби ду ҷаҳон
Ранҷҳову бурдбориҳои ту.
Ҳеҷ кас ҳаргиз нагирад дар ҳаёт
Ҷои ту бо ғамгусориҳои ту.
Эй, бубахшо, модари бечораам,
Боисам бар ғуссадориҳои ту.
Андаке гардад насибам сиҳатӣ,
Меравам бар меҳрбориҳои ту.
МОДАРИ МАН
Модари ман модари ман буд,
Ҳамдами меҳрофари ман буд.
Давлати дунё наҷустам ҳеҷ,
Давлати тори сари ман буд.
Дар раҳи печу хами умрам
Раҳнамову раҳбари ман буд.
Ҳар дам аз ҳолам буд ӯ огаҳ,
Дар ғаму шодӣ бари ман буд.
Шодияш кам буду ғам бисёр,
Модари ғампарвари ман буд.
Дар дами боло париданҳо
Модарам болу пари ман буд.
Бо яке ҳарфи самимона
Сад китобу дафтари ман буд.
Модарам африштае нею
Модари ман модари ман буд.
НУРИ МОДАР
Ширин чу лаҳни модар лаҳне надида моем,
Чун “Алла”-аш суруде ҳам ношунида моем.
Аз боғи ҳиммати ӯ, боғи муҳаббати ӯ
Гулҳои лутфу эҳсон бисёр чида моем.
Дар як қадам дучори сад пешпо бигардем,
Дар зиндагӣ ба қадраш гар норасида моем.
Бо ним ранҷи модар кай мешавад баробар,
Гар дар ҳақаш ба умре заҳматкашида моем.
Гар шоҳу гар амирем, дунё агар бигирем,
Дар пеши модари худ як сархамида моем.
Аз шеду моҳу анҷум сад нур агар биёрем,
Чун нури рӯи модар нуре надида моем.
Гурез САФАР, Нависандаи халқии Тоҷикистон