ДАР РУХИ ФАРЗАНД ФАРРИ ШОҲИРО МОДАР БИДИД
Пешвои мамлакатро модари фарзона буд,
Модаре, ки покдоман, гавҳару дурдона буд.
Мисли гавҳар тарбият кард ӯ азизи хешро,
Модари ғамхор ӯро рӯзу шаб парвона буд.
Модаре, ки дастҳои нозукаш меҳнатқарин,
Оламоро буд ба хулқу шамси кунҷи хона буд.
Чашмҳои нозанинаш шарму иффат доштанд,
Ин зани фарзона беҳтар аз ҳазор афсона буд.
Порсо, фармонбару дар эҳтироми ҳамсараш,
Ҳамсари худро азизу гавҳару ҷонона буд.
Вожаҳояш меҳрубонӣ, вожаҳояш ҷамъи нур,
Нурбороне, ки аз файзи хушаш дар хона буд.
Ҳарчи ранҷе буд, дар саҳрои сӯзон ӯ кашид,
То бихонад шаҳписар, ҳар ранҷ бошад, ӯ бидид.
Хонаву дарро дурахшон карда аз озодагӣ,
Ҳар даме фарзанди худро интизорӣ мекашид.
Бо дуо шабро саҳар мекард модар, бо дуо,
Хайр мекарду сахо мекард некуву саид.
Асли ӯ мерафт шояд то Куруши номдор,
Варна охир ин бузургӣ, шоҳбонуӣ кӣ дид?
Чун Худо асрор донад шоҳро мепарварад,
Дар рухи фарзанд фарри шоҳиро модар бидид.
Ҳар куҷо мерафт фарзандаш, ба шаб бедор буд,
Бо намозу бо ибодат ӯ ба чашми чор буд.
Ҷони маҳзунаш зи ғам ҳар дам риёзат мекашид,
Орзуманди писар буд, орзу дидор буд.
Ҳар хатар дар кишвараш аз ҷони модар мегузашт,
Аз ғаму андуҳ гирён буду ҳам бемор буд.
Боғ мерафту ба хона, хона мерафту ба боғ,
Қалби ӯ аз фикрҳои пурғаме абгор буд.
Шуд хабар, фарзанди ӯ бахшид миллатро наҷот,
Зиндагӣ бахшид миллатро гирифта аз мамот.
Халқи тоҷик ин ҷавонро қаҳрамони хеш хонд,
Гавҳари чашми худу эъҷози эҳёи ҳаёт.
Сарвари худ хонд миллат гавҳари ноёбро,
Душмани миллат ба пеши шери миллат монд мот.
Қаҳрамонфарзанд дода миллати тоҷикро,
Офарине хонамаш бар модаре, ки буд неку босубот!
Ҳасан МАВЛОН
Санаи нашр: 31.10.2024 №: 216-217