ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » "ШОҲНОМА" ОИНАИ ТАМОМНАМОИ ГИРОМИДОШТИ БОНУВОН

"ШОҲНОМА" ОИНАИ ТАМОМНАМОИ ГИРОМИДОШТИ БОНУВОН

05 ноябр 2024, Сешанбе
0
0


Ҳар он кас, ки шоҳномахонӣ кунад,
Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.

Аҳамият ва фалсафаи ангезандаи «Шоҳнома»-и ҳаким Абулқосим Фирдавсиро дар шуур ва руҳи инсон дарк карда, Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чоп ва тақсими хона ба хонаи ин шоҳасарро ҳатмӣ донистанд. Воқеан ҳам, ин маҷмуи достонҳои безавол дар баробари фарогирии садҳо мавзуъ ва масъалаҳо, ҳамзамон, чун намоди пурарзиши арҷгузории ниёгони мо ба бонувон талқин мешавад, ки дуруст асту рост!

«Шоҳнома» аз бузургтарин ҳамосаҳои миллии порсизабонон аст, ки дар он баробари тасвири муҳимтарин ҷанбаҳои фарҳангу тамаддуни бостонӣ, ҳамчунин, иштироки бонувон дар корҳои маъмурӣ, давлатдорӣ ва ҳарбу зарб инъикос шудааст. Фирдавсӣ занонро бо хитобаҳои меҳиндухт, шаҳи бонувон, бонуи бонувон, меҳтари бонувон ва сари бонувон тавсиф мекунад.
Пешвои миллат ба ин ҷиҳати тарбиявии «Шоҳнома» ишора карда, навиштаанд: «Мисол овардани сифатҳои неки фақат қаҳрамонони «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ, монанди Таҳмина ва Гурдофарид, ҳамчунин, меҳанпарастиву фидокории садҳо нафар шахсиятҳои таърихии миллати бостонии мо далели равшани эҳтиром ва арҷгузории гузаштаамон нисбат ба зан – модар мебошад».
Қаҳрамонҳои бемислу монанди он: Таҳмина, Гурдофарид, Рудоба, Фарангис, Шаҳрбону, Бонугушасп, Шаҳрноз, Арнавоз, Манижа, Синдухт ҳар яке бо вижагиҳои рафтору гуфтор дар зеҳни хонанда боқӣ мемонанд. Агар Таҳмина ҳамчун шаҳбонуи солеҳа, хушахлоқ ва ботамкин ба тасвир омада бошад, Гурдофарид чун намоди ғуруру ватандӯстӣ ва шуҷоату ҷасорат тавсиф ёфтааст.
Аз вусъати тасвирофаринӣ ва маънисозиҳои олии ҳакими Тӯс бармеояд, ки барои тарбияи духтарони неку хушахлоқ дирӯз, имрӯз ва фардо ҳам «Шоҳнома» сарчашмаи беназир аст.
Аз ҷумла, ба ин байт таваҷҷуҳ кунед:
Ҳунарҳову дониш зи андоза беш,
Хирадро парастор дода ба пеш.

Ин муаррифии Фарангис аст аз забони Пирон. Аз қадим ҳунар ҷавҳари шинохт ва фазилати бонувон будааст. Дар баробари ин, донишмандии онҳо зикр мешавад. Яъне, нахуст, ҳунар ва баъдан дониш зикр шуда, ки ин рамзу рози занро дар худ гунҷондааст.
Васфи ду хоҳари шоҳ Ҷамшед чунин омада:
…Ки Ҷамшедро ҳар ду хоҳар буданд,
Сари бонувонро чу афсар буданд.
Зи пӯшидарӯён яке Шаҳрноз,
Дигар моҳрӯе ба ном Арнавоз.

Суҳроб дар муроҷиат ба модараш Таҳмина мегӯяд:
Туро бонуи шаҳри Эрон кунам,
Ба ҷанг-андарун кори шерон кунам.

Бавижа, образи Манижа дар достони «Бежан ва Манижа» бисёр омӯзанда аст. Ёдовар мешавем, ки Манижа номи гулдухтари худи Фирдавсист ва ин достонро ба ӯ армуғон кардааст. Ин ҷо таҳаммул ва садоқати Манижа ба Бежани чоҳафтода мақоми аввал дорад. Манижа барои аз зиндон раҳо кардани маҳбубаш Бежан ба кофтукови Рустами достон мебарояд, ӯро бо ранҷи зиёд ёфта, ба ёрӣ мехонад. Рустам рад мекунад. Аммо Манижа садоқат нишон дода, бо истодагарӣ Рустамро ба ёрӣ розӣ мекунад. Ин ҷо рафоқати бону ба дилдори ранҷбурдааш бисёр омӯзанда аст. Ин шаҳбону ҳарчанд корафтода шуда, пеши Рустам омадааст, аммо ғуруру номуси худро аз даст намедиҳад ва бо назокат чунин мегӯяд:
Манижа манам - духти Афросиёб,
Бараҳна надида танам Офтоб.

Вожаи «бону», ки дар «Шоҳнома» истифодаи фаровон дорад ва имрӯз дар шакли ҷамъи он – «бонувон» истифодаи бештар дорад, маънои рӯшанӣ, покӣ, беолоишӣ, шукӯҳу шарофатро дорад ва шукӯҳмандии ҷомеаи инсонӣ, бешубҳа, ба латофату малоҳат, самимияту муҳаббати зан ва модар нисбат ба насли башар вобастагӣ дорад.
Агар ҳаст бону чунин некрой,
Намонад бадӣ дар дили мард пой.
Ба меҳр андар орад ҳаме ӯ сухан,
Бубин, дар шигифтанд ин анҷуман.

Соҳибхона дар шакли кадбону ҳам истифода шуда, ки имрӯз кам-кам вирди забонҳост:
Калидаш ба кадбонуи хона дод,
Танашро бад-он чарми бегона дод.

Қадимтарин корбурди ҳаммаънои зан, яъне бону, дар яке аз сангнавиштаҳои тахти Ҷамшед ба хатти тиллоӣ ба сурати Банука (Ba-nu-ka) аст, ки духтари Куруш, ҳамсари Дорувиш ва модари Хушоёршоҳ будааст. Дар порсии миёна ва портӣ ба шакли «бонуг» дида мешавад. Чандин бор дар катибаи Шопури аввал дар каъбаи Зардушт, дар унвони занони дарбор ва ба унвони лақаби Ноҳид (Яздбонуи нигаҳбони об Аноҳита) омадааст.
Дар робита ба мавқеъшиносии занон дар «Шоҳнома», мехостем, ки дар ҷараёни таълиму тарбияи оилавӣ, бавижа ҳини дарсҳои тарбиявӣ, аз он ба таври густурда истифода шавад. Духтарони мо донанд, ки гузаштагонашон ба бонувон ба таври шоиста арҷ мегузоштанд, илму ҳунар, ҳатто, сабақҳои ҳарб меомӯзонданд ва дар навбати худ занон низ, дар роҳи дифои нангу номус, фарзандон ва Меҳани хеш мубориз будаанд. 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 05.11.2024 №: 219-220
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив