ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҶУД БАР ТУ, МОДАРИ МЕҲРОФАРИНАМ!

СУҶУД БАР ТУ, МОДАРИ МЕҲРОФАРИНАМ!

05 ноябр 2024, Сешанбе
3
0


Бигардад решаи ҷангу ҷадал хушк,
Бигардад шохаи макру ҳиял хушк. 
Агар аз модару Меҳан сароӣ,
Нагардад ғунчаи шеъру ғазал хушк!

Модар сароғози ҳаёту муаллими аввалини атфол, фариштаи хонаву баракати рӯзгор, олиҳаи зиндагиву отифаи ғамхор аст. Модар намоди покиву санбули меҳру муҳаббат ва рамзи инсониву бузургворист. Модар чароғи рӯшани манзили мост. Қадри модар баланд аз ҳама инсонҳост, зеро сарчашмаи файзи хонавода, баракату хушбахтии мо ҳамин фариштаест, ки модараш мегӯем. 
Модар идомадиҳандаи насли башар, бунёдгузори хушиҳои зиндагӣ, мушкилкушову гиреҳкушои ҳама садду монеаҳост. Ба пиру барно, шоҳу гадои ҷаҳон савол диҳед, ки дар олам аз модар азизу меҳрубон, ғамгусору  мушфиқ ва собиртару мукаррамтар инсоне ҳаст? Ҳатман, посух якто хоҳад буд: не!
Зеботарин фаришта, олитарин олиҳа, оқилтарин  бону  ва меҳрубонтарин фард модар аст. Маҳз аз модар дунё ибтидо дорад ва агар тамоми неъмати дунё аз байн раваду модар дар масири ҳаёт бимонад, зиндагӣ боз метавонад давоми худро биёбад, бишкуфад ва маҳз ба хотири ӯ ҳама неъматҳои маънавӣ ба зиндагии мо бармегарданд. Модар, ки нахуст, офаринандаи инсон аст, меҳру муҳаббати ӯ интиҳову ибтидо надорад, зеро, ин фаришта нурест, ки роҳи зиндагии моро мунаввар месозад. Ин олиҳа сарчашмаест, ки ҳастии моро аз файзи худ шодоб мегардонад ва билохира модар моҳи дурахшонест, ки бо нури меҳрбораш шабҳои тираву тори моро равшан месозад. Бале, ин модар аст, ки ба дунё олимону шоирон, нобиғаҳою шахсиятҳои бузургро ато кардааст. 
Ин фариштаи замин беҳтарин муъҷизаи Парвардигор аст ва Худованд ба модар зебоӣ, иффат, дилрабоӣ, шуҷоат, садоқату ҳунармандӣ, меҳру муҳаббат эҳдо кардааст. Дар хонадоне, ки лутфу каромати модар набошад, дар он баракат нест. 
Ривояте ҳаст, ки Худованд дар олам мавҷуди қавиро халқ карду номашро мард гузошт ва дар ин маврид аз ӯ савол кард, ки оё аз ҳастии худ дар ин дунё ризо ҳаст ё не. Мард ҷавоб дод, ки ризо нестам ва болиштеро мехоҳам, ки дар он такя кунам, оинаеро мехоҳам, ки дар он бузургии худро бинам, сандуқчае мехоҳам, ки дар он ҷавоҳири худро ҷо диҳам, ниқобе мехоҳам, ки дар пушти он панаҳ гардам, луъбате мехоҳам, ки бо он шод бошам, муҷассамае мехоҳам, ки зебоиаш чашмро навозиш диҳад, андешае мехоҳам, ки дар он маҳв гардам, машъале мехоҳам, ки раҳнамоиям кунад. Ин ҳама орзуву хостаҳоро Худованд барои мард дар симои бону офарид, ки дар асри нав ҳам, дар асрҳои оянда низ беҳтарин муъҷиза ва ҳадияи илоҳии мост. 
Модаронро шоирон, адибон, нависандагон, уламои ҷаҳон сифот намуда, дар ҳаққашон суханҳои неку мондагор сабт кардаанд. Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд, ки бе меҳри падар ва дар сояи давлату тарбияти модар ба камол расидааст, ин фариштаи покро дар ҳар як суханаш тасвиру сифоти воло менамуд, зеро маҳз дастони пурбаракат, тарбияи нек ва муҳаббати бекарони модар буд, ки чунин як шоири шинохта дар домони намозияш парвариш ёфт.
Дар шеъри шоир модар ва зан ҳамчун намоди саодати зиндагӣ тасвир мешавад. Модар барои ҳамаи насли дунё, ҳамаи миллатҳо як рисолат дорад ва дар яке аз ривоятҳои ҳиндӣ омадааст: «Зан атр аз гул, нӯш аз шаҳд, шодобӣ аз баҳор, риққат аз абр, ҳарорат аз Офтоб ва зиндагӣ аз Замин бардоштааст».
Зикр кардан ба маврид аст, ки Рӯдакии бузург, Ҳомери нобино, Робия, шоир, духтари шоҳ ва чандин дигар сухансолорону андешмандон  маҳз аз ҷаҳони меҳрбори модар сар баровардаанд. Аз ҷумла, дар асри ХХ модари тоҷик барои ин миллати куҳанбунёд Роҳбари фарзона муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро армуғон овард.
Ҷойгоҳ ва бузургии модар, хушбахтона, дар зери назари неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Сарвари муаззами миллат дар бузургиву беназирии Модар мегӯянд: «Бешак, дар ҷомеае, ки шумораи модарони босаводу бомаърифат меафзояд, пешравӣ босуръат хоҳад буд ва дар он фарзандони хуб ҳарчи бештар тарбия хоҳанд ёфт». 
Пеши пойҳои ин шахси меҳрофарин, ки дар ҳадиси Паёмбар биҳишт зери онҳост, саҷда меораму дуо мекунам, ки ба модарон газанде нарасад ва ҳамзамон, нидо  мекунам:

Аз қалби дилам дуруд, модар,
Дорам ба ту ман суҷуд, модар,
Бошад ҳама дам ҳаётат обод,
Олам зи ту дар вуҷуд, модар.
Чун рамзи бузургии илоҳӣ
Моро ҳама дам туӣ мададгор.


Шарифаи БУНЁД, 
сармуҳаррири рӯзномаи «Шоҳдара»-и ноҳияи Роштқалъа

Санаи нашр: 05.11.2024 №: 219-220
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив