ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАЪРИХ. АЗ ХИЗМАТҲОИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН НАБОЯД ФАРОМӮШ КАРД!

ТАЪРИХ. АЗ ХИЗМАТҲОИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН НАБОЯД ФАРОМӮШ КАРД!

15 ноябр 2024, Ҷумъа
12
0


«Рӯи Худоро нигоҳ карда, ба ёд биёред. Оё мо солҳои 90-ум озодона масҷид рафта метавонистем? Оё мо озодона ба як шаҳру ноҳияи дигар назди хешовандону фарзандони худ рафта метавонистем? Ҳамон солҳо ҳам ношукрӣ кардани мардум буд, ки ба ҳамон бадбахтиҳо оварда расонд». Чунин буданд суханҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9-уми марти соли равон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин. 
Бо шунидани ин ҳарфҳо риштаи хаёл ҳар яки моро ба рӯзҳои сарду сангин ва нобасомониҳои солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар мебарад. Гузаштаро набояд фаромӯш кард. Соли 1991, бо ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, мардум бо хушнудӣ аз соҳибихтиёрии Тоҷикистони азиз меболиданду бо умеди он ки, дар фазои сулҳу осоиштагӣ барои фардои дурахшон зиндагӣ муҳайё месозанд, нақшаҳо мекашиданд. Бехабар аз он ки, душманони миллату давлат кайҳо нақшаи шуми худро тарҳрезӣ карда, ба ноором сохтани Тоҷикистон остин барзада буданд. Гиряҳои талхи модарон барои бераҳмона ва бесабаб кушта шудани шавҳару фарзандонашон, ба коми оташ кашидани хонаву дар ва рӯ ба гурез овардани мардум ҳанӯз ҳам аз хаёлам зудуда нашудааст.

ҶОНФИДО ДАР РОҲИ ВАТАН
Дар он лаҳзаҳои душвор, ки Тоҷикистон дар вартаи нестшавӣ қарор дошту авзои бениҳоят мураккаб ва но¬ороми  сиёсию иҷтимоӣ ҳукмфармо буд, барои Ватан наҷотбахше мебоист, то онро аз чанги носипосон раҳо намояд. Он вақт аз дасти нохалафон касе ҷуръат надошт, ки пуштибонии Ватану миллатро бар дӯш бигирад. Бархе ба дигар давлатҳо панаҳ мебурданду қисми дигар дар хона пинҳон шуда буданд. Дасту дили мардум аз зиндагӣ сард гашта буд. Умеде ба фардо надоштанд. 
Хушбахтона, дуоҳои модарон иҷобат гашту бо амри Худои меҳрубон ва бахти мо – тоҷикон, Эмомалӣ Раҳмон – фарзанди фарзонаи миллат, сари қудрат омаданд. Ин марди наҷиб аз рӯзҳои нахуст дар дили мардуми ҷафокашида орзуву умедро ба ояндаи дурахшони давлату миллат бедор намуд. Зимни суханронӣ дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ иброз намуданд: «Кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то вазъиятро ором намоем… Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва баргардондани ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам. Ман ба шумо сулҳ меорам…». 
Бале, Эмомалӣ Раҳмон ба савганди худ содиқ монда, оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш намуда, дар мамлакат сулҳу суботро таъмин сохтанд.

ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМӢ
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо вуҷуди нооромиҳои кишвар, мунтазам бо халқ буданду аз аҳволи мардум бохабар. Сари як дастархон чой нӯшидан бо халқу рӯи дастон бардоштани кӯдакон ва сила намудани сари ятимону барҷомондагон дарак аз Президенти мардумӣ будани Сарвари давлат медод. Таҳлили сию ду соли фаъолияти Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки яке аз сабабҳои асосии муваффақ гардидан дар роҳи таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Ватан мардумӣ буданашон аст. 
Борҳо мо аз тариқи телевизион дидаем, ки дар тамоми марҳалаҳои гуфтушунид бо ҳайати мухолифон дар самти ба вуҷуд овардани сулҳу субот на ба ягон гурӯҳи мушаххаси сиёсӣ, балки ба халқ такя намуданд. Пешвои миллат дар роҳи озодиву ободии кишвар аз худ нақше гузоштанд, ки номашон садсолаҳо дар таърих бо ҳарфҳои зарин сабт хоҳад шуд.  

Гулнисо САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 15.11.2024 №: 228-229
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив