СЕ ШЕЪРАТОНРО ХОНДАМУ ШОД ГАРДИДАМ... Ё СОҲИБ ТАБАРОВ ДАР БОРАИ ҒОИБ САФАРЗОДА
Соҳиб Табаров аз зумраи донишмандон ва адабиётшиносони пуркори тоҷик аст, ки дар рушди соҳа, хусусан нақди адабӣ ва назму насри муосир, нақши бориз дорад. “ Яке аз хусусиятҳои хоси нақди Соҳиб Табров, – қайд кардааст профессор А. Кӯчарзода, – дар он аст, ки устод зиёдтар асарҳои истеъдодҳои ҷавонро мавриди таҳлилу тадқиқ қарор медиҳад ва бо ҳамин, чӣ хеле ки аз тақризҳои пайдарпайи мунаққид ба осори Муъмин Қаноат, Фазлиддин Муҳаммадиев, Абдулҳамид Самад, Муҳиддин Хоҷаев, Юсуфҷон Акобиров, Ғоиб Сафарзода ва дигарон бармеояд, адибони ҷавони соҳибистеъдодро бо роҳи мақбул ва самараноки эҷодӣ ҳидоят менамояд.
Аз рӯи навиштаҳои Соҳиб Табар дар дафтари “Таассуроти ақлу дил” ӯ рӯзи душанбе,14 -уми июли соли 1969 ба идораи рӯзномаи “Ҷумҳурият” (он замон “Тоҷикистони советӣ”, рафта, аз ҷумла бо Ғоиб Сафарзода, ҳамсуҳбат шудааст. Дар ин навишта муҳаққиқ аз рӯзгори вазнини иҷоранишинии Ғоиб Сафарзода ёдовар шудааст. Ғоиб Сафарзода дар ин суҳбат, аз ҷумла иброз доштааст: “Он ҷо (яъне, хонаи иҷора) чунон хунук ва бомаш шикоф буд, ки ситораҳоро медидем”. Ҳар кадоми онҳо (Ш. Ёдгорӣ ва Р. Мардонов низ) барои ин хона 50-сӯмӣ пули иҷора медодаанд.
2-юми январи ҳамин сол Ғоиб Сафарзодаро ҳам Соҳиб Табаров “фарзанди асилу дӯстдори мани фақир” навиштааст. Инчунин, нигоштааст, ки “ояндаи хеле нек ва равшане дорад”.
Аз ин дафтари қайдҳои Соҳиб Табаров дар санаи 23-юми марти соли 1969 мебошад: “Ғоиб Сафарзодаро мисли Ҳабибулло (Ҳабибулло Файзуллоев) дӯст медорам. Ӯ бисёр фикрҳо ва ақидаҳои хубу пешқадам дорад. Навовар ва мубориз аст. Қариб дар ҳамаи шаклҳои шеърӣ маҳорати хуби адабиву бадеӣ дорад”. Инчунин, дар ин рӯз дар бораи се рубоии Ғ Сафарзода, ки дар шумораи наврӯзии “Ҷумҳурият” ба табъ расиданд, навиштааст:
“Рубоии зерини Ғоиб Сафарзода бозёфти хеле хубе дорад, ки ин аст:
Ин абр ба сони духтари гулдӯз аст,
Шогирд ва ё ки духтари Наврӯз аст.
Дар дӯхтани пероҳани ранг ба ранг
Овора ба кӯҳу дашт шому рӯз аст.
Дар идома менависад: “Ваҳ-ваҳ, чи латофату назокат ва баёни хушу нозуку дилчасперо ин Ғоиби мо рӯи коғаз овардааст, ки касро ба сӯи хаёлоти наврӯзӣ мебарад. Ғоиб Сафарзода ҷавонмарди хушилҳон ва донандаи нозуки қонунҳои назм аст. Дар рубоӣ ҳам мутобиқати ҳамаи унсурҳои ин жанр (тезис, антитезис ва синтез) аҳамият медиҳад ва онҳоро ба санъату воситаҳои гуногуни бадеӣ як намуда, баъзе рубоиҳои абадзинда офаридааст:
Хуршед ба кӯҳ сина молиду гузашт,
Оҳанги суруду рақси мо диду гузашт.
