АРЗИШИ ОЛӢ. ИНСОН, ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ Ӯ ДАР МЕҲВАРИ ҚОНУНИ АСОСӢ
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ пойдевори устувор ва заминаи боэътимод гузошта, тибқи муқаррароти Конститутсия, инсон ҳамчун бузургтарин арзиш ва дорои манфиатҳои муайян шинохта мешавад. Воқеан, бар асоси Қонуни асосии мамлакат, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эълон шуда, шинохти тамоми арзишҳои дигар дар доираи манфиат ва манзалати он имконпазир мегардад. Ҳеҷ як манфиат, неъмат ва дороӣ аз инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ боло буда наметавонад.
Ҳамчунон ки ишора кардем, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар сарчашмаҳои гуногуни ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ таҷассум ёфтаанд. Аммо, Конститутсия, ҳамчун қонуни асосии давлат, барои давлати мустақил меъёрҳоеро мустаҳкам менамояд, ки бояд тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар ба он мутобиқат карда, дар ҳама маврид меъёрҳои он дорои афзалияти хос бошанд.
Қобили зикр аст, ки арзиши олӣ эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд имкон медиҳад, ки самаранокии тамоми масъалаҳои давлатию ҷамъиятӣ таъмин гардад. Зимнан, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз Конститутсия ибтидо гирифта, дар сатҳи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба таври мушаххас идома меёбанд. Кафолати таъмини ҳуқуқу озодиҳо аз моддаи 5 Конститутсия сарчашма мегирад, ки тибқи он «ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз мекунад». Маҳз ҳамин меъёр асос барои таъмин ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд буда, мазмунан ифодагари он аст, ки давлат ба зиммаи худ уҳдадориро ҷиҳати таъмин ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мегирад. Дар ин замина, тамоми мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои дахлдор дар амалисозии ин меъёр ширкат меварзанд.
Дар ин робита, як нукта қобили таъкид аст, ки дар сатҳи меъёрҳои Конститутсия мустаҳкам намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд воқеан баёнгари давлати ҳуқуқбунёд будани Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Тавре аз муқаррароти моддаи 1 бармеояд, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд мебошад ва табиист, ки дар чунин низом мақом ва нақши ҳуқуқ аввалиндараҷа арзёбӣ мегардад. Зимнан, бояд дар назар дошт, ки давлати ҳуқуқбунёд нафақат давлатест, ки ҳуқуқро ҳамчун падидаи дар шуури ҷамъиятӣ таърихан инкишофёбанда эътироф намуда, онро ба сифати омили вусъатбахши демократия ва озодиву адолат эътироф мекунад. Балки, бино ба тафсири олимони ҳуқуқшинос, маънои давлати ҳуқуқбунёд хеле васеъ буда, чунин тарзи давлатдорӣ аз гузаштаи дури таърих орзуи ҷомеаи инсонӣ буд. Зеро давлати ҳуқуқбунёд бар пояи низоме шакл гирифта, ки дар он фаъолияти ҳам давлат ва мақомоти он ва ҳам кулли шаҳрвандон тобеи он мебошанд.
Ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд эътироф шудани Тоҷикистон маънои ба ҳуқуқ ва, пеш аз ҳама, ба Конститутсия тобеъ будани ҳама гуна фаъолияти мақомоти давлатиро дорад, ки чунин нишонаҳо аз рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёт татбиқ шудаанд.
Амин ЗУҲУРЗОДА, подполковники милитсия
Санаи нашр: 06.11.2024 №: 221-222