ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАЛҚ БЕ ФАРЗАНДИ ОЛАМГИР ОЛАМГИР НЕСТ! Ё ХУД РИСОЛАТИ ТАЪРИХСОЗИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ВА ВАЗИФАҲОИ АВВАЛИНДАРАҶАИ АҲЛИ ҶОМЕА ДАР ИН РОСТО

ХАЛҚ БЕ ФАРЗАНДИ ОЛАМГИР ОЛАМГИР НЕСТ! Ё ХУД РИСОЛАТИ ТАЪРИХСОЗИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ВА ВАЗИФАҲОИ АВВАЛИНДАРАҶАИ АҲЛИ ҶОМЕА ДАР ИН РОСТО

14 январ 2025, Сешанбе
13
0

 
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ки 28-уми декабри соли 2024 ироа гардид, барои ҳар як сокини бошарафи кишвари соҳибистиқлоламон дастурамали раҳнамо дар ҷодаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ватандориву ватансозӣ ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, таърихи шаклгирии ҷомеа аз оғоз то имрӯз нишон медиҳад, ки инсоният дар ҳар давру замон, новобаста ба сатҳи ташаккули шуур ва рушду пешрафти ҷамъият, ҳамеша ба раҳнамоӣ ниёз дошт ва ба ҳар чизе, ки бовар дошт қудрати фавқулода дорад, иршод мехост, то роҳи беҳтари зиндагониро ёфта, дар фурсати умр  бо тай намудани он ба умеду ормонҳои худ бирасад. Маҳз ҳамин эҳтиёҷи фитрӣ боиси ба вуҷуд омадани боварҳои гуногуни диниву равияҳои гуногуни сиёсӣ-идеологӣ гардида, ба ташаккули ҷомеаи инсонӣ ва пайдоиши роҳу воситаҳои нави мафкурасозӣ асос гардидааст. Дар меҳвари ин андеша, омӯзиши нақши шахсиятҳое, ки ба сифати раҳнамои мардум шинохта мешаванд, ниҳоят муҳим мебошад. 
Тавре устод Лоиқ Шералӣ ишора намудаанд: «Халқ бе фарзанди оламгир оламгир нест». Яъне мавқеъ, нуфуз ва ҷойгоҳи ҳар як халқу миллат дар арсаи ҷаҳонӣ ва рушду ободиҳои рӯзафзун дар дохили кишвар ба қудрату манзалат ва иродаи сиёсии шахси раҳнамову роҳбар вобастагӣ дорад. Масалан, дар боварҳои устуравии Аврупо пайдоиши рӯшноиву оташ ва эҳёи тамаддуни нави инсонӣ аз Данко оғоз ёбад, ки дили худро аз сина барканда, инсониятро аз торикиву зулмот ба сӯйи рӯшноӣ раҳнамоӣ кардааст. Дар таърихи куҳани мо, тоҷикон пайдоиши оташ бо амри табиӣ – аз расиши санг бар санг тавассути шоҳ Ҳушанг сурат мегирад, ки ба шарафи ин рӯйдоди ҳаётан муҳим ҳазорсолаҳо боз иди Сада ҷашн гирифта мешавад ва ҳамин Садаву Меҳргону Наврӯз ва дигар оину суннатҳои миллиамон буданд, ки тавассути онҳо миллати тоҷик тули ин ҳазорсолаҳо асолати худро ҳифз намуд. Яъне, чи дар устура ва чи дар воқеияти рӯйдодҳои муҳими башарӣ дар меҳвари он ҳамеша инсоне меистад, ки бо як қатор вижагиҳо аз дигарон фарқ мекунад. Зеро чунин шахсон раҳнамо ва роҳбар ҳастанд ва барои тақдири халқу миллату давлати худ бо тамоми ҳастӣ масъулият эҳсос менамоянд. 
Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бошад, мо воқеиятеро таҷриба кардем, ки аз асотир дида таъсираш бештар аст. Тавре медонем, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар вартаи нобудӣ ва мардуми кишвар дар садади парокандагӣ қарор дошт, маҳз ҳисси баланди ватандӯстӣ, азхудгузарӣ ва иродаи мустаҳками шахсияти чунин роҳбар боиси наҷот гардид. Маҳз қалби аз меҳри Ватан пуҳарорат ва шуълаваргаштаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси аз зулмот ба рӯшноӣ роҳ ёфтани миллати тоҷик гардид.  Пешвои муаззами миллат бо як иродаи барои дигарон ғайричашмдошт ва боварнакарданӣ масъулияти роҳбариву раҳнамоиро дар чунин шароити вазнин ба уҳда гирифтанд. Аз ҳамон давра, аввалин роҳнамоиҳо ва паёмҳои Пешвои муаззами миллат ба халқ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шаклу қолабҳои гуногун пешниҳод мегардиданд. Дар шароите, ки сокинон даст бар гиребони ҳамдигар доштанд ва аз ҳар гӯша садои талаби хунбаҳо баланд мегардид, аввалин роҳнамоиҳо роҳ ба сӯйи сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ буд, аввалин паём паёми ҳамдигарбахшиҳо ва аввалин иқдоме, ки ин паёму раҳнамоиҳоро тақвият бахшад, баргардондани гурезаҳои ғарибафтода ба Ватан буданд. Чунин тасмимҳои ҷасурона паёме буданд ба олами беруна, ки Тоҷикистонро дигар қисмат карда наметавонанд, зеро халқи тоҷик, аллакай роҳнамои худро ёфт, атрофаш муттаҳид гардид ва пояҳои давлатдориашро боз ҳам мустаҳкам карда истодааст. Аз он давра то имрӯз ва аз ҳоло то баъд барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик, ки аз лиҳози таърихиву сиёсӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ дар давоми ҳазорсолаҳо марҳалаҳои гуногуни давлатдориро аз сар гузарондааст, паёмҳои ҳарсолаи Роҳбари давлат ба сифати роҳнамои асосӣ ба сӯйи ҳадафҳои таърихсоз хизмат менамоянд.
Бо дарназардошти ташаккули тафаккури ҷомеа, рушди кишвар, таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ, зиёд шудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ ва ҷустани роҳҳои ҳифзи манфиатҳои миллӣ паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз лиҳози тартиби пешниҳод ва сохтори таркибӣ ташаккул ёфта, ба сифати ҳуҷҷатҳои муҳими сиёсӣ қабул гардидаанд. Ин ҳуҷҷати сиёсӣ ҳар сокини кишварро водор менамояд, ки вазифаҳои худро, новобаста ба синну сол, вазъи иҷтимоӣ, мансабдориву бекорӣ ва кадом вазъияту ҳолати дигаре дар ҳошияи он муайян намуда, дар роҳи давлатдорию ватансозӣ ва ташаккули шахсияти худ саҳм гузорад. Яъне, иҷрои дастуру супоришҳои ироашудаи Паём танҳо марбут ба мақомоти давлатӣ ва шахсони масъули ниҳодҳои алоҳида нест. Паёми Пешвои муаззами миллат аз замири халқ сарчашма гирифта, барои такон бахшидан ба ғаризаҳои худшиносиву созандагии халқ равона гардида, соҳиби асосии он халқи сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Бахусус, дар Паёми имсола дар баробари масоили давлатдорӣ, мо дар суханони Пешвои муаззами миллат ва муроҷиатҳояшон ба мардуми кишвар як навъ машварат ва насиҳати падаронаро ба фарзандон, яъне насли ҷавони кишвар эҳсос намудем. Дар суханронии Роҳбари давлат самимияти бениҳоят зиёд нисбат ба халқи худ ва садоқати бениҳоят баланд ба давлату Ватан бараъло эҳсос мегардид. Боварии комил дорам, ки ин эҳсоси бузург бар замири ҳар як шунавандаи Паём роҳ ёфтааст.
Бояд зикр намоем, ки дар Паёми навбатӣ тамоми самту соҳаҳои асосии ҷомеа таҳлилу масъалагузорӣ гардида, нуктаҳои дар он зикргардида, дар маҷмуъ, ба се ҷанбаи ҳаётан муҳим равона шуда буданд:
якум. Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум аз роҳи рушди иқтисоди миллӣ бо истифода аз тамоми имкониятҳои техникиву технологии муосир;
дуюм, баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа аз роҳи таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба рушди иҷтимоӣ, махсусан, саводноккунии босифат, тарбия дар руҳияи эътиқод ба фарҳанги миллӣ ва тандурустиву солимгардонӣ;
сеюм, таҳкими амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа дар ҳамкории созанда бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи идома додани сиёсати «дарҳои кушода» дар сиёсати хориҷӣ.
Дар сарсухани Паём зикр гардидааст, ки «...мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон».
Воқеан ҳам, дар панҷ соли охир 7,7 фоизро ташкил додани суръати рушди иқтисоди миллӣ худ нишонаи он аст, ки роҳбарияти олии давлат барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода бурда истодааст. Мо ҳангоме ки ба матни Паём таваҷҷуҳ мекунем, дар он ба факту рақамҳои зиёде вомехӯрем, ки рушди иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар худ инъикос мекунанд. Махсусан, натиҷаҳои хушҳолкунандаи иҷрои нақшаҳои корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии молиявии аҳолӣ  (дар 4 соли охир то 100% зиёд шудани андозаи маошу нафақа ва дар айни замон ҳамагӣ 29%-ро ташкил додани таваррум), то 15% таъмин гардидани суръати миёнасолаи рушди саноат, бунёди роҳу пулҳо ва ғайра аз зумраи чунин нишондиҳандаҳо мебошанд. Беҳтарин муждаи Пешвои муаззами миллат барои сокинони мамлакат ин буд, ки кишвари азизамон то соли 2027 ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад.
Бо ин вуҷуд, Пешвои муаззами миллат баҳри боз ҳам тақвият бахшидани иқтисоди миллӣ ба масъулон як қатор дастуру ҳидоятҳо доданд. Махсусан, таҳким бахшидани пайванди илм ба истеҳсолот (бахусус дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, савдо ва сохтмону сайёҳӣ), рушди иқтисоди рақамӣ, истифодаи васеву бошуурона аз зеҳни сунъӣ ва ғайраро таъкид намуданд. 
Дар ин росто, се таклифи ниҳоят муҳиму саривақтӣ пешниҳод гардид: 
якум, Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон шудани солҳои 2025-2030 ҷиҳати истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт;
дуюм, таъсис додани Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб;
сеюм, эълон кардани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027-ум.

Дар самти баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа аз роҳи таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба рушди иҷтимоӣ низ, як қатор дастуру супориш ва таклифу пешниҳодҳо баён гардиданд. Тавре зикр гардид, танҳо соли 2024-ум 19 миллиард сомонӣ, ё худ 43%-и буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ нигаронда шуда буд, ки аз таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбарияти давлат шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон, дастур дода шуд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 андозаи маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ то 30% ва маоши вазифавии як қатор муассисаҳои иҷтимоии буҷетӣ ва стипендияҳо то 20% ва нафақаи заминавӣ то 10% зиёд карда шаванд. Воқеан, ҳам, чунин ғамхориҳо шоистаи шукргузорӣ ва қадршиносӣ аз ҷониби ҳар яки мо мебошанд ва қадршиносии мо, пеш аз ҳама, дар хизмати содиқонаву софдилонаамон ба Ватан ифода меёбад. 
Дар ин росто, Пешвои муаззами миллат вобаста ба такмили барномаҳои таълимӣ, омода кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ, таҳкими инфрасохтори соҳаи маориф (дар 5 сол сохтани 800 боғча ва 1000 мактаб), таҷдиду барқарор ва бунёди муассисаҳои фарҳангӣ (дар маркази шаҳру ноҳияҳо ташкили камаш як мактаби мусиқӣ), пурра бартараф намудани мушкилоту масъалаҳои муассисаҳои тандурустӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ (дар 5 соли оянда беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кории нав), ба касбомӯзӣ ҷалб кардани сокинон ва ғайра махсус таъкидҳо намуданд. 
Зимнан, таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ба қишри ҷавони ҷомеа ва занон нигаронда шуда, мавқеи муҳим ва баланди онҳо дар сиёсати имрӯзаи давлат таъкид шуд. Дар айни замон, чунин таъкид гардид: «Ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба ҷомеа танҳо бадбахтӣ меоварад». Бо ишора ба боло рафтани мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа дар даврони соҳибистиқлолии кишвар таъкид ва изҳори итминон карда шуд, ки: «...бонувону занон ва модарону духтарони азизимон дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва оинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расондани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд». 
Иқдоми ниҳоят муҳими Пешвои муаззами миллат дар самти мафкурасозии миллӣ ва муаррифии шоистаи миллати бостониамон, ин дастур ҷиҳати ба ЮНЕСКО ирсол намудани пешниҳод вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир мебошад. Боварӣ дорем, ки пешниҳоди мазкур низ чун пешниҳодҳои қаблии ҷониби Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, боиси муаррифии миллати тамаддунофари тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мегардад. 
Дар қисмати ниҳоии Паём таъкид гардид, ки тамоми муваффақиятҳои бадастомада ва таҳкими рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба таъмини амнияти миллӣ вобастагии калон дошта, ин масъала, дар маҷмуъ, аз аҳамияти аввалиндараҷа бархӯрдор аст. Ҳамзамон, мубориза ба экстремизму терроризм самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар ин ҷода ҳамкориҳо бо ниҳодҳои байналмилаливу минтақавӣ муҳим дониста шудааст.  Вобаста ба ин, Пешвои муаззами миллат бо ишора ба давом додани ташаббуси сиёсати «дарҳои кушода» дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамкориҳои созандаро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, чи дар сатҳи дуҷониба ва чи дар қолабҳои бисёрҷониба қобили қабул шумориданд. Ҳамзамон, дар Паём омодагии ҷониби кишвари мо барои тавсеаи робитаҳо барои дарёфти роҳҳои муносиби ҳалли хавфу таҳдидҳои глобалӣ, рушди «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, технологияҳои навин, ҷалби сармоя ва тиҷорат изҳор гардидааст. 
