ҶОН БА КАФ ГИРИФТУ МИЛЛАТРО НАҶОТ ДОД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму ирода ва ҷасорати борҳо барои пас гардондани намояндагони миллати хеш, ҷони худро дар хатар гузоштанд, зери тиру туфанг рафтанд, қаламравҳои он замон ноороми давлатҳои ҳамсояро убур намудаанд, тоҷику тоҷикистониёнро ба Ватан, ба назди зану фарзандони хеш, баргардондаанд.
Шоҳкории ин фарзанди фарзонаи миллатро таърих фаромӯш намесозад ва ин хидматҳои шоёни муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар лавҳи хотири ҳар як фарди ин мамлакат ҷовидона боқӣ мемонад. Мардуми шарафманди тоҷик дар чеҳраи ин марди ташаббускору маҳбуб пайваста фардои дурахшони ин сарзаминро мебинад.
Замоне рӯи ҳокимият омад, ки ҳар фарди ин кишвар интизору муштоқи муъҷиза буданд ва ин фарзанди ҷасуру одили миллат ба хонандони ҳар як тоҷикистонӣ озодии комил овард. Баробари ин, ба ҳар як фарзанди ин диёр меҳру муҳаббати падарона эҳдо намуд, ки имрӯз меваи он ба бор расидааст. Расидан ба дастовардҳои азими ҳар як хонадон, деҳот, шаҳру навоҳии кишвар талошҳои пайваставу заҳматҳои шабонарӯзии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки мо ноил гаштем. Рисолати ватандӯстиро миллати тоҷик аз ин шахсияти таърихӣ омӯхтаву бардавом намуд. Маҳз андешаҳои созандаву бунёдгари Сарвари кишвар аст, ки миллати тоҷик аз бунбаст раҳо шуда, сазовори як Ватан, як қаламрави эътирофшуда гашт.
Бояд садсолаҳо хидмати фарзонафарзанди миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намуда, пайи татбиқ намудани мақсадҳои шоёнашон бояд талош варзем. Ғояҳои созандаи ин абармарди таърих давра ба давра пайи пешбурди дурахшони Тоҷикистони азиз зарур аст. Таълим гирифтан аз мактаби сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат миллати куҳанбунёди моро ба пирӯзиҳо хоҳад расонд.
Бешубҳа, ин марди наҷиб Пешвои мо – тоҷикону тоҷикистониён ҳаст ва боқӣ мемонад!
Абубакр МАНОНЗОДА,
сардори Медиатекаи Президенти
Китобхонаи миллии Тоҷикистон