Аз тӯйи баҳор ҷомаи зардӯзӣ
Пӯшида, чу гул шукуфту
хандида гузашт.
Магар шеърҳои зерини яке аз рубоиҳои Ғоибҷон ҷолиби диққат нестанд?
Имрӯз зи пушти дар садо мешунавам,
Парвози кабӯтари сабо мешунавам.
“Бархез, ки бар дари ту Наврӯз омад!”
Аз чаҳ-чаҳи мурғи хушнаво мешунавам”.
31-уми марти соли 1969 С. Табаров, аз ҷумла дар бораи ин адиб нигоштааст, ки шоири ояндаи миллат аст. Дар ин зимн тавсия медиҳад, ки барои пешрафти эҷодаш бештар ба мутолааи кадом адибони ҷаҳонӣ рӯй биёрад.
28-уми майи соли 1969, бо мутолааи шеъраш дар рӯзномаи “Маориф ва маданият” (27.05.1969), пас аз он ки зикр мекунад, ки шеъраш маъниву мақсад ва мазмуни муайян дораду ба шеър хуб сарфаҳм рафтааст, менависад: “Масалан, ин мисраъҳои эҷодкардаи Ғоиб Сафарзодаро мутолаа кунед ва хулоса бароред:
Аз дурахшу аз ҳарорат Офтоб.
Баҳр шуд аз беканорияш бузург,
Шуд сари гаҳвораи фарзанди худ
Модар аз шабзиндадорияш бузург.
Дар хусуси шеъри “Одамон”-и Ғ. Сафарзода муҳаққиқ С. Табаров дар ин рӯз нигоштааст, ки “он хеле ҳаётдӯстона навишта шудааст. Мақоми одамонро хеле баланд мебардорад, ки хурсандибахш аст”. Дар ин сол, яъне соли 1969 шеъри “Модар”-и Ғ. Сафарзода дар маҷаллаи “Садои Шарқ” (№6 нашр гардидааст. Устод С. Табаров дар бораи он, аз ҷумла навиштааст: “Бисёр олиҷаноб суруда шудааст. Ин шеъри Ғоибҷон касро ба муҳаббати модар ошно месозад”.
С. Табаров бо дарки дуруст ин баҳоро ба Ғоиб Сафарзода раво дидааст: “Ғоиб Сафарзодаи азизи мо ҳеҷ гоҳ барои мардуми асили шеърдӯсти тоҷик намемирад. Номи ӯ ва шеъри дилчаспу равон ва тасхиркунандаи ӯ зиндаю ҷовид хоҳад монд”.
Ин навишта ва баҳои устод С. Табаров дар он рӯзгор ва имрӯз низ ҳақиқати худро собит сохтааст.
Ғоиб Сафарзода маҷмуаи “Корвони орзу”-ашро дар зиндагиаш худаш дидаву хондааст. “Ошёни Офтоб” пас аз фавташ чоп шудааст.
Ӯ ҷӯяндагӣ, баҳри беҳбудии ҳаёт бо қатъият ба сӯйи оянда сафар кардану раҳсипор будан ва такопӯро мақсади аслии эҷоди худ меҳисобад:
Зиндагӣ беист бинмояд шитоб
Рӯ ба сӯйи рӯзҳои босафо.
Кай тавон, акнун шумурдан ҳар қадам?
Нест фурсат бингарам боре қафо, -
(“Қадамшуморӣ”, соли 1960).
Ғоиб Сафарзода ошиқи зиндагист ва ҳам дӯстиро вассофи бузургест ва ин ҳақиқатро махсусан дар шеъри “Гаштем фарзанди падар” (соли 1962) хеле самимона сароидааст:
Меравам, аз ҳар яке бо худ муҳаббат
мебарам,
Ростию дӯстӣ, азму садоқат мебарам.
Аз Бадахшону Зарафшону Ҳисори
шодмон
Ному ёди нек, як дунёи ҳурмат мебарам.
Ва ё дар ғазали “Дӯстӣ” (соли 1970) ин сатрҳоро мехонем:
Сар барои дӯст додан, сар
надодан дӯстро, -
Ин хитоб акси садое аз дили бенанг нест.
Шоир ҳақиқатгӯйӣ, тозагии ахлоқи инсонӣ, васфи хулқу атвори наҷибро мақсади эҷодии худ дониста, дар ин “роҳи сафед” бе каму кост, дуруст қадам гузоштанро аз ҳама авлотар медонад.
Гар бубинам носипосӣ, каҷравӣ,
Мешавам аз хеш берун ногаҳон. –
(“Эҳтиёт!”, соли 1965).
Роҳи рост ягона роҳест, ки инсонро ба кӯйи мақсад мерасонад:
Агар хоҳӣ маро ёбӣ, зи роҳи рост ҷӯён шав,
Маро дар ҷӯши баҳри зиндагӣ маъвост,
ҷӯён шав.
Тоҷикистон – кишвари озод маъвои дили қаҳрамони ашъори Ғоиб Сафарзода мебошад:
Маро ҷӯед дар ҳамбастагӣ
бо Тоҷикистонам,
Диёри кӯҳсорони қатори осмонбардӯш,
Диёре, к-андар ӯ дарҷ аст дороию
имонам,
Диёре, ки маро додаст дунёи хурӯшу ҷӯш.
Ғоиб Сафарзода на танҳо сабақи калоне аз саромадони адабиёти гузашта ва муосири тоҷик гирифтааст, балки сабку усули инкишофи минбаъдаи назмро аз бисёр шоирони закии адабиёти ҷаҳонӣ, омӯхтааст.
Соҳиб Табаров дар мақолаи “Сурудаҳои вопасин” дар бораи эҷодиёти Ғоиб Сафарзода, ки дар китоби дуюми “Ҳаёт, адабиёт, реализм” (1978) ҷой дорад, ба эҷодиёти ин адиби акнун ба қуллаҳои баланд парвозкунанда баҳои арзанда додааст. Мактубҳои ӯ ба Ғоиб Сафарзода бо номҳои “Мактубҳо ба Ғоиб Сафарзода”, “Дӯсти камёбам – нодирам!”, “Дӯсти ғоибам, Ғоибҷон,”, “Дӯсти ғоибам, Ғоибназар!”, “Салом, рафиқи азиз Сафарзода” дар бораи ҳар як шеър, мақолаҳои публитсистӣ ва тарҷумаҳои ин адибанд. Мунаққид дар зимни мутолааи онҳо, ки дар маҷаллаҳо ва рӯзномаи ҷумҳурӣ ба табъ мерасиданд, хурсанд мешуд ва, ҳамзамон, дар бораи камбудӣ ва муваффақиятҳои онҳо ба Ғоиб Сафарзода маслиҳатҳо медод. Аз ҷумла:
“Дирӯзакак се шеъратонро хондаму шод гардидам. Аҷаб мавзуе ёфтаед барои шеъри “Изҳори садоқат”. Ҷӯянда ёбанда аст, – мегӯянд, рост аст. Ҳисори Тоҷикистон ва Ҳисори Булғория гӯё ҳеҷ алоқае надоранд. Аммо ин ду ном дар майдони соҳир шоҳасар ба вуҷуд оварда метавонад. Идеяи шеъратон ҳам баланд аст. Хонанда интизори чунин шеърҳо аст...
Ғазалатон ҳам ба ҳақир маъқул шуд. Ғазалро доимо машқ кардан лозим аст, аммо на ҳама вақт барои чоп . Ғазалро пеши по задан лозим нест. “Шоир ва ғазал”-и Лоҳутиро хондаед? Мазмуннокии ғазал ҳам лозим ва онро дар “Ғазал”-атон ҳис кардам”.
Ҳамин тавр, Ғоиб Сафарзода бо шеърҳои баландғояву баландмазмуни худ мавқеи шоистаро касб кардааст. Шеърҳои ӯ имрӯз низ мавриди мутолаа ва баҳои хуби мутахассисони соҳа ва ҳаводорони каломи бадеъ қарор доранд.
Маҳтовбӣ МИРЗОЕВА,
номзади илмҳои филология, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