Бояд қайд намоем, ки мо – сокинони сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлолро зарур аст, ки дар баробари баҳра бурдан аз нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, вазифаҳои худро дар ростои дастуру ҳидоятҳои дар ин ҳуҷҷати муҳими давлатӣ зикргардида муайян намуда, дар раванди иҷрои ин вазифаҳо фаъолона иштирок намоем. Агар бо таваҷҷуҳ ба мазмуну муҳтавои Паём назар кунем, ҳар яки мо, новобаста ба самти кору масъулият ва роҳи интихобкардаамон дар зиндагӣ, вазифаҳои худро хоҳем ёфт. Ҳатто нафаре ҳам, ки дар ҷое ҳанӯз ба худ кору фаъолияти муайянеро интихоб накардааст, метавонад бо таваҷҷуҳ ба Паёми мазкур ба касбомӯзӣ машғул шуда, ҷойи кори мувофиқ дарёфт кунад, ё худ ба манбаи корофарӣ табдил ёбаду зиндагиашро пеш барад. Бо назардошти ин, лозим мешуморем ба як қатор вазифаҳои мо – аҳли ҷомеа ҷиҳати амалӣ сохтани нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора кунем:
1. Барои расидан ба зиндагии шоиста ҳамеша дар талош бошем ва дар ин росто манфиатҳои давлату ҷамъиятро аз ҳамаи манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ боло гузорем. Зеро дар ниҳоди манфиатҳои давлативу ҷамъиятӣ манфиати ҳар яки мо низ нуҳуфтааст. Вале агар манфиатҳои давлату ҷамъиятро қурбони манфиатҳои шахсӣ намоем, дар ниҳоят манфиатҳои шахсӣ низ нобуд мешаванд. 
2. Дар рушди иқтисоди миллӣ аз роҳи саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву ободонии маҳал, самаранок истифода бурдан аз обу замин ва таҷриба кардани гирифтани ҳосили сеюму чорум аз замин, саҳмгузорӣ дар рушди боғдориву чорводорӣ, эҷоди ҷойҳои нави корӣ тавассути рушди корҳои хонагӣ, сари вақт ва бовиҷдонона супоридани андозҳо ва пардохтҳои коммуналиву иҷтимоӣ, самаранок истифода бурдан аз қарзҳо ва имтиёзҳои бонкӣ ва ғайра фаъол бошем.
3. Ҷавононро дар руҳияи садоқат ба Ватан, махсусан, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, илмомӯзию касбомӯзӣ, забондонию худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзиш ва муқаддасоти миллӣ тарбия ва ташвиқ намоем. 
4. Барои таълиму тарбияи фарзандонамон пайваста талош варзем, иштироки онҳоро дар дарсҳо таъмину назорат намоем ва робитаи худро ба мактаб тақвият бахшем. Барои забономӯзӣ ва илмазхудкунии онҳо (махсусан духтарон) тамоми чораҳои имконпазирро андешем ва аз имтиёзҳои давлатӣ (квотаву стипендияҳо...) самаранок истифода барем. 
5. Ба арзишҳои миллӣ арҷ гузорем, ба қадри фарҳанги оламшумули аҷдодонамон, ки тайи ҳазорсолаҳо бо нақди ҷон ҳифз карда, то ба мо расидаанд, бирасем  ва наздикони худро аз гаравишу парастиши ақидаҳои бегонаву ифротӣ боз дорем. 
6. Бо тамоми ҳастӣ кӯшиш намоем, ки обрӯву эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ бо рафтору кирдори хуб, фарҳангу маданияти баланд, илму дониш, маҳоратҳои варзишӣ ва дигар истеъдодҳои фитриамон боло бардорем. 
Ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки Тоҷикистон хонаи умеди тамоми тоҷикони дунё аст ва моро дар ҳеҷ куҷо, ба ғайр аз хонаи худамон, интизор нестанд. Бо ёди Ватан будану зистан, кореро барои Ватан анҷом додан шаъну шарафи инсониро меафзояд. 
Пас, бояд ҳар яки мо ба қадри ин Ватан бирасем ва дар роҳи ободиву осудагии он ҷаҳду талош намоем.

РАҲМОНЗОДА Абдулло Қурбоналӣ, 
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

 

Санаи нашр: 14.01.2025 №: 10
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